Гӯё дирӯзакак буд.
Шодравон Равзатулло Бобомуродов – шахси зиндадилу хушгуфтор, инсоне, ки аз суҳбаташ серӣ надоштед, дар яке аз рӯзҳои охири моҳи августи соли 2012 чун ҳамеша бо чеҳраи пур аз табассум ба ҳавлии мактаби таҳсилоти умумии рақами 29-уми ноҳияи Сариосиё ворид гардида, бо сарвари таълимгоҳ, устоди варзидаи фанни забону адабиёти тоҷик, рӯзноманигор Турдиқул Ҳасратов ва чанд омӯзгори дигар, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, гарму самимӣ ҳолпурсӣ намуд ва изҳор дошт, ки наберааш Сония имсол ба мактаб меояд ва хуб мешуд дар синфи Нормурод Зарифов – омӯзгори соҳибтаҷрибаи синфҳои ибтидоӣ таълим бигирад. «Зеҳни хуб дорад, чандин шеър аз ёд кардааст, то 100 шумурда метавонад», – гуфта буд ӯ бо як навъ ифтихор ва эҳсоси дӯстдорие, ки бобо нисбат ба набераи худ дорад...
Ҳоло аллакай аз байн ёнздаҳ сол гузашт. Дар ин миён марги беамон Равзатулло Бобомуродовро дар синни 59 ба таври ногаҳонӣ аз байн бурд. Ӯ, ки мутахассиси маълумоти олидор, шахси бофарҳангу адабпарваре буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарии собиқ хоҷагии ҷамоавии ба номи Искандар Диёров фаъолият дошт, мехост, ки фарзандону наберагонаш низ таълиму тарбияи хуб бигиранд.
Моҳи марти соли 2014, вақте ки бобои дӯстдораш аз дунё гузашт, Сония ҳамагӣ нӯҳ сол дошту дар синфи дуюм таҳсил мекард. Марги ногаҳонии бобои меҳрубон, ки ҳар шому саҳар ӯро навозишҳо карда, инчунин аз дарсҳояш пурсон мешуд ва таъкид менамуд, ки фақат бо баҳои аъло хонад, ба Сонияи хурдсол сахт таъсир кард. Чанд муддат ошуфтаю парешонҳол гардид. Падару модар, бибию амакҳояш ӯро таскин дода мегуфтанд, ки агар хоҳад, рӯҳи бобояшро шод гардонад, бояд насиҳатҳои ӯро ба ҷо орад, аъло хонад, оқилу доно бошад...
Сония худро ба даст гирифт, дар дили кӯчакаш аҳд намуд, ки албатта, бо баҳои аъло мехонад, боақлу тамиз, оқилу доно мешавад, чунонки бобояш мехост, оянда дар донишгоҳ ҳам таҳсил мегирад. Падараш Иброҳим, модараш Гулрухсор, ки ҳарду ҳам ҷавонони таҳсилдида ва дорои маълумоти олӣ (яке агроному дигар омӯзгор) мебошанд, барои таълиму тарбияи мукаммал гирифтани фарзанди худ тамоми шароитҳоро фароҳам оварданд. Ба Сонияи ҷӯёи илму дониш ба ҷуз аз китобҳои дарсӣ дигар китобҳои дилхоҳашро низ, яъне адабиёти бадеӣ, луғату маълумотномаҳои гуногунро бо нархи гарон ҳам бошад, ёфта оварда медоданд.
Устоди нахустини Сония Нормурод Зарифов – муаллиме, ки таҷрибаи бисёрсолаи омӯзгорӣ дорад ва дар миқёси ноҳия чун яке аз беҳтарин омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ шинохта шудааст, қобилияту истеъдоди ин шогирди хурдсоли худро аз рӯзҳои аввали ба мактаб омаданаш дарк намуда, бо ӯ машғулиятҳои иловагӣ низ мегузаронд. Ҳам дар дарс ва ҳам дар маҳфилу чорабиниҳои мактабӣ Сония ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ аз беҳтаринҳо буд.
Аз синфи панҷум сар карда дарси забон ва адабиёти тоҷики синфе, ки Сония дар он таҳсил мекард, ба зиммаи омӯзгори тоифаи олӣ, устоди пуртаҷриба Ҳабиба Ёрова вогузор шуд. Муаллима Ёрова, ки ҳамасола шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ фаъолона ширкат варзида, натиҷаҳои баланд ба даст меоваранд, қобилияту истеъдод ва ғайрати зиёди Сония ва чанд нафар ҳамсинфони дигари ӯро дида, онҳоро берун аз дарс ба маҳфили адабии «Сеҳри сухан» ҷалб намуд. Дар андак вақт бо раҳнамоии муаллима Сония туфайли саъю кӯшиши пайваста ва мутолиаи зиёд пешқадамтарин узви ин маҳфил гардид. Дар мактаб ягон маҳфилу чорабинӣ набуд, ки бе иштироки Сония гузарад.
Баҳори соли 2021, вақте ки нависандаи шинохтаи тоҷик, муаллифи чандин китоби насрӣ, ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод, ки дӯст ва ҳамсабақи Т. Ҳасратов аст, ба мактаби 29-ум омад, аз гиру мони Сония ва чанд нафар шогирдони дигари мактаб, ки андешаҳои худро оид ба қиссаву ҳикояҳои нависанда иброз доштанд, ба ҳайрат омада таъкид намуд, ки имрӯз ҳатто дар мактабҳои пойтахти Тоҷикистон чунин донишомӯзони китобдӯсту суханварро ёфтан мушкил гардидааст.
Сония аз соли хониши 2021-2022 дар озмуни фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳия ва вилоят бо дарёфти холҳои баландтарин мақоми аввалро ишғол мекунад. Солҳои гузашта буданд нафароне, ки ба муваффақияти ӯ бо назари шубҳа менигаристанд. Ин гуна ашхос ҳатто фаҳмидан намехостанд, ки озмун ниҳоят шаффофу холисона мегузарад ва ҳакамон бо мизони адолату инсоф кори ҳар як иштирокчиро нуктагирона месанҷанду баҳогузорӣ мекунанд.
Ва ниҳоят рӯзҳои 15-16-уми майи соли равон дар даври ниҳоии озмуни асосии донишомӯзон, ки дар вилояти Фарғона баргузор шуд ва дар он аз нӯҳ вилояти ҷумҳурӣ 27 нафар донишомӯзони синфҳои 11-ум иштирок намуданд, Сония Равзатуллоева бо дарёфти натиҷаи баландтарин – 83,6 хол сазовори ҷои аввал дониста шуд. Ҳайати ҳакам, ки асосан аз ноҳияҳои водии Фарғона таркиб ёфта буданд, мунсифона Сония ва ду нафар шогирдони дигар мактабҳои ноҳияи Сариосиёро аз беҳтарин иштироккунандагони озмуни имсола дониста, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бобат фикри худро иброз намуданд.
Мо Сония Равзатуллоева, устоди ӯ Ҳабиба Ёрова ва дӯсту бародари гиромӣ, сарвари таълимгоҳи рақами 29-уми ноҳияи Сариосиё Турдиқул Ҳасратовро бо ин комёбии назаррас табрику таҳният намуда, хоҳони муваффақиятҳои бештари онҳоем.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.