РОҲИ МАРДИ ДИЁРИ КӮҲИСТОН

Зиндагӣ бо ту ситезам ҳар саҳар, То кушоям як гиреҳи рӯзгор... Салом устод! – ин нидо ӯро ба худ овард. Дар даромадгоҳ як гурӯҳ шогирдони собиқаш меистоданд.

Онҳоро хеле хуш пазируфт. Аз симо ва сафедиҳои мӯйи шогирдон дарк намуд, ки аз умр фурсати зиёде гузаштааст. Ҳакимҷон Эргашев муаллими синфҳои ибтидоии мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона аст. Хатмкардаи бахши педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ӯ донишгоҳро соли 1981 хатм карда, ба мактаби деҳа омад ва он ҷо аз таҷрибаи падар Ҳомидҷон Эргашев, устодон Умарҷон Моминҷонов, Додо Муйдинов, Мулло Мусоев, Мирзоҷон Хуҷамовҳо баҳра бурда, худ ба дараҷаи устодӣ расиду шогирдони зиёдеро тарбия кард. Вай ҳамчун роҳбари корҳои сексионӣ ба ҳампешагон ёрии методӣ медод. Донишу таҷриба ва кордониашро ба инобат гирифта, ӯро аввал мудири қисми илмии синфҳои ибтидоӣ, сонитар директори маърифатгоҳи зикршуда таъин карданд. Тӯли чандин сол бо ёрии ҳомиён барои ғанӣ намудани пойгоҳи моддӣ ва техникии мактаб камар баст. Дар таъмири ҷорӣ, шиферпӯш намудани болои бинои дуошёна, сохтани қаровулхонаи нав, таъминкунӣ бо гази табиӣ, сохтани гармхона саҳм гирифт. Ғайр аз ин устод дар коллеҷи касбу ҳунари ноҳияи Сӯх барои тайёр намудани муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва тарбиятгари муассисаҳои томактабӣ аз фанхои махсус дарс гуфт. Устод дар куҷое набошад, аз таҳти дил меҳнат намуд. Ҳакимҷон Эргашев аз давраҳои мактабиву донишҷӯйӣ шеър машқ мекард. Дар Хучанди бостонӣ аз шоирон Озод Аминзода Н. Алимуҳаммедова, Одина Азимӣ, дар зодгоҳаш аз устодон Ҳамробой Илҳом, Нодир Нодирӣ, Муҳаммадҷон Шодиев маслиҳатҳо мегирифт. Намунаҳои эҷодиёти ӯ дар газетаи девории «Маҳорати педагогӣ»-и донишгоҳ,рӯзномаҳои «Хақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Ҳаёти нав» (имрӯз «Садои Сӯх»), рӯйи чопро дидаанд. Соли 2003 намунаҳои ашъораш дар баёзи «Ҷилои ахтарони Сӯх» чоп шуданд. Соли 2015 маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Пайғом» дар шаҳри Тошканд аз нашр баромад. У соҳиби оилаву чор фарзанд, се писар ва як духтар буд. Ду писари устод Наимҷон 32 сола (муаллими мактаби рақами 8) ва Фирӯзбек 26 сола (ходими шуъбаи молияи ноҳия) пешу қафо дар муҳлати 20 рӯз ин дунёро тарк намуданд. Ин зарбаи сахти тақдир устодро муддате карахт кард. Писари калонӣ Соҳибҷон меъмор, духтараш Маъмурахон муаллима буда, ҳоло нафақахӯранд. – Шогирдони ман дар ҳаёт ҷою мақоми худро ёфтанд, эҳтироми онҳову халқи азиз барои ман аз ҳама унвонҳо баланд аст, – мегӯяд Ҳакимҷон. – Одам дар паҳнои ҳаёт қадам зада, чун ба марра наздик расид, боре ба ақиб нигоҳ мекунад, то донад, ки дар ин сафари зиндагӣ чӣ чизе аз худ гузоштааст. Агар чизе, пайе гузошта бошад, хуб, агар не ҷойи афсӯс аст... Шунидам, ки гуфтаанд: «Дар ин дунё агар чизе набудӣ, Ба он дунё кирои рафтанат не» Ман низ бо умед ба роҳои тайкардаам менигарам, то донам, ки кирои умри рафтаам ҳаст ё не?.. Устод дар як шеъри худ фармудааст: Аз баландӣ ба пастӣ мешорад, Рӯди кӯҳӣ ба оҳ, бо афғон Лек аз пастӣ бар баландиҳост Роҳи марди диёри кӯҳистон. Бунёд ШОМАТОВ, омӯзгор. Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: