РОҲИ ИНТИХОБНАМУДА

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд бахшида ба 80-умин солгарди Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, академик, профессор Бахтиёр Назаров таҳти номи «Роҳи интихобнамуда» намоишгоҳи шахсии ӯ баргузор гардид.

 Дар он қариб 100 асари наққош ба маърази намоиш гузошта шуд.
Тавре ки дар суҳбати мизи мудаввар аз ҷониби мутахассисони соҳа таъкид гардид, наққош роҳи пуршебу фарози эҷодро пушти сар гузоштааст.
Намунаҳои осори ба маъразгузоштаи ӯ, ки дар онҳо тарзи ҳаёти ҳамзамонон, манзилҳои зисти мо, лавҳаҳо аз таърихи сиёсиву иҷтимоӣ, шахсони таърихӣ, арзишҳои миллӣ, ёдгориҳои меъморӣ, симои занони кишвар ва мамолики хориҷӣ, намояндагони барҷастаи илму адаб — Нодира, Зебуннисо, Л. Саримсоқова, М. Қайюмов ва дигарон инъикос ёфтаанд, ҳамчунин, ангораҳое, ки барои филмҳои «Бачаи шум» ва «Машраб» офаридааст, ба ҳусни таваҷҷуҳи бинандагон афзуданд.
Наққош дар деҳаи Нанайи вилояти Намангон ба дунё омадааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи наққошии ба номи П. Бенков, Донишкадаи давлатии умумииттифоқи кинематография, узви Иттифоқи арбобони кино ва Академияи бадеии Ӯзбекистон мебошад. Дар намоишгоҳҳои шахсӣ ва гурӯҳии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар (Хитой, солҳои 2007-2010) бо наққошиҳояш ширкат ҷустааст.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: