РОҲБАРИЯТИ “НЕФТЧӢ” ИВАЗ ШУД

Илҳом Муъминҷонов аз вазифаи сармураббии тими футболи «Нефтчӣ» истеъфо дод.

Виталий Левченко, ки сармураббии тими футболи «Истиқлол»-и Душанбе буд, сармураббӣ таъин гардид.
Хидмати матбуоти «Нефтчӣ» дар ҷамъомаде, ки таҳти раёсати раиси Федератсияи футболи вилоят Хайрулло Бозоров, ҳокими шаҳри Фарғона, президенти нави тим Восилҷон Назаров баргузор шуд, дар бораи ин тағйиротҳо маълумот додааст.
– “Нефтчӣ” вақтҳои охир дар майдон нағз ҳунарнамоӣ накард ва мухлисони бешумори худро дар чанд бозӣ ноумед гардонд. Дар бозиҳои Суперлигаи соли 2022 аз имкониятҳои фаровон истифода бурда натавонист ва пай дар пай ба мағлубият дучор шуд. Дар ҷадвал ҷойи аз ҳама  охирро ишғол намуд. 
Хайрулло Бозоров таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷамъомадро маҳз ба ҳамин масъала ҷалб намуд. Дар бораи беҳбуди вазъияти “Нефтчӣ” як қатор тавсияву пешниҳодҳо баён намуд. Баъд аз Левченко тақозо кард, ки чорабиниҳои қатъӣ пиёда кунад, зеро вазъият беҳбуди ҷиддӣ мехоҳад.
– Ман дар навбати худ талош ба харҷ хоҳам дод, ки бозигарон бо дарки масъулият ба майдон бароянд. Ин хеле муҳим мебошад. Дар мавриди техникаи бозии онҳо чанд навигарӣ ворид хоҳам кард, ки ҷиҳати беҳбуди ҳамин вазъи бамиёномада хеле мусоидат хоҳад кард, – изҳор дошт сармураббии нав. 
Вай 50 сол дошта, дар тимҳои футболи Украина ва Русия тубронӣ кардааст. Инчунин як мавсим шарафи тими «Чанчун»-и Чинро низ ҳимоя кардааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар 9 бозӣ ширкат кардааст.
– Дар Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дастаи мунтахаби ин кишвар, инчунин сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонон шуда кор кардам. Сармураббии дастаҳои «Барқчӣ» ва «Хуҷанд» будам. Сонӣ мураббии тими «Криля Советов»-и Русия таъин шудам. Аз соли 2020 ба ин сӯ «Истиқлол»-и Душанберо раҳбарӣ мекардам. Соли 2021 дар мавсими аввали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар марҳилаи гурӯҳӣ мақоми аввалро ишғол кардем ва ба даври 1/8 гузаштем, – изҳор кард сармураббии нави “Нефтчӣ”.

М. АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: