Роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия аз натиҷаҳои пурсамари намоишгоҳи «ИННОПРОМ» дар Тошканд истиқбол карданд

Масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳои амалӣ, таъмини динамикаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва дастгирии лоиҳаҳои кооператсияи корхонаҳои пешрафта дар рафти мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки 26 апрел баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

Роҳбарони ҳар ду мамлакат натиҷаҳои пурсамари Намоишгоҳи байналхалқии саноатии «ИННОПРОМ. Осиёи Миёна»-ро, ки дар ин рӯзҳо баргузор мегарданд, бо қаноатмандии амиқ қайд намуданд.  Дар кори он зиёда аз 5000 нафар намояндагони тиҷоратии 35 мамлакат иштирок доранд.

Дар рафти суҳбат аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар саноати мошинсозӣ, нақлиёти роҳи оҳан, дорусозӣ, саноати кимиё ва дигар бахшҳои афзалиятнок таъкид гардид.

Дар омӯзиши таҷрибаи пешқадами рушди ипотекаи саноатӣ, кластерҳо, фонди рушди саноат ва дигар воситаҳо манфиатдорӣ қайд карда шуд.

Инчунин оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар анҷоми суҳбат Президенти Ӯзбекистон ба Президенти Русия барои дастгирӣ дар баргузории раъйпурсии дарпешистодаи конститутсионӣ дар қаламрави Федератсияи Русия самимона изҳори сипос намуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: