РОҲХАТИ ОЛИМПИРО БА ДАСТ ОВАРД

Дар шаҳри София чемпионати ҷаҳон оид ба намуди атлетикаи сабук ба поён расид.

Дастаи яккачини Ӯзбекистон дар байни беш аз 150 кишвар ҷои 7-умро ишғол кард, ки дар он вакили самарқандӣ Таҳмина Икромова саҳми арзанда гузошт.

Вақте ки Таҳмина бо дугонааш Асалой Аҳмадова барои иштирок дар чемпионат сӯйи пойтахти Булғорияро пеш гирифт, модараш Мадина Икромова даст ба дуо бардошта гуфт:
– Бачаҷон, илоҳӣ ҳамеша рӯҳи поки падари бузургвор туро дастгирӣ кунад ва комрон бошӣ!
Воқеан, чанде пеш дар шаҳри Кунияи Туркия Таҳмина дар мусобиқаи байналмилалии 5-уми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ пирӯз шуд ва ҳангоми ба ӯ медали тилло супурдан, беихтиёр ашк рехт ва гуфт: «Дадаҷон, муваффақият ва сарбаланд гардиданам аз дуои хайри шумо ва дастовардҳои ман барои шумо...»
Таҳмина дар оилаи шифокорони дилбастаи варзиш ба дунё омад. Шояд аз ҳамин сабаб падари бузургвораш Иззатулло Икромов (илоҳӣ рӯҳаш шод бод!) Таҳминаро ба сексияи атлетикаи сабук оварда, ба дасти мураббии ғамхору меҳрубон Елена Асланова супурд. Вай аз рӯзи нахустин дилгармона ҳар як талабу дархости мураббии ғамхору меҳрубонро иҷро кард. Ҳангоми бори нахуст духтараки ба варзиш маҳлиё дар Самарқанд ҷоиза гирифт, қиблагоҳаш ният карда буд, ки фарзандаш чемпиони ҷаҳон шавад. 
Соли гузашта дар шаҳри Маскав чемпионати ҷаҳон баргузор гардид ва барои ҷоиза гирифтани варзишгари самарқандӣ ҳамагӣ чанд хол нарасида буд.
– Шогирдам дар мусобиқаҳои гуногуни байналхалқӣ, чемпионати Осиё аз шоҳсуфаи баланд ҷой гирифтааст, – мегӯяд устодаш Елена Асланова, – зеро ӯ қариб 15 сол боз бо варзиш пайваста машғул мешавад. Иродаи қатъӣ, кӯшишу ғайрати зиёд дошта, далеру чолок, бебоку ҳақталаби мардтинат аст. Ҳамин сол дар пойтахти ватанамон ҷоми ҷаҳонӣ шуда гузашт ва шогирди азизам се медали тилло ва як биринҷӣ ба даст овард.
Дар Булғория шогирдон бо тӯб, тасмаи абрешимин, чанбарак, шашпар, яъне чӯби дастадор машқҳои гуногунро иҷро карданд. Албатта дар байни вакилони беш аз 150 мамлакат дастболо шудан кори осон нест. 
– Аз муваффақияти мо бисёр чизҳо вобаста буда, барои ба муроди дил расидан хеле талош варзидем, – мегӯянд варзишгарони самаркандӣ, – роҳхат ба Олимпиадаи Парижро ба даст овардем. 
– Дар София варзишгарони номдори соҳибтаҷриба ҷамъ омаданд, ки дар байни онҳо се карат чемпиони ҷаҳон низ буд. Бо вуҷуди он ҷойи чорум насиби ман шуд. Дар таърихи атлетикаи сабук дастаи яккачини Ӯзбекистон ҷойи ҳафтумро гирифт, ки нисбат ба солҳои гузашта хеле баландтар ва олиҷаноб аст. Мо аз ғамхорӣ ва диққату эътибори сарвари давлатамон рӯҳбаланд гашта, дар Париж комёбиҳои назаррасро ба даст оварда, боварии Президенти кишварро сафед хоҳем кард, – гуфт Таҳмина. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: