Роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули афкор намуданд

  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули афкор намуданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули афкор намуданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар доираи танг музокирот гузаронданд.

Сарвазири Покистон сарвари давлатамонро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон барои кишвараш аҳамияти  аввалиндараҷа дорад.

Дар мулоқот ба масъалаҳои таҳкими шарикии стратегӣ, рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар таваҷҷуҳи асосӣ нигаронда шуд.

Солҳои охир дар рушди муносибатҳои дуҷониба динамикаи фаъол мушоҳида мешавад. Дар сатҳи вазорату идораҳо, минтақаҳои ду кишвар робитаҳои доимӣ барқарор гардида, созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда пайваста амалӣ мегарданд.

Сарфи назар аз пандемия, ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо инкишоф меёбад. Дар соли 2021 муомилоти тарафайни мол  50 дарсад афзоиш ёфт. Афзоиш аз аввали соли ҷорӣ 70 дарсадро ташкил медиҳад. Имрӯз дар Ӯзбекистон бо сармоягузорони покистонӣ 177 корхона таъсис дода шудааст.

Дар остонаи сафари Президенти Ӯзбекистон дар Исломобод ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, форуми соҳибкорон ва машваратҳои сиёсӣ баргузор шуд.

Шавкат Мирзиёев ва Имрон Хон натиҷаҳои ин рӯйдодҳоро баррасӣ карданд. Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми созишномаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфта, дар баробари ин барои рушд имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Зимни табодули афкор аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мувофиқат ё шабоҳати мавқеъҳо тасдиқ гардид.

Ӯзбекистон ва Покистон дар арсаи байналмилалӣ, бахусус, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Баъд шудани вазъи башардӯстона дар Афғонистон боиси нигаронии ҷиддии Ӯзбекистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақа шудааст. Аҳамияти густариши саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон қайд гардид.

Имрон Хон луғати вожаҳои маъмулии урду-ӯзбекиро, ки Президенти Ӯзбекистон ба ӯ туҳфа кардааст, бо миннатдории зиёд пазируфт, ки он беш аз 3000 вожаро дар бар мегирад, ки ба забонҳои узбакӣ ва урду як маъно доранд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: