Солҳои охир воқеаҳои зиёде ба вуқӯъ пайваст, ки ба далели онҳо ба ҷаҳон бӯҳрон таҳдид менамояд.
Солҳои охир воқеаҳои зиёде ба вуқӯъ пайваст, ки ба далели онҳо ба ҷаҳон бӯҳрон таҳдид менамояд. Аввал пандемияи COVID-19 барои иқтисоди ҷаҳонӣ озмоиши ҷиддӣ гардид, ҳоло муқовиматҳои глобалӣ ва тағйирёбии иқлим боиси мушкилоти озуқаворӣ мешаванд.
Айни замон тақрибан 250 миллион нафар дар саросари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд ва агар низоъҳо хотима наёбанд ва бехатарии озуқаворӣ барқарор нашавад, садҳо миллион нафари дигар метавонанд ба фақирӣ гирифтор шаванд, менависад нашрияи “The Economist”. Таъкид мешавад, ки ба далели гаронии қимати маводи ғизоии аввалия теъдоди одамоне, ки кам ғизо тановул мекунанд, аз 440 миллион ба 1,6 миллиард нафар афзоиш ёфтааст. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш 18 майи соли ҷорӣ аз хатари камбуди ғизо дар ҷаҳон ҳушдор дода, гуфт, ки чунин вазъ метавонад солҳо идома кунад.
Чӣ боиси бӯҳрон мегардад?
Коршиносон таъкид мекунанд, ки бӯҳрони кунунӣ дар натиҷаи низоъҳо, тағйирёбии иқлим ва хатоҳо дар ҳисобҳои иқтисодӣ муддати тӯлонӣ шакл гирифтааст. Аз ҷумла, дар авохири моҳи январ нашрияи «The Times» навиштааст, ки афзоиши қимати газ метавонад боиси гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон гардад. Ҳиндустон эълон кард, ки ба далели хушксолии шадид содиротро қатъ мекунад ва нархҳо шаш дарсади дигар боло рафтаанд.
Гуфта мешавад, ки кишти гандум дар соли гузашта дар Чин ба далели обхезӣ ба таъхир афтодааст ва ҳосили имсола шояд ончунон ки интизор мерафт, нашавад. Аз сабаби набудани бориш дар Амрико ҳосили зироат паст шуда истодааст.
Имсол дар як қатор мамлакатҳои Осиё ва дар Алҷазоир, Ироқ, Марокаш ва Сурия хушксолӣ ба мушоҳида расид. Дар натиҷа ҳосил кам шуд. Дар баробари ин дар чунин мамлакатҳои калони аграрӣ, монанди Бразилия, Канада, ИМА ва Фаронса аз сабаби номусоидии обу ҳаво зироат низ зарар дид. Оё вазъият беҳтар мешавад?
Тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), дар соли 2017 82 миллион нафар дар ҷаҳон бо ноамнии доимии ғизо рӯ ба рӯ шудаанд. Солҳои охир шумораи одамоне, ки нағз хӯрок намехӯранд, зиёд шудааст. Тақрибан ним миллиард нафар дар Осиё аз норасоии ғизо азият мекашанд. Қисми зиёди аҳолие, ки камбизоатиро аз сар мегузаронанд, дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Ин далелҳо дар Ҳисоботи сиёсати ҷаҳонии озуқаворӣ, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиёсати озуқаворӣ (IFPRI) пешниҳод шудааст, оварда шудаанд. Ба гуфтаи муҳаққиқони IFPRI, камғизоӣ то ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун мушкилот боқӣ мемонад. Масалан, дар Тоҷикистон дар 17 дарсади кӯдакони то 5 сола дар рушд ақибмонӣ ба мушоҳида мерасад. Дар Туркманистон ин нишондиҳанда 12 дарсадро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар байни аҳолии Осиёи Марказӣ сатҳи камхунӣ аз сабаби норасоии микроэлементҳо хеле баланд аст.
Барои ислоҳи вазъ кишварҳои минтақа дар якҷоягӣ бо СММ платформаи минтақавии рушди мукаммал тановули ғизо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро таъсис доданд. Кишварҳои минтақа дар доираи стратегияҳои рушди устувори худ то соли 2030 қонунҳои бехатарии озуқаворӣ қабул кардаанд.
Аҳвол дар Ӯзбекистон чӣ гуна аст?
Таъмини бехатарии озуқаворӣ калиди таъмини истиқлолияти Ӯзбекистон, суботи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар маҳсуб мешавад. Минбаъд баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва сифати зиндагонӣ бо кифояти озуқаворӣ зич алоқаманд аст.
Тибқи таҳқиқоти оморие, ки соли 1989 анҷом шуда буд, дар замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ бозори истеъмолӣ тақрибан 95 дарсади тамоми маҳсулоти ниёзи мардумро аз байн бурд. Ин боиси дар ҳудуди собиқ Иттиҳод ҷорӣ намудани низоми ба аҳолӣ бо корт фурухтани маҳсулоти асосии истеъмоли ҳаррӯза гардид. Дар рафти пурсиши расмӣ дар байни аҳолии Ӯзбекистон, ки соли 1989 мақомоти омори ҷумҳурӣ гузаронда буданд, 89,3 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки маҳсулоти гӯштиро ба қадри кифоя истеъмол намекунанд. Нишондиҳандаҳои маҳсулоти ширӣ 56,5 фоиз, қанд 55,3 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 49,5 фоиз, картошка 17,5 фоизро ташкил доданд. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар остонаи истиқлолият ба бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ таҳдиди шадид пеш омад. Аз ин рӯ, пас аз ба даст овардани истиқлолият ин масъала хеле актуалӣ шуд.
Давлат бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ стратегияеро таҳия ва амалӣ намуд, ки ба таҷдиди сохтори зироатҳои кишоварзӣ тавассути ислоҳоти куллии аграрӣ нигаронида шудааст. Аз он ҷумла, татбиқи Барномаи муваффақ шудан ба истиқлолияти ғалла аҳамияти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ дошт. Агар дар соли 1990 зиёда аз нисфи майдони киштро дар Ӯзбекистон зироатҳои техникӣ, аз ҷумла майдонҳои пахта ишғол карда бошад, пас то соли 2016 майдони онҳо 35,1 фоиз кам шудааст. Дар баробари ин вазни қиёсии майдонҳои кишти ғалладона аз 24 фоизи тамоми майдони кишти пештара ба 45,2 фоиз афзуд. Дар натиҷа истиқлолияти ғалла ба даст омад, истеҳсоли маҳсулоти озуқавории хоҷагии қишлоқ низ хеле афзуд.
Самараи ислоҳоти куллӣ
Солҳои охир бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар кишоварзӣ низоми кластерӣ ҷорӣ карда шуд, ки худро аз ҷониби прогрессивӣ нишон дод. Шаклҳои нави истеҳсолот дар пахтакорӣ, кирмакпарварӣ, меваю сабзавоткорӣ, тайёр кардан ва коркарди гӯшт ва моҳӣ ба вуҷуд оварда шудаанд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки кишти маҳсулоти ғалладона нисбат ба соли 1991 4,2 баробар, картошка - 847,5 фоиз, мева - 595,5 фоиз, ангур - 363,9 фоиз, сабзавот - 343,9 фоиз, маҳсулоти полизӣ - 226,2 фоиз афзуд. Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли ашёи хоми пахта 37,6 фоиз кам шуд. Ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз 47,7 то 11 фоиз коҳиш ёфт. Ислоҳоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла, системаи идоракунии давлатӣ дар сектори аграрӣ такмил меёбад.
Бо мақсади диверсификатсияи истеҳсолот, беҳтар намудани муносибатҳои замину об, фароҳам овардани фазои мусоиди агробизнес ва занҷири арзиши баланди иловагӣ, дастгирии рушди муносибатҳои кооператсия, дар соҳа васеъ ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва баланд бардоштани иқтидори кадрӣ Стратегияи рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 тасдиқ шуд. Мутобиқи он бехатарии озуқаворӣ аз омилҳои калони иҷтимоӣ-иқтисодӣ, демографӣ ва экологӣ вобаста буда, он яке аз ҷузъҳои асосии рушди кишвар маҳсуб мешавад. Дар асоси чаҳор ҷузъ (мавҷуд будан, дастрасӣ, истифода ва устуворӣ) сиёсати давлатӣ оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ таҳия ва амалӣ карда мешавад.
Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳо оид ба таҳкими бехатарии озуқаворӣ Ӯзбекистон мақомашро дар рейтингҳои ҷаҳонӣ беҳтар мегардонад. Масалан, дар индекси ҷаҳонии гуруснагӣ дар соли 2018 Ӯзбекистон дар байни 119 кишвари ҷаҳон дар ҷои 52-юм қарор гирифта, бо 12,1 хол ба мақоми “мӯътадил” ноил шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои омор дар мамлакат ҳар сол бештар аз 16 миллион тонна меваю сабзавот, зироати лубиёӣ ва ғалладона, қариб 1,5 миллион тонна гӯшт, қариб 10 миллион тонна шир истеҳсол карда мешавад. Аммо коркарди саноатии онҳо ба ҳисоби миёна 15-20 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, бояд низоми агрологистикиро тартиб дода, чорабиниҳои системавиро ба амал баровард.
Онҳо бояд ба рушди хидматрасонӣ оид ба нигоҳ доштан ва ба навъҳо ҷудо кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки ҳозир ба талаб ҷавоб дода наметавонанд, ки ба вайрон ва талаф шудани қисми муайяни ҳосили рӯёндашуда оварда мерасонад, равона карда шаванд. 29 октябри соли 2020 дар ин самт Ассотсиатсияи саноати хӯрокворӣ бо мақсади ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва мусоидат намудан ба бартараф намудани онҳо, қонеъ гардонидани талабот ба маҳсулоти хушсифати хӯрокворӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли оммавии молҳои истеъмолӣ ва ҳосилнокии меҳнат таъсис дода шуд. Он ба рушди соҳаи мазкур, дастгирии фаъолияти секторҳои истеҳсолӣ, мусоидат ба соҳибкорони ватанӣ дар бастани шартномаҳо бо сармоягузорони хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд ва таъмини содирот дар ҳаҷми калон мусоидат менамояд.
Масъала афзалиятнок боқӣ мемонад
Дар шароити афзоиши аҳолӣ зарур аст, ки истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки бештар ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ташаккули заминаи зарурии меъёрию ҳуқуқӣ вобаста аст, таъмин карда шавад. Мақсадҳои асосӣ дар ҷумҳурӣ аз зиёд намудани ҳаҷми коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси стандартҳои байналмилалии сифат, ҷорӣ намудани низоми дастгирии давлатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир мебошанд, иборатанд.
Қарори Президент аз 9 сентябри соли 2020 “Дар бораи тадбирҳо оид ба суръат бахшидан ба рушди саноати хӯроквории ҷумҳурӣ ва пурра таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ” ба татбиқи ин мақсадҳо нигаронида шудааст.
Ӯзбекистон шароити хоси хоку иқлим дорад. Мамлакат соле 320 рӯзи офтобӣ дорад. Ҳамаи ин барои дар доираи васеъ рӯёндани меваю сабзавоти хушсифат шароити мусоид фароҳам меоварад. Тавре дар қарор зикр шудааст, дар натиҷаи дар тӯли солҳои охир андешида шудани чораҳо дар соли 2019 нисбат ба соли 2017 содирот ду баробар афзоиш ёфта, беш аз 10 миллион тонна сабзавот, зиёда аз 17 миллион тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва соле 2,5 миллион тонна маҳсулоти гӯшт истеҳсол карда шуд.
Маълум аст, ки Ӯзбекистон, ки солҳои 90-ум кишвари аграрии монополияи пахта буд, аз ҷумҳуриҳои дигар хелҳои зиёди маҳсулоти кишоварзӣ — картошка, ғалла, сабзавот, гӯшту ширро ворид мекард. Ҳол он ки дар майдонҳои серҳосили мамлакат ин гуна зироатро рӯёндан мумкин буд.
Барои ҳалли мушкилоти шадид бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар ибтидои соли 2022 80 ҳазор гектар замине, ки пеш дар он пахта ва ғалла кишт карда мешуд, коҳиш дода шуд. Ба ҷои ин, онҳо акнун ба парвариши зироати ғизоӣ шурӯъ карданд. Ҷолиби диққат аст, ки дар натиҷаи ин 785 ҳазор кас бо кор таъмин карда, ба таври илова 1 миллиону 500 ҳазор тонна маҳсулот гирифта шуд. Бо мақсади идомаи кор дар асоси қарори дахлдори сарвари давлат боз 20 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли оянда дар асоси озмун ба аҳолӣ боз 100 ҳазор гектар майдони кишт ҷудо карда шавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки то имрӯз 96 фоизи маҳсулоти озуқаворӣ дар худи ҷумҳурӣ истеҳсол шуда, зиёда аз эҳтиёҷот рӯёндашуда содир мешавад.
Аммо ин маънои онро надорад, ки дар ин соҳа ягон мушкилот мавҷуд нест. Масалан, дар Ӯзбекистон талабот ба картошка 3 миллиону 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. 20-25 дарсади ин ҳаҷм аз ҳисоби воридот пӯшонда мешавад. Эҳтиёҷоти солонааш ба равғани растанӣ 515 ҳазор тонна буда, 46 дарсади он аз хориҷ ворид мешавад. Дар маҷмӯъ, таъмини бозори дохилӣ бо 25 намуди маҳсулоти ғизоӣ аз воридот вобаста аст. Аммо мутмаинам, ки ислоҳоти роҳбари давлат дар ин самт имкон медиҳад, ки ин масъалаҳо зина ба зина ҳал шаванд. Чунон ки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис қайд намуд, масъалаҳои ислоҳсозии кишоварзӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ, бидуни ягон шубҳа, барои Ӯзбекистон яке аз вазифаҳои муҳим боқӣ мемонад.
Алексей КУЧУМОВ,
ректори Донишгоҳи
биотехнологии Русия.