Омӯзгорон табақаи пешқадами ҷомеаи мо ҳастанд, ки аз дониши онҳо рӯзгор ҳамеша мунаввар мегардад.
Бақои ҷамъияти инсонӣ, шукуфоии бесобиқаи он ва камоли ҳама қишрҳо ба хидмати сидқидилонаи омӯзгорон вобаста аст. Ин андешаҳо марбути он омӯзгорон мебошанд, ки дониши фарох доранд ва маърифати волояшон чун машъалаи шӯълавар фардои моро аз имрӯз ба чашми аҳли назар нишон медиҳанд. Ба мактабу маъориф диққати зиёд додани ҳукумат ҳам бедалел нест ва имрӯз роҳбарон дарк кардаанд, ки маҳз маорифи баланд ватани моро ба қуллаҳои мақсуд хоҳанд расонид. Давлатҳои пешқадами дунё ҳам ба далели пешгомии соҳаи маориф шукуфо гашта, гули сари сабад шудаанд. Ин аст, ки имрӯз ҳукумат дар соҳати таълим ислоҳоти фарохеро роҳандозӣ намуда, ният дорад, ҷамъияти мо аз вартаи ноумедӣ ба сӯйи нур раҳнамун гардад. Аммо бояд таъкид кард, дар ҳама давраҳо омӯзгороне буданд, ки вазифаи худро шарафмандона иҷро мекарданд, ояндаи неки фарзандони халқ ва кишварро дар сифати таълими медиданд.
Яке аз чунин омӯзгорон Латофат Исматова мебошад, ки ба пешаи худ дар ниҳояти масъулиятшиносӣ муносибат мекард ва имрӯз низ кору пайкори ӯ дар соҳаи маориф заррае коста нагардида, баръакс шоистаи таҳсин мебошад. Латофат Исматова омӯзгори бахши ибтидоии мактаб аст, бахше, ки басо заҳмати фаровон ва таҷрибаву дониши мукаммал талаб мекунад. Дар синфҳои ибтидоии дабистонҳо муаллимӣ кардан кори саҳле нест. Чунин омӯзгорон меъморони нахустини бинои инсоният мебошанд. Ин меъмор дар даст лоиҳа дорад ва пеши як пора замин рост истода, ба дониши худ такя оварда, тарҳи як бинои баландошёнро оғоз мениҳад, ба гузоштани хишти нахустини он роҳбар мешавад, балки худ он хишти аввалини сохтмонро мегузорад. Муаллими синфҳои ибтидоии мактабҳо низ монои ҳамин меъмор ҳастанд. Чор соли таълим ба бачаҳое, ки навакак домани модар раҳо кардаанд ва ҳанӯз алифро калтак мешуморанд, осон намегузарад. Дар ин миён омӯзгор хуни дил мехӯрад, зарра-зарра кам мешавад, сиҳатии худро ноаён аз даст медиҳад, аммо нахустин хишти донишро ҳарф-ҳарф дар зеҳни ӯ ҷой медиҳад, дунёи он мурғаконро зиёи нав мебахшад ва ин тавр ба ояндаи неки шогирдони хурдсоли худ замина фароҳам месозад. Ин меҳнати дандоншиканро на ҳар кас таҳаммул мекунад.
Латофат Исматова мегӯяд, ки омӯзгори синфҳои ибтидоии дабистонҳо қаҳрамонҳои беунвонеро мемонанд, ки ҳар рӯзи ҳаёти онҳо ба фатҳи як кишвар, ба фатҳи як қуллаи нав баробар аст. Ба гуфтаи ӯ, сирри тавфиқи чунин омӯзгорон дар он аст, ки пеш аз ҳама бояд тавони дӯст доштани бачаҳоро дошта бошанд. Омӯзгоре, ки фарзанди мардумро ба мисоли фарзанди худ дӯст намедорад, дар ҷодаи маориф пеш нахоҳад рафт, дар дили шогирдон маъво пайдо нахоҳад кард. Вай бояд меҳри худро баробар ба аҳли синф тақсим кунад, илму маърифатро дар дили шогирдони ташнаи худ зарра-зарра ҷойгир созад.
Латофат Исматова дар мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё, ки воқеъ дар мавзеи Чорбоғ аст, кору фаъолият мекунад ва ба фарзандони мардум дониши ибтидоӣ медиҳад. Зиндагиномаи ин бонуи бомаърифат пур аз набардҳост, муборизаҳое, ки гоҳ барои расидан ба шодиҳои ҳаёти мураккаб, гоҳе мардонавор сабр кардану гузаштани саддҳои ногузири зиндагӣ рабт доранд. Вай 5-уми июли соли 1966 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Сариосиё ба дунё омадааст. Падари ӯ деҳқони хокпоше буд бо номи Убайдулло Исматов, ки бо маърифати волояш дар байни ҳамдеҳагон шуҳрат дошт. Ин марди илмдӯст он қадар китобҳоро хондаву мағзшикан карда буд, ки ҳар кас дар суҳбаташ менишаст, фикр мекард, ки чандин мактаби олиро хатм намуда. Аммо ҳамагӣ деҳқоне буд ӯ ва даҳ нафар фарзанд дошт ва мудом дар талоши ризқу рӯзии онҳо бо замини сахт панҷа нарм месохт. Вақте завҷаи меҳрубони ӯ Саломат дар синни 46-солагӣ ба ҷавори ҳақ пайваст, бори рӯзгор ба дӯши Убайдулло афтид. Ин бори вазнинро мардонавор кашидаву муваффақ гашт, ки 9 нафар аз фарзандони худро таълими олӣ диҳад. Дар ин миён Латофат ҳам буд. Латофат мактаби миёнаи зодгоҳро соли 1983 бо баҳои аъло хатм намуд. Ҳарчанд орзу дошт, ки зуд ба ягон даргоҳи илм ҳуҷҷат супоридаву соҳиби дипломе гардад, аммо ин орзуи ӯ андаке ба таъхир афтод. Дар пеш хоҳарон ва бародари ӯ мехонданд. То ба падари худ ҷабр нашавад, то он азиз зиёда ранҷ набарад, чанд солак сабр кард ва ниҳоят соли 1988 шомили Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе шуда, ин маскани илмро соли 1993 хатм кард. Вай кори худро аз соли 1994 дар мактаби рақами 12-уми деҳаи Чорбоғ ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз кард. Дар ҳамин даргоҳи барояш азиз то ба имрӯз омӯзгорӣ мекунад ва нони худу фарзандонро аз меҳнати ҳалоли ин касб пайдо месозад. Қариб сӣ соли умри худро сарфи пешаи омӯзгорӣ сохта, ҳанӯз ҳам дар соҳаи худ яке аз пешгомҳои ноҳия аст. Дар синфе, ки ӯ таълим медиҳад, 35 нафар хонанда мехонанд. Падару модарон талош мекунанд, ки фарзандонашон маҳз дар синфи Латофат Исматова таълим гиранд. Ин аст, ки шумори шогирдонаш аз муқаррарӣ зиёд мегардад. Ҳар як дарси ӯ барои хонандагони навмашқ дунёи дигарест, онҳоро зина-зина ба андӯхтани илм, фаро гирифтани маърифате бештар раҳнамун мегардад. Латофат Исматова мегӯяд, вай аз он хушнуд аст, ки тавонистааст дар дили шогирдонаш ҷойгир шавад. Даст рӯйи сина гузоштаву як саломи худоии собиқ шогирдонаш ӯро чунон хурсанд месозад, ки дар тасвираш сухан оҷиз.
Латофат Исматова ҳар як дарси худро бо маҳорат ва эҷодкорона мегузарад. Вай дар робита ба усули муассири дарс маърӯзаҳои методӣ низ навишта, пешкаши ҳамтоёни худ кардааст. Ин маърӯзаҳо «Ҳусни хат дар синфҳои ибтидоӣ» ва «Истифодаи бозиҳои дидактикӣ» ном доранд, ки аз таҷрибаи худи муаллима берун омадаанд. Латофат Исматова дар дабистонҳои ноҳияи Сариосиё раҳбари иттиҳодияи методӣ аст. Инчунин равишомӯзи мактабҳои тоҷикӣ низ ба шумор меравад. Фурсат пайдо кардаву барои омӯзондани усули мухталифи дарс ба ҳамтоёни худ ба макотиби таълимашон ба забони тоҷикӣ меравад ва худ низ аз онҳо меомӯзад. Дастурҳои методиаш натиҷаи чунин ҳамкориҳо бо омӯзгорони ноҳия мебошанд. Ҳангоми дарс аз усулҳои «Бумеранг», «Саволу ҷавоб», «Мусобиқа», «Кластер», «Баҳс», «Ҳуҷуми ақлӣ», «Бозиҳои саҳнавӣ» ва дигарҳо истифода мекунад, ки боиси рангорангии дарсҳо мешаванд. Чунин усули тадрис то дер дар хотири хонандагон боқӣ монда, ҷараёни омӯзишро суръат мебахшад.
Синфхонаи муаллима дар ниҳояти зебоӣ ороста аст, ки чун хонанда ба он ворид мегардад, худро дар ҷаҳони мутлақ нав ҳис мекунад. Як гӯшаи синфашро Латофат Исматова ба китобхона мубаддал додааст. Дар ҷевонҳои барқад зиёда аз 400 адад китобҳои бадеии хоси бачагонро гирд овардааст. Дар ҷараёни дарс мувофиқи мавзӯъ ба дасти шогирдон медиҳад, то бихонанд. Вай меҳри китобу китобхониро ба онҳо аз солҳои аввали хониш талқин мекунад. Китобҳои хондаи шогирдон дар ҳалқаи худи онҳо таҳлил карда мешаванд, аз рӯйи онҳо «Майдони андеша» ном маҳфили зарифон роҳандозӣ мегардад, хонандагон ба саволҳо посух меҷӯянд. Собиқ вазирони маориф Шерзод Шермаматов, Темур Ширинов ва раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид ва даҳҳои дигар ба дарси Латофат Исматова даромада, баҳои баланд додаанд. Латофат Исматова мегӯяд, шогирдонаш ба тоҷикӣ таълим мегиранд, аммо забони давлатиро хуб медонанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки бояд бачаҳо таълими ибтидоиро ба забони модарии худ бигиранд. Таҷриба нишон додааст, ки агар хонанда ба забони модариаш таълим бигирад, минбаъд бештар рушд мекунад ва азбар кардани забонҳои дигар хеле осон даст медиҳад. Бинобар ин, даъвои бархе аз падару модарони тоҷик дар робита ба тоҷикӣ хондаву минбаъд ба душвориҳо гирифтор омадани фарзандонашон як дурӯғи шохдорест!
Шогирдони муаллима имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталиф кор мекунанд ва гаҳу ногаҳ ба ӯ занг задаву изҳори сипос менамоянд. Ҳоло Л. Исматова омӯзгори тоифаи олӣ аст. Хидматҳои ӯро ба инобат гирифта, соли 2010 нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро доданд. Ҳамчунин нишонҳои хотиравии «25-солагии Конститутсияи Ӯзбекистон», «30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» имрӯз аз бойгонии Латофат Исматова ба маънии эътибори ҳукумат ба кори омӯзгори ҷонфидо ҷой гирифтаанд.
Омӯзгороне чун Латофат Исматова, бешак, қаҳрамонони замони мо мебошанд. Эъзози онҳо ва омӯхтани таҷрибаашон аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Хусусан, имрӯзҳо, ки ҳукумат як ислоҳоти густурдае дар соҳаи таълим рӯйи даст дорад, бояд ба таҷрибаи ғании педагогии чунин омӯзгорон бештар такя намояд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.