РОҲБАЛАДИ ҶАВОНОН – ДАР МАРКАЗИ ЭЪТИБОР

Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба сохторе табдил меёбад, ки дар ҷумҳурӣ бобати амалӣ намудани сиёсати давлат оид ба ҷавонон якҷо бо ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ зери шиори “Ҷавонон – бунёдкорони оянда” фаъолияти касбиашро пеш мебарад.

Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба сохторе табдил меёбад, ки дар ҷумҳурӣ бобати амалӣ намудани сиёсати давлат оид ба ҷавонон якҷо бо ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ зери шиори “Ҷавонон – бунёдкорони оянда” фаъолияти касбиашро пеш мебарад. Ташкилоти бачагонаи “Камалак” дар зери ҳомигии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон имрӯз таҳти шиори “Барои Ватан, дӯстӣ ва хушбахтии бачагӣ” миллионҳо ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид кардааст. 
Шӯрои ноҳияи бӯкагии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба ташаббуси нав даст зад. Барои меҳнати фидокорона, самарабахш ташкил намудани фаъолияти роҳбалади ҷавонони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 15-уми ноҳияи Бӯка Навбаҳор Ҳусанова, ҳамчунин барои истифода бурдани Шӯрои сардорони мактаби мазкур таҷҳизоти компутер ва принтер тақдим карда шуд. Дар ин вохӯрӣ муовини ҳокими ноҳияи Бӯка Д.Чинпулатов иштирок намуда, бо аъзои Шӯрои сардорони мактаби номбурда шинос шуд ва ба фаъолияти минбаъдаи онҳо тавсияҳои худро пешниҳод кард. Сардорон низ дар навбати худ аз ин ташрифи ногаҳонӣ хурсанд шуданд. 

Қ. КАРИМОВ,
раиси Шӯрои ноҳияи бӯкагии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон. 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: