Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилояти Бухоро маҷлиси фаъолон баргузор шуд.
Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилояти Бухоро маҷлиси фаъолон баргузор шуд. Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов ба сухан баромад. Дар ҷамъомад масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Низомиддинов Фармони сарвари давлатро бобати иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Бухоро таъин гардидани Ботир Зариповро, ки дар вазифаи раиси садорати иттиҳодияи «Ӯзсаноатқурилишматериаллари» кор мекард, хонда дод.
Фарҳод Умаров, ки иҷрокунандаи муваққатии вазифаи ҳокими вилоят буд, ба вазифаи аввалааш – ҷонишини аввали ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои молияю иқтисод ва кам кардани нодорӣ монд.
Ботир Зарипов 20 ноябри соли 1969 дар ноҳияи Ғиҷдувон таваллуд ёфтааст. Вай баъди хатми Донишкадаи молияи Тошканд дар бахши бухороии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар вазифаҳои мудири шуъба, роҳбари бахши Қаравулбозори бонки номбурда, ҷонишини якуми роҳбари сарсадорати вилояти бухороии Бонки марказӣ – садорати инкассатсия, роҳбари бахши бухороии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон, ҷонишини раиси садорати Бонки марказӣ, директори департамент, ҷонишини аввали раиси садорати СТ «Агробонк»,раиси садорати ҶС «Ӯзқурилишматериаллари» ва ғайра кор кардааст. Ботир Зарипов ба муносибати 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо медали «Барои хидматҳои содиқона» («Содиқ хизматлари учун») мукофотонида шудааст.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.