Сарвари давлатамон дар моҳҳои охир қариб ки дар ҳар як баромадаш оид ба таъмини шуғли ҷавонон истода мегузарад.
Сарвари давлатамон дар моҳҳои охир қариб ки дар ҳар як баромадаш оид ба таъмини шуғли ҷавонон истода мегузарад. Дар ҷамъомади навбатӣ ҳам мушкилоти ба масъалаҳои ҷавонон марбут ҳамчун масъалаи муҳимтарин ва мубрами рӯз мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар саросари кишвар 648 ҳазор нафар бекорон ба «дафтари ҷавонон» шомил шуда бошанд, дар семоҳаи аввал аз онҳо 283 ҳазор нафарашон бо кор таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, ба 175 ҳазор ҷавон 45 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд, 76 ҳазор ҷавон ба корҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ ҷойгир карда шуданд, ба 33 ҳазор ҷавон барои соҳибкорӣ ба маблағи 800 миллиард сӯм қарз дода, ба 6000 нафар субсидия ва кӯмаки шуғл пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади пурмазмун гузаронидани вақти холии ҷавонон 36000 маҳфилҳои гуногуни иловагӣ ташкил карда шуда, он тақрибан 874 000 нафар ҷавононро фаро мегирад.
Аммо, беэътиноии баъзе мансабдорони масъул ба масъалаи ҷавонон касро ба ҳайрат меорад. Дар ин бобат як зарбулмасали ҳакимони мо ба ёд меояд: «Шикамсер ба шикамгурусна чӣ кор дорад?»
Азбаски сиёсати имрӯзаи мо асосан ба ҳалли мушкилоти ҷавонон ва занон дахл дорад, ин масъала бояд бешубҳа ба нақшаи кори ҳаррӯзаи роҳбари имрӯза ворид карда шавад ва ҳеҷ як муроҷиати ҷавонон ва занони мо набояд беэътибор монад.
Дар ин лаҳза ҳангоми сафари корӣ ба Фаргона ба ёд овардани суҳбатамро бо як ҷавоне, ки бо соҳибкорӣ шуғл варзиданро ният кардааст, ҷоиз донистам. Вай барои сохтани гармхона ба бонк барои гирифтани қарз муроҷиат кардааст. Дар бонк ба ӯ дар бораи фоизҳои вом ва имтиёзҳо таассурот ҳам надодаанд. Маълумот оиди кредити камтарин 25-28 фоизро ташкил медиҳад, гӯён ба ӯ додашуда, ҳар касеро мехоҳад, ки соҳибкориро ба роҳ монад, дилсард мегардонад. Ҳол он ки, ба ҷавонони мо, ки мехоҳанд ба соҳикорӣ шурӯъ кунанд, имтиёз ва субсидияҳои зиёд дода мешаванд.
Новобаста аз он ки мо дар кадом соҳа кор мекунем, хоҳ корманди бонк ва хоҳ роҳбари идора ё ташкилоти масъул, ба ҳар касе, ки ба назди мо кӯмак пурсида меояд, дасти мадад дароз карда, мушкилоташонро ҳал намоем, натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда метавонем.
Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҷавонон ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб карда мешаванд ва ба ҷавононе, ки ба «дафтаи ҷавонон» ворид карда шудаанд ва бо деҳқонӣ шуғл меварзанд, барои хариди тухмӣ ва ниҳолҳо ба миқдори то 2 миллион сӯм субсидия дода шавад. Ин оид ба ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар бехатарии хӯрокворӣ ва коҳиш додани нархи наво омили муҳим мегардад.
Боз як масъалаи мубрами рӯз. Имрӯзҳо ҳолатҳои сироятёбӣ бо COVID-19 дар кишвари мо аҳолиро боз ба ташвиш овардааст. Ин, дар навбати худ, зиёд гардондани шумораи мутахассисони зинаи миёнаи баландихтисоси тиббиро тақозо мекард, то ҳар як маҳалла ва хонавода бо хидмати босифати тиббӣ фаро гирифта шаванд. Дар соли равон иловагӣ таъсис дода шудани то 20 000 штати кормандони миёнаи тиббӣ ва иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонписарон ва духтарони мо, ки коллеҷҳои тиббиро хатм кардаанд ва дар айни замон наметавонанд кор пайдо кунанд, имконияти хуб аст.
Инчунин, Фармони Президент дар бораи рушди сайёҳӣ ва варзиш низ қабул шуд. Барои рушди соҳа имтиёз ва маблағҳои калон ҷудо карда шуданд. Бисёр ҷойҳои корӣ аз ҳисоби рушди инфрасохтори варзишӣ, бунёди иншооти хусусии варзишӣ, минифутбол, марказҳои фитнес, инчунин ҷалби аҳолӣ ба варзишҳои оммавӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳар даҳумин аҳолии машғули ҷаҳон дар ин соҳа кор мекунад. Барои ҷавонон соле ба воситаи куллан ривоҷ додани иқтидори сайёҳии кишвар, рушди бозорҳои хориҷӣ ва дохилии хизматрасонии сайёҳӣ, сайёҳии зиёратӣ, экотуризм, этнотуризм, сайёҳии тиҷорӣ, варзиш, сайёҳии гастрономӣ, тиббӣ, маърифатӣ ва илмӣ ҳамчунин рушди инфрасохтори онҳо камаш беш аз 30 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам овардан мумкин аст.
Роҳбарӣ ва мансаб барои инсон имтиҳон аст. Дар ин давраи озмоиш дар роҳи пешрафту фаровонии кишвару халқамон сидқидилона меҳнат карда, сазовори эҳтиром ва таваҷҷӯҳи мардуми худ шудан шарафи олист.
Дилбар
МАМАДҶАНОВА,
депутути Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.