«РОҲИ БОЛО»

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоиши асарҳои донишҷӯйи Институти рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод Алишер Ӯрозов ташкил карда шуд.

Алишер соли 2002 дар ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд дида ба дунё кушодааст. Баробари таҳсил дар Мактаби ихтисосонидашудаи санъат ва маданияти шаҳри Самарқанд бо эҷод низ машғул гардид, дар як қатор намоишгоҳҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ фаъол иштирок намуд. 
Намунаҳои эҷоди ӯ бо номҳои «Ҳавои кӯҳсор», «Вақт», «Ризқ», «Сукунат», «Деҳаам», «Роҳи боло», «Хумсон», «Саҳар», «Да-ла», «Ош» ва ғайра дар экспозитсия ҷой доранд.

«КӮЧАИ УРГАНҶИ НАВ»

Дар Галереяи санъати тасвирӣ бахшида ба хотираи кинооператори аввалини ӯзбек Худойберган Девонов (1878-1940) фотонамоишгоҳ таҳти номи «Худойберган Девонов ва замони ӯ» баргузор шуд.
Худойберган Девонов аз Маскав ва Петербург телескоп, граммофон ва дигар ҷиҳозҳоро оварда, фотолаборатория ташкил намудааст. 
Дар экспозитсия намунаҳои беҳтарини эҷоди ӯ, аз қабили «Панорамаи Ичанқалъа», «Кӯчаи Урганҷи нав», «Мадрасаи Муҳаммад Раҳимхон дар ибтидои асри XX», «Беморхонаи қалъаи Дишан», «Канали Хива», «Манораи Исломхӯҷа», «Иди халқҳо», «Ҳамсолони Худойберган Девонов», «Гурӯҳи хонанда ва навозандаҳои машҳури Хоразм», «Портрети занони Хоразм», «Корвон дар саҳро», «Бозори хонигарии Хива»  ҷой доранд, ки аз ҷониби Х. Девонов аз  порчаҳои филмҳо гирифта шуда,  тамошобинро бо тарзи ҳаёт, маърифат, дӯстиву ватанпарварии он давр ошно мегардонад. Дар асарҳои кинооператор деворҳои шаҳр, растаҳои бозор, дорбозон, аробаҳои Хива ва дигар лавҳаҳои таърихӣ акси худро ёфтаанд.
Намоишгоҳ то 17 июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.              

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: