21 май Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Русия, таҳкими муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ баррасӣ шуданд.
Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия рафти татбиқи тавофуқотеро, ки дар натиҷаи мулоқотҳои сатҳи олӣ ба даст омадааанд, инчунин ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаи дарпешистодаро баррасӣ карданд.
Ба масъалаҳои вусъат додани гардиши мол, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳои пешқадам ва пешбурди барномаҳои табодули фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла тавассути фаъол гардонидани робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.