РОҲАНДОЗИИ ТАЪМИРИ МАКТАБҲО

Вақте сухан аз хусуси мактаб меравад, солҳои бачагӣ, таҳсил дар мактаби зодгоҳам, ки дар бағали қаторкӯҳҳои ноҳияи дурдасти Нурато ҷойгир аст, чун оина пеши назар инъикос мегардад.

Он рӯзгор – солҳои 70-ум фасли зимистон синфхонаҳоро бо ҳезум гарм мекарданд. Синф аз дуд пур мешуд. Дар танаффус аҳли синф дар гирди печкаи хурдакак ҷамъ шуда дастҳоямонро гарм мекардем...
Шукри беадад, имрӯз ҳаётамон ободу зебо гардидаасту фарзандонамон дар синфхонаҳои гарм, равшану васеъ ва бо ҷиҳози замонавӣ муҷаҳҳаз таҳсил мегиранд.
Маълум аст, ки то соли 2017 таъмиру таҷдид ва аз нав сохтани бинои мактабҳои таълими умумии сохтори Вазорати таълими халқ дар асоси барномаи сармоягузорӣ ба амал бароварда мешуд.
Соли 2018 бо ташаббуси роҳбари давлат барномаҳои давлатии «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» таҳия гардиданд. Нишасти матбуотие, ки Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор намуд, ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки агар дар соли 2017 дар чаҳорчӯбаи барномаи сармоягузорӣ дар 484 мактаби таълими умумӣ ба миқдори 556,6 млрд. сӯмина корҳои сохтмону таъмир иҷро шуда бошанд, дар соли 2018 дар доираи барномаҳои «Маҳаллаи обод», «Деҳаи обод» ва саҳми сармоягузорӣ
дар 918 мактаби таълими умумӣ 1,47 трлн. сӯмина корҳои сохтмону таъмир бурда шуданд.
– Соли ҷорӣ мувофиқи ба рӯихатгирии манзил дар 590 мактаб 726,7 млрд. сӯмина корҳои сохтмону таъмир ба нақша дароварда шудааст. Ба ғайр аз корҳои сохтмон беҳтар намудани ҳудуди мактабҳо, кӯчаҳои атрофи он, кабудизоркунӣ, таъмин бо оби нӯшокӣ, хати барқ, гирмидиҳӣ ва ғайра низ ба роҳ монда шудааст, – таъкид намуд ҷонишини раиси Садорати сохтмони Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ Элдор Тоҷибоев.
– Гуфтан бамаврид аст, ки бинои бисёр мактабҳои деҳаҳои дурдасти кишварамон ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Мактабҳое ҳастанд, ки ба ҳезуму ангишт (газ умуман нест), барқ, оби ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд. Дар чунин шароити душвор ба толибилмон таълиму тарбия додан низ дандоншикан аст. Вақти он расидааст, ки чунин мушкилиҳоро рӯпӯш накарда, барои беҳбудии шароити таълиму тарбияи фарзандонамон ҳар яки мо саҳм гузорем.
Ходимони ВАО хостанд таъмиру тармими кадом мактаби ноҳияву вилоят ба барномаи давлатии «Деҳаи обод» дохил карда шудааст. Аммо масъулони соҳа бо баҳонаи фаромӯш кардани рӯихат ба саволи онҳо рӯшанӣ наандохтанд. 
Боз як ҷиҳати муҳим дар он аст, ки тармиму таъмири мактабҳо, сифат ва шаффофии он аз ҷониби вазорат таҳти назорати доимӣ гирифта шудааст.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: