РОҲБАРИ ҲИММАТБАЛАНД

Деҳаи кӯҳии зебоманзари Чинор.

Деҳаи кӯҳии зебоманзари Чинор. Аз ҳамин деҳаи хурдакак, ки онро аз ду тараф кӯҳҳои баланду бошукӯҳ печонда гирифтаанд, омӯзгор Ғаниҷон Хайриев ҳар рӯз 71 километр роҳро тай намуда, ба мактаби миёнаи рақами 71-уми ноҳияи Хатирчӣ, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Ангидон” воқеъ аст, меравад.  Ҷараёни таълиму тарбия мушкилиҳои ба худ хос дорад, аммо Ғаниҷон саъй мекунад, ки мактабашро ба қатори мактабҳои шаҳр дохил кунад. Ҷиҳатҳои корбарии ӯ аз қабили “ҳафт бор чен куну як бор бур” буда, аввало ҳаракат мекунад, ки пойгоҳи мактабро бо аёният ва техникаву методҳои дарсӣ мустаҳкам намояд, савияи дониши омӯзгоронро баланд бардорад, сиру асрори илму фанро ба хонанда пурра азхуд кунонад.
Чи тавре ки қайд намудем, Ғ. Хайриев ҳар рӯз 71 километр роҳро бо автомобили худ тай намуда, ба мактаб меравад ва раҳораҳ аз деҳаҳои сари роҳ муаллимон ва хонандагони хурдсолро низ бо худ  мегирад. 
– Муаллим таърифу тавсифро хуш намебинад, ӯ камгап, ором буда, солҳои тӯлонист, ки ба интизоми оҳанин қатъӣ риоя мекунад ва инро аз хонандагону муаллимон низ талаб менамояд. Роҳаш дур бошад ҳам, аз ҳама пеш ба мактаб ҳозир мешавад, – мегӯяд омӯзгори фанни санъати тасвирӣ Б. Худойшукуров.
– Зимистони деҳаи кӯҳии мо ниҳоят сард, баҳораш гарму ботароват, дар тобистон боғоти ҳамдеҳагон ғарқи меваву сабзавот мегардад. Барои он ки деҳа аз бозору мағозаҳо дур аст, аҳолӣ ҳаракат мекунад, ки аксарияти маҳсулоти хуроквориро аз замини рӯйи ҳавлиаш ба даст орад. Ғ. Хайриев ҳамчун роҳбари фидоии касби худ, ба инҷиқиҳои табиат нигоҳ накарда, бахусус, рӯзҳои сербориши фасли баҳор, ки баъзан сел омада гузаргоҳро мебаст, ба мактаби азиз, ба назди хонандаҳои меҳрубони худ мешитобад. Устодро мо ҳамчун роҳбари сахтгир, меҳрубон, садоқат ба касби худ, меҳнаткаш хеле дӯст медорем ва ҳурмат мекунем.
– Ғаниҷон инсони хуб аст, ӯ шиори “Некӣ куну ба дарё андоз”-ро ба худ касб намудааст, – мегӯяд муаллима А. Умарова. – Ман низ аз мактаб дар масофаи 55 километр дур истиқомат мекунам. Муаллим ҳар рӯз маро бо мошинаш ба коргоҳ мебарад. Ӯ ҳаракат мекунад, ки ҳар як хонаи фанниро мувофиқи ҳамон фан бо  ҷиҳоз ва компутер ва дигар аёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз созад, ба ҳар як фан навоварӣ, видеонаворҳо, суратҳои шавқовар дохил кунад. 
Дар мактаби таълими умумии рақами 71, ки ҳоло Ғ.Хайриев роҳбарӣ мекунад, 166 нафар хонанда таҳсил мегирад. Дар бинои асосии маҳаллаи “Ангидон” 126 нафар, дар филиалҳои деҳаҳои Тариқпоя ва Тошбулоқ  40 нафар хонанда таҳсил мегиранд. 
– Бинои асосиамон соли 2020 дар асоси Барномаи инвеститсионӣ аз таъмири пурра бароварда шуд. Дар чунин бинои замонавӣ, баҳаво ва бо тамоми қулайиҳо муҷаҳҳаз бояд ба сифат ва самарадории таълиму тарбия беш аз пеш эътибор диҳем, барои босавод ва ҳаматарафа солим будани фарзандонамон ҳиссаи худро гузорем. Имрӯзҳо дар мактаб гурӯҳи корӣ ташкил кардаем, ки барои хатмкардагони мактаб доир ба омода кардани ҳуҷҷатҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ, касбу ҳунар ва дигар мақсадҳо роҳ нишон медиҳад. Соли хониши 2020-2021 нишондоди ба муассисаҳои олӣ дохил шудани хонандагонамон 40 фоиз буд, акнун ният дорем, ки ин нишондод ба 60-80 фоиз мерасад. Фарзандони деҳаҳои дурдаст низ ҳақ доранд ба оянда бо чеҳраи кушод нигаранд, – мегӯяд Ғ. Хайриев.
Оре, дар ҷамъият чунин ҳамзамонони фидоӣ, дӯстдорандаи касби худ, меҳнаткаш ва олиҳиммат ҳар қадар зиёд бошанд, ояндаамон ҳамон қадар фаровон ва мустаҳкам мегардад.

Тамара ЙӮЛДОШЕВА,
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 6-уми шаҳри Навоӣ.     
  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: