Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 ноябр бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 ноябр бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистон ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.
Ба пешбурди ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама вусъат додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, омода ва татбиқи лоиҳаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ғайр аз ин, аҳамияти фаъолгардонии робитаҳои минтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ қайд гардид.
Дар бораи аз ҷониби ҳукуматҳои ду мамлакат якҷоя кор карда баромадани самтҳои нав ва барномаҳои дақиқи ҳамкории ба ҳамдигар муфид созиш ҳосил гардид.
Сарони давлатҳо ҷадвали вохӯриҳои сатҳи олии дарпешистодаро низ баррасӣ карданд.