РОҲХАТ БА ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ – 2024

Дар шаҳри Анталияи Туркия аз рӯйи навъи камонварии варзиш мусобиқа гузаронида шуд.

Дар он Амирхон Содиқови самарқандӣ маҳорати баланди нишонзанӣ худро намоиш дода, сазовори медали тилло гардид ва ба Олимпиадаи Париж – 2024 роҳхат ба даст овард.
Ба ифтихори ин дастовард ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба варзишгар ва мураббии вай Мунира Нурманова ташаккурнома ва туҳфаҳо супурд.
– Ин мусобиқа дар доираи турнири байналхалқӣ гузаронида шуд ва дар он варзишгарони қавии ҷаҳон иштирок карданд, – гуфт Амирхон Содиқов. – Ба мусобиқа дар Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ тайёрӣ дидем ва барои гирифтани роҳхат боварӣ доштем. Ният дорем, ки дар олимпиада низ пирӯз гардида, парчами ватанамонро баланд  бардорам.
Ба муносибати истиқболи Амирхон дар Садорати посбонии вилояти Самарқанд низ чорабинӣ гузаронида шуд.
Таъкид карданд, ки дар ривоҷи камонварӣ дар диёри мо ҳиссаи Гвардияи миллӣ беандоза аст. Инчунин, ба падару модар ва мураббиёни Амирхон, ки дар комёбии ӯ саҳми шоиста доранд, миннтадории худро изҳор намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: