РОҲБАРИЯТИ ВР: МО ТАЙЁРЕМ БАРОИ ҲАМКОРӢ БО ӮЗБЕКИСТОН ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МАВҶУДААМОНРО ПЕШНИҲОД КУНЕМ

Ба иқтисодиёти Ӯзбекистон ҷалб кардан ва истифода бурдани ноу-хау ва технологияҳои замонавӣ дар давраи ҳолоинаи пешрафт вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.

Ба ин маънӣ дар соҳаҳои мухталиф ҳамкориро бо кишварҳои пешқадами хориҷӣ ба роҳ мондан аҳамияти бузург дорад.
Ба мақсади баррасии пешомадҳои ҳамкории тарафайн дипломатҳои Ӯзбекистон дар Белгия бо сарноиб-президенти корхонаи британиёӣ ВР (БиПи) А.МакАуслан ва кормандони идораи брюсселии ширкат мулоқот карданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳоли ҳозир ВР аз ҷумлаи корхонаҳои бузурги трансмиллии ҷаҳон дар соҳаи нафту газ маҳсуб меёбад. Мувофиқи маълумоти Fortune даромади он 276,52 миллиард, мубодилаи солонааш 244,58 миллиард, дахлаш 3,39 миллиард доллар буда, 74 ҳазор нафарро фаро мегирад. Дар навбати худ А.МакАуслан барои пешбурди бозорҳои нав ва инкишоф додани пешомади лоиҳаҳои  ширкат дар миқёси ҷаҳон масъул ба шумор меравад. Солҳои дароз ҳамчун ноиб-президенти ВР аз ҷумла дар Озарбойҷон (1999-2005), Русия (2005-2009), ҳамчунин директори молиявӣ дар Ироқ (2009-2013) ва Шарқи Наздик (2013-2016) кор кардааст.
Дар суҳбат пешомади ҳамкориҳои сармоявии байни Ӯзбекистон ва ВР дар соҳаҳои нафту газ, аз ҷумла дар коркарди конҳои пешомаднок ва корҳои ҷустуҷӯиву ҳафриётӣ дар доираи Меморандуми ҳусни тафоҳум, ки моҳи майи соли 2018-ум имзо шудааст,   баррасӣ гардиданд.
А.МакАуслан изҳор дошт, ки ВР ба пешомади ҳамкориҳо бо назари мусбат нигоҳ мекунад ва ба ислоҳоти куллие, ки дар ҷумҳурии мо, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиёт ва сармоя татбиқ мешаванд, баҳои баланд медиҳад. Вай ҷиҳатҳои бартариноки ширкатро ба забон оварда, аз ҷумла мавҷудияти технологияҳои худии замонавӣ ва захираҳои молиявии татбиқ намудани лоиҳаҳои бино бар мураккабиашон гуногунро таъкид кард.
– Ширкати мо дар минтақаҳои Каспӣ ва Осиёи Марказӣ беш аз 25 сол боз кор мебарад, – зикр намуд А.МакАуслан дар гузоришаш бо хабарнигори ОИ «Дунё». – Ба қарибӣ мо қарор додем, ки фаъолияти худро дар ин минтақаҳо вусъат диҳем. Моро якҷо бо шарикамон – Ширкати давлатии нафти Озарбойҷон Socar барои татбиқ намудани ду лоиҳа дар Ӯзбекистон даъват намуданд. Яке аз онҳо дар водии Фарғона, дигараш дар Қароқалпоқистон воқеъ мебошад. Хурсандиовар аст хабар диҳам, ки кор бино бар ин ду лоиҳа аллакай оғоз ёфт. Дар давраи ҷорӣ мо маълумотҳои мавҷудаи ҳафриётиро барои муайян кардани иқтидори  конҳо ва баррасии минбаъдаи таклифҳои эҳтимолӣ бобати истифодаи муштараки онҳоро бо ҳукумати Ӯзбекистон муҳокима менамоем.
Муътақидам, ки мо ҳаҷми зарурии захираҳои табииеро, ки ба манфиатҳои Ӯзбекистон ва шаҳрвандони вай ҷавобгӯ бошанд, дарёфт карда метавонем. Мо ният дорем барои ин мақсадҳо тамоми технологияҳои мавҷудаи ширкатро ҷалб кунем ва бо Ӯзбекистон якҷо кор барем.
Мушовири ширкати британиёии ВР оид ба масъалаҳои сиёсӣ М.Денисон, ки дар мулоқот иштирок дошт, дар навбати худ изҳор намуд, ки фаъолияти ВР дар Ӯзбекистон рамзи ҳамкориҳои амиқи тиҷоративу иқтисодӣ ва сиёсии байни Ӯзбекистон ва Британиёи Кабир мегардад.

ОИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: