РОҲБАРИ СЕКТОР БО ҶАВОНОН ВОХӮРД

Сардори Саридораи корҳои дохилии вилояти Навоӣ, роҳбари сектори 3-юм Рустам Турсунов бо ҷавонони ноҳияи Нурато вохӯрд.

Дар он 350 нафар духтарону писарон иштирок карданд.
Роҳбари сектор аз рӯйи омӯхтан ва ҳаллу фасл кардани муроҷиати ҷавонон ба роҳбари ташкилотҳои мутасаддӣ супориш ва тавсияҳо дод.
Дар чорабинӣ ба 50 нафар духтарон мошини дарздӯзӣ дар асоси воми имтиёзнок дар муддати 5 сол, ба 20 нафар писарон сертификат барои хариди моли майда супорида шуд. Аз рӯйи муроҷиати 22 нафар ҷавононе, ки барои оғоз кардани фаъолияти соҳибкорӣ замину ҷой ва кредит дархост карда буданд, ба ходимони соҳа супоришҳо дода шуд. Ба 10 нафар ҷавонон барои кишти такрор аз хоҷагиҳои фермерӣ ба иҷора 1 гектарӣ замин ҷудо карда шуд.
– Ман соҳиби замин шудан ва аз он пурсамар истифода бурданро мехостам, – мегӯяд истиқоматкунандаи маҳаллаи Янги ҳаёт Ҷ. Абдураупов. – Барои худамро санҷидан дар ин соҳа замин пурсида будам. Аз хоҷагии фермерии «Нарзулло Эркин» ба иҷора 1 гектар замин ҷудо карданд.  Ба он ба сифати кишти такрорӣ ҷуворимакка коридам. Коргарони хоҷагӣ ба ман кӯмак мерасонанд.
Дар давоми вохӯрӣ намоиши маҳсулоти полизӣ ва меваву сабзавоти хоҷагиҳои фермерии ноҳия ва сайри харбуза баргузор шуд. Дарсҳои маҳорати соҳибкороне, ки бомуваффақият фаъолият мебаранд, ба ҷавонон таассуроти хуб гузошт.

Н. РАҲИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: