РОҲАНДОЗИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Ҷамъияти саҳҳомии Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ ба таркиби консерни давлатии «Qizilqumnodirmetalloltin» мансуб буда, соли 1958 таъсис ёфтааст.

Имрӯз комбинат бобати истеҳсоли тилло дар сафи чаҳор ширкати бузурги ҷаҳон қарор дорад. Ба пешрафти иқтисодиёт ва рушди минбаъдаи саноати кишвар саҳми арзанда мегузорад. 
Комбинат кластери саноатӣ ба ҳисоб рафта, силсилаи пурраи ҷустуҷӯи захира ва истиҳроҷи маъданҳои зеризаминӣ, коркарди ибтидоии онро то истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар бар мегирад. Кон ва заводҳои комбинат бо технологияи замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар комбинат ба ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди тилло, уран, материалҳои сохтмон, санги мармар машғул мебошанд. Ҳамчунин дар комбинати бузург кислотаи сулфат, маҳсулоти заргарӣ, дӯзандагию бофандагӣ, дастгоҳҳои мошинсозию маишӣ истеҳсол карда мешавад. 
Зимни модернизатсияи технологияҳои мавҷуда ва таҷҳизонидани технологияҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва сифати он назаррас пеш меравад. Истеҳсоли маҳсулот дар соли 2022 нисбати соли 2021 106,2 фоиз афзуда, ба миқдори 56,6 триллион сӯм маҳсулоти тайёр истеҳсол карда шуд. Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ дар рейтинги коркарди тилло байни ширкатҳои бузурги ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намуд. 
Дар асоси дастури самоягузорӣ ба миқдори 486 миллион доллар маблағ аз худ шуда, наздики 2,1 ҳазор нафар бо ҷойи кории нав таъмин гардиданд. Мутобиқи  дастури маҳалликунонӣ бошад, ба миқдори 554,6 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол карда шуда, дар доираи соҳаҳои кооператсияҳои саноатӣ бо маблағи 4,8 триллион сӯм маҳсулот харид гардид. Ҳамин чораҳо буд, ки арзиши аслии  маҳсулот ба миқдори 1,1 триллион сӯм кам гардид. Боиси ифтихор аст, комбинат дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва маблағгузорӣ ба хазинаи буҷаи давлатӣ байни корхонаҳои саноатии кишвар пешсаф аст.
Имрӯз дар сар то сари кишвари ободамон лоиҳаҳои сармоягузорӣ пойандозӣ мегарданд. Аз ин ҷараёни манфиатовар КМКН чун як комбинати сатҳи ҷаҳонӣ дар канор нест. Соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Томдӣ истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ дар конҳои «Балпантоғ» ва «Томдибулоқ» оғоз ёфт. Хати роҳи оҳан дар масофаи 35 км ба заводи гидрометаллургияи 2 кони «Томдибулоқ» кашида шуда, ба истифода дода шуд.
Туфайли меҳнати пурсамари мутахассисони соҳибтаҷриба ва муҳандисони бомалакаи комбинат заводҳои гидрометаллургии замонавӣ бунёд мегарданд. Конҳои нав ба кор даромада, барои кашонидани ашёи хом то завод хати роҳҳои оҳани нав кашида мешавад. Блоки «Б» заводи гидрометаллургияи 2, заводҳои гидрометаллургии 5 ва 7 ба рушди саноат саҳм гирифтаанд. Бо саъйю ҳаракати мутахассисони идораи сохтмони Зарафшон ва роҳиоҳанчиёни комбинат байни кони «Турбай» ва заводҳои металлургӣ дар масофаи 52,2 км хати роҳи оҳан кашида шуд. Рӯзҳои наздик корхонаи нав – заводи гидрометаллургии 6 ба истеҳсоли маҳсулот оғоз мекунад. Ҷолиб аст, ки аз омодасозии лоиҳаи бунёди заводҳо то асбобу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар комбинат роҳандозӣ мешаванд.
– Кору фаъолият дар комбинат шараф аст, – мегӯяд Қаҳрамони Ӯзбекистон Фарҳод Соипов. – Завод ҷамоаи сермиллат дорад. Онҳо паҳлу ба паҳлу истода дар рушди саноат ва афзун намудани шуҳрати комбинат саҳм мегиранд. Ва ба ин орзую умеди наҷиб ноил ҳам гардидаанд.
Ибтидои соли равон низ фаъолияти созандагӣ ва истеҳсолии комбинат назаррас аст. Анъана идома дорад. Аввалин «таркиш» дар кони «Писталӣ», ки дар ҳудуди ноҳияи Нурато боз шудааст, амалӣ карда шуд. Амалисозии ин лоиҳа имконият медиҳад, ки дар оянда ҳар сол 4 миллион тонна маъдан азнав коркард  шавад. Бешубҳа, ба кор шурӯъ намудани фаъолияти кони «Писталӣ» ва заводи гидрометаллургия натанҳо дар ҳаёти комбинат, балки дар такомули инфрасохтори ҳудуд низ воқеаи муҳим аст. Наздики 5 ҳазор нафар ҷавонон бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар чормоҳаи аввали соли равон комбинат дар ҳаҷми 18,8 триллион сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудааст, ки суръати рушди истеҳсолоти саноатӣ 102,5 фоизро ташкил додааст. Дар доираи барномашои сармоягузорӣ 133,7 миллион доллар маблағ аз худ карда шуда, ба маблағи 201 миллиард сӯм маҳсулот барои бозори дохилӣ истеҳсол шуд. Татбиқи ислоҳоти бунёдкорона ва дастурҳои калонҳаҷми истеҳсолӣ ба афзоиши ҳамасолаи маҳсулоти саноатӣ кумак мекунад.
Саноат чун як соҳаи иқтисодиёти миллӣ дар роҳи рушду пешравӣ мебошад. Татбиқи лоиҳаҳои рушди саноати миллӣ ба беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ ва фаровонии мардуми кишвар нигаронида шудаанд. Дар замири ин ҳама комёбиҳо, бешубҳа, шуҷоат ва матонати кончиҳои қизилқумӣ ниҳон аст.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: