Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

18 май дар чаҳорчӯби барномаи ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки дар шаҳри Сиан баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва амиқсозии муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Роҳбарон ба натиҷаҳои судманди ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки 12 май дар Тошканд баргузор шуд, баҳои баланд доданд.

Аҳамияти иҷрои амалии қарорҳои оид ба зиёд кардани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ ва пеш бурдани лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқ, нақлиёту алоқа ва дигари саноат қабулшуда таъкид гардид. Сарони Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: