Президент Шавкат Мирзиёев аз китобхонаи «Янги Ӯзбекистон ёшлар зиё маскани» дар ноҳияи Давлатобод боздид намуд.
Ин маҷмӯа соли 2021 ба баҳрабардорӣ супурда шудааст. Имрӯз хазинаи онро 70 ҳазор китоб ташкил медиҳад. Китобхона ба маъруфтарин шабакаи электронии китобхонаи ҷаҳон пайваст гаштааст. Ба туфайли он хонандагон ба адабиёти хориҷа дастрасии озод ва бепул доранд.
Барои боздидкунандагон ID-картаи махсус расмӣ карда мешавад. Тамоми ҷараён ба тарзи электронӣ ба амал оварда мешавад.
Дар ошёнаи якум толори махсуси қироат барои бачаҳои то 12-сола ва нобиноён мавҷуд. Барои рушди тахайюли эҷодии кӯдакон таҷҳизот гузошта шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм толорҳои умумии қироат, дар зербино архив ҷойгир аст. Инчунин барои таълими ҷавонон ба технологияи иттилоотӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар ин ҷо роҳбари давлат бо ҷавонони намангонӣ суҳбат орост.
– Намангон диёри олимон, устодон ва соҳибкорони бузург мебошад. Имрӯз ҷавонон дар соҳаҳои иқтисодиёт, санъат ва варзиш муваффақиятҳои бузургро ноил мегарданд. Вақте ки дар бораи ин дастовардҳо мешунавам, хеле шод мегардам, дар бораи он фикр мекунам, ки барои ҷавононамон чӣ гуна имконоти зиёдро фароҳам орам, – гуфт Президент.
Дар вилоят бисёр барномаҳои ҷавонон татбиқ мегардад. Соли гузашта барои инкишофи соҳибкорӣ дар байни ҷавонони номуташаккил 140 миллиард сӯм ҷудо карда шуда, 6,5 ҳазор нафар ҷавонон дар ҳаёт роҳи худро пайдо карданд.
Инчунин 20 ҳазор нафар ҷавонон дар натиҷаи ҷудо намудани 2,5 ҳазор гектар замини кишт бо кор таъмин гардиданд. Қарордоди таълими 4,7 ҳазор нафар ҷавонон, ки дар вазъи мураккаб қарор доштанд, ба миқдори 12,4 миллиард сӯм пардохта шуд.
Дар ҷараёни суҳбат дар бораи лоиҳаҳо ва ташаббусҳое, ки ба васеъ намудани ин имконот нигаронда шуда буд, сухан ба миён омад.
– Тавре ки шумо медонед, имсолро мо дар мамлакатамон Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим эълон намудем. Қоидаеро пеш мебарем, ки дар мактаб на камтар аз ду забони хориҷӣ ва як касб омӯзонда шавад. Ҳамин тавр муассисаҳои маърифатӣ, мактабҳои варзишӣ сохта мешаванд. Ҳамаи ин бояд ба таври маҷмӯӣ кор кунад ва чун мактаби ҳаёт хидмат намояд, – гуфт роҳбари давлат.
Барномаи «Мактаби ҳаёт» татбиқ мегардад, ки ба ҷойи кор таъмин намудан ва омодагии касбии хатмкунандагон нигаронда шудааст. Дар ин соҳа таҷрибаи вилояти Намангон ба вуҷуд оварда мешавад.
Зимни вохӯрӣ дар бораи дастгирии пажӯҳишҳои илмӣ, оммавӣ намудани варзиш, ташкил намудани чорабиниҳои шавқовар супоришҳо дода шуд.
Бо ҳамин сафари серӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев ба вилоятҳои водӣ ба поён расид ва ӯ ба шаҳри Тошканд баргашт.