Дар доираи барномаи чорабиниҳои сафари корӣ ба шаҳри Боку Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот анҷом дод.
Дар оғози сӯҳбат роҳбари давлати мо пешвои Озарбойҷонро бо ташкили муваффақонаи Саммити иқлими СММ (COP29) самимона табрик гуфт.
Масъалаҳои муҳими минбаъд густариш додани робитаҳои дӯстӣ ва иттифоқии байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар заминаи созишномаҳои дар сатҳи олӣ моҳи августи ҳамин сол бадастомада муҳокима шуданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки сатҳи кунунии ҳамкорӣ дар Солии рушди фаъолонаи муносибатҳои гуногунҷабҳа байни ду кишвар ба дараҷаи баланд расидааст.
Ҳаҷми мумилоти мол дар ҳоли афзоиш аст, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати нассоҷӣ, соҳаи электротехникӣ, кишоварзӣ, саноати сохтмон, шаҳрсозӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият амалӣ мешаванд.
Зарурати афзоиши минбаъдаи миқдори лоиҳаҳо, аз ҷумла бо ҷалби маблағҳои Ширкати муштараки сармоягузорӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ, ки барои расондани кумак ба рушди иқтисодии Афғонистон нигаронда шудааст, муҳокима шуданд.
Ба идомаи мубодилаҳои фаъоли фарҳангию башардӯстона ва байниминтақавӣ, инчунин омодасозии барномаи фарогири чорабиниҳо дар доираи таҷлили 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ дар соли 2025 диққати алоҳида дода шуд.
Дар доираи мулоқот маросими оғози корхонаи муштараки дӯзандагӣ дар шаҳри Хонкенди низ баргузор гардид.