Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

21 июл дар ҳошияи Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Чӯлпон-Ота баргузор шуд, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ дар заминаи татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки кооператсия ва ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамчунин доир ба рӯзномаи кунунии минтақавӣ табодули назар карданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: