Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд

  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин афзалиятҳои амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муайян карданд

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 май аз музокироти дуҷониба бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин оғоз ёфт.

Мулоқот бо ширкати ҳайатҳои ду кишвар дар қароргоҳи Шэнси дар шаҳри Сиан баргузор шуд.

Дар оғоз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин сарвари давлатамонро самимона хайрамақдам гуфта, ӯро бо баргузории бомуваффақияти раъйпурсии конститутсионӣ самимона табрик намуд ва ба ӯ дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Ӯзбекистон комёбиҳои калон таманно намуд.

Дар навбати худ, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев барои даъват бобати бозиди давлатӣ аз Чин ва барои пазироии гарму ҷӯшон ва самимона миннатдорӣ баён кард. Сарвари Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва интихоб шуданаш ба мансабҳои олии давлатии кишвар самимона табрик гуфт.

Мавзӯҳои мубрами рӯзномаи васеи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин дар давраи нав муфассал баррасӣ гардиданд.

Татбиқи пайгиронаи тавофуқоти ҳосилшуда, суръатбахшии равобити дуҷониба, таҳкими муколамаи сиёсӣ ва дастгирии ҳамдигар аз рӯи масъалаҳои муҳим бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд.

Ба табодули судманди таҷриба ва тадбирҳои амалии ҳамкорӣ дар самти рафъи камбизоатӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи замин, соҳибкории хурду миёна, таҷдиди инфрасохтор, беҳтар намудани сифати хидмати тиббӣ ва таълими касбӣ эътибори ҷудогона дода шуд.

Дурнамои густариши ҳамкориҳои амалии мутақобилан судманд дар соҳаи тиҷорату иқтисод муфассал баррасӣ шуд. Сухан дар бораи пешбурди лоиҳаҳои муштарак, пеш аз ҳама дар соҳаи бунёди иншооти замонавии саноатӣ, корхонаҳои сармоягузорӣ ва технологӣ меравад.

Аз рӯи ҷамъбасти анҷумани тиҷоратӣ чанд рӯз қабл созишномаҳо ба имзо расида, оид ба татбиқи лоиҳаҳои истиқболбахш ба маблағи 25 миллиард доллар тавофуқ ҳосил шуд.

Ба татбиқи барномаи васеъмиқёси ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва технологӣ оид ба рушди энергетикаи алтернативӣ, ки сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ, шамолӣ ва обӣ, истеҳсоли панелҳои фотоэлектрикӣ, таҷҳизоти барқӣ, трансформаторҳо, аккумуляторҳо, инчунин рақамикунонии идоракунӣ ва тайёр кардани мутахассисон таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Имкониятҳои амиқсозии кооператсия дар истеҳсоли мошинҳои насли нав – ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли мошинҳои электрикӣ ва мошинҳои дорои муҳаррики гибридӣ баррасӣ шуданд.

Аҳамияти кор карда баромадани лоиҳаҳо дар соҳаҳои муҷовир қайд карда шуд. Аз ҷумла, ташкил кардани кластери баландтехнологӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ дар асоси азнавкоркарди амиқи мис, литий ва маъданҳои нодир аз ҷумлаи онҳост.

Ба ғайр аз ин, манфиатдории тарафайни мамлакатҳоямон  аз амиқсозӣ ва густариши кооператсия дар истеҳсоли пластмасса, маснуоти кимиё, маснуоти металлӣ, озуқаворӣ, масолеҳи бинокорӣ, бофандагии тайёр, ташкили кластери биотехнологй ва ғайра қайд карда шуд.

Ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои судманди молиявӣ ва техникӣ бо бонкҳои пешбари Чин ва Хазинаи “Роҳи абрешим”, инчунин Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё баҳои баланд дода шуд.

Барои кушодани иқтидори ҳамкории минтақаҳои ду кишвар, аз ҷумла дар самти табдилдиҳии вилояти Сирдарё ба “ҳудуди инноватсияи пешқадам” чорабиниҳои муштарак муайян карда шуданд

Бо дарназардошти барқарор шудани робитаҳои фаъол ва ҳаракати ҳавоӣ, масъалаи баргузории Форуми якуми шаҳрҳо ва минтақаҳо дар Ӯзбекистон баррасӣ мешавад.

Вазифаҳои мутаносиб зиёд кардани муомилоти моли байниҳамдигарӣ, ки дар солҳои охир ду баробар афзуданд, муайян карда шуданд.

Аҳамияти ҳарчи зудтар оғоз кардани корҳои амалӣ оид ба сохтмони роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон” таъкид шуд.

Дар соҳаи гуманитарӣ доир ба зарурати фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва сайёҳӣ, баргузории рӯзҳои муштараки фарҳангу санъат ва синамо, инчунин густариши барномаҳо дар соҳаи тибби анъанавӣ, табобати чашм ва дигар касалиҳо, истеҳсоли ваксина ва доруворӣ якдилона фикр баён карда шуданд.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва сиёсати байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Мулоқот дар фазои анъанавии боварӣ, рӯшод ва дӯстона гузашт. Раҳбари Ўзбекистон сарвари Чинро даъват намуд, ки аз кишвари мо боздид ба амал орад. Даъват бо миннатдорӣ қабул карда шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: