5 июл суҳбати телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба вуқӯъ пайваст.
Дар аввали суҳбат Президенти Русия нисбати чорабиниҳои қатъие, ки роҳбари давлатамон бинобар ба субот овардани вазъият дар Қароқалпоқистон андешидааст, изҳори дастгирӣ намуд.
Масъалаҳои минбаъд мустаҳкам намудани муносибати шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия, вусъат бахшидани ҳамкории бисёрҷанбаи ду мамлакат баррасӣ гардиданд. Ба татбиқи амалии қарордодҳое, ки зимни мулоқот дар дараҷаи олӣ дар шаҳри Маскав моҳи ноябри соли гузашта ноил гаштаанд, эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Бо қаноатмандии том фаъолсозии робитаҳои дуҷониба ва табодули тарафайн таъкид гардид. Аз аввали сол ҳаҷми савдои ҷонибҳо ба 35 фоиз афзуд. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва барномаҳои ҳамкориҳои маданиву инсонпарварӣ идома дорад.
Инчунин табодули афкор бинобар масъалаҳои мавзӯи минтақавӣ ба вуқӯъ пайваста, ҷадвали чорабиниҳои оянда, аз он ҷумла дар доираи ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ гардид.