РОҲАНДОЗИИ «МОҲОНАИ ҶАВОНОН»

Ҷавонон неруе ҳастанд, ки ояндаро месозанд ва маҳз, ободии кишвару осудагии халқ ба онҳо вобастагии қавӣ дорад.

Ҷавонон неруе ҳастанд, ки ояндаро месозанд ва маҳз, ободии кишвару осудагии халқ ба онҳо вобастагии қавӣ дорад.  Онҳо пурталоштарин қишри ҷомеа мебошанд, ки ба орзуҳои бепоёни худ такя карда, ҳар лаҳза дар ҳаёт навигарие ба вуҷуд овардан мехоҳанд.
Бо назардошти он ки розу ниёзи ҷавонон шунида шавад ва барои ба мақсадҳои наҷиби худ расидани онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад, мувофиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 августи соли 2017 «Дар бораи муайян кардани Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» 30 июн дар мамлакати мо ба сифати  Рӯзи ҷавонон эълон гардидааст. Ба туфайли ташкил кардани чунин иди бошукӯҳ бисёр ҷавонони болаёқат аз иқтидору истеъдоди худ дарак доданд ва онҳое ҳам, ки ба ҷиҳати норасоии шароити иҷтимоӣ аз назарҳо дур монда буданд, барои барқарор кардани зиндагии обод имконият ба даст оварданд.  
Пешбинӣ шудааст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ «Моҳонаи ҷавонон» эълон гардида, дар доираи моҳона як қатор чорабиниҳо ва лоиҳаҳои маданиву маърифатӣ амалӣ мегарданд. Хусусан, аз ҷониби Вазорати маданият бо мақсади ба таври муносиб қайд кардани «Моҳонаи ҷавонон» ташкил кардани шаби шеър, намоиши спектаклҳо, вохӯриҳои бархат дар назар дошта шудааст.
Бинобар маълумотҳо дар вилояти Сурхондарё низ барои шавқманд гардондани ҷавонон ва аз ҳар ҷиҳат рағбатнок кардани онҳо дар доираи моҳона беш аз 50 чорабинӣ амалӣ хоҳад шуд. 
Ба сабаби он ки пандемияи коронавирус  ба тамоми гӯшаву канори сайёра паҳн гардида, мутаассифона, ба кишвари мо низ омад, чорабиниҳо дар чорчӯбаи қоидаҳои карантин баргузор карда мешаванд ва ҳамагон ба он қатъан риоя хоҳанд кард. Чунки ҳаёт идома дорад ва ҷомеа, алалхусус, ҷавонон ба шароити имрӯза мутобиқ гардида, фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун бояд пеш баранд ва мавқеи худро дар ҷамъият пайдо кунанд. 
Дар давоми чорабиниҳои мазкур дар доираи ҳаракати умумхалқии «Саховат ва кӯмак» ба беш аз сад оилаи эҳтиёҷманд ва фарзандони бепарастор ёрӣ расонда мешавад. Дар озмунҳои шавқоваре, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон роҳандозӣ мегарданд, мукофотонидани ғолибон ҳам ба нақша гирифта шудааст. 
Дар асоси лоиҳаи «Ба ҳар як ҷавон – як гектар» барои 1 ҳазору 67 нафар фарзандони оилаҳои камтаъмин ва ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд аз майдонҳои холишудаи ғалла якгектарӣ замин ҷудо карда, бо мақсади киштукор ва даромади хуб гирифтани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. 

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: