РОҲИ МО ЯКТО: ҲАЛОЛ ХИДМАТ КАРДАН БА ОДАМОН, МУВАФФАҚ ШУДАН БА РОЗИГИИ ХАЛҚ

Президент Шавкат Мирзиёев 20 ноябр ба мақсади шинос шудан бо корҳои созандагию ободоние, ки дар шаҳри Тошканд гузаронида мешаванд, муколама бо мардум ба ноҳияҳои пойтахт ташриф овард.

Президент Шавкат Мирзиёев 20 ноябр ба мақсади шинос шудан  бо корҳои созандагию ободоние, ки дар шаҳри Тошканд гузаронида мешаванд, муколама бо мардум ба ноҳияҳои пойтахт ташриф овард.
Аввалин объекти ташриф Технопарк дар ноҳияи Яшнобод гардид. Дар боғи инноватсионӣ, ки мутобиқи Фармони Президент «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи кооператсияи саноатӣ ва васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз» аз 1 майи соли 2019 сохта шудааст, дар муддати кӯтоҳ дар ин ҷо индустрияи саноатӣ ба роҳ монда шуд.
Дар соли 2010, вақте ки корхонаи авиатсионии Тошканд кор мекард, дар ин ҷо ба маблағи 50 миллион доллар маҳсулот истеҳсол карда шуда, ба маблағи 30 миллион доллар содир карда шуда буд. Пас аз ба кор дароварда шудани ҳамаи лоиҳаҳо дар Технопарк, интизор меравад, ки дар соли 2021 маҳсулот ба маблағи 520 миллион доллар истеҳсол карда шавад, содирот 105 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Илова бар ин, қаблан дар ин ҷо 3 ҳазор ҷойҳои корӣ мавҷуд буд, дар Технопарк ин рақам тақрибан 6,7 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсолот 10 маротиба, содирот — 3,5 маротиба ва шумораи ҷойҳои корӣ  — 1,7 маротиба зиёд мешавад.
Технопарк аз 7 блок иборат аст. Дар ин ҷо 17 лоиҳа ба маблағи 365 миллион доллар татбиқ карда мешавад.
Моҳи феврали соли равон заводи ҳисобкунакҳои электронии газ, моҳи август — заводи истеҳсоли яхдонҳои маишӣ ба кор даромад. Паси ҳам лоиҳаҳои дигар ба истифода дода мешаванд.
Президент иқтидорҳои нави истеҳсоли лифт ва эскалатор, насосҳои об, кондитсионерҳои саноатӣ, системаҳои хунуккунӣ ва қолибҳоро аз назар гузаронд.
Дар корхонаи васлкунии лифт сарвари давлат ба дараҷаи маҳаллигардонии  маҳсулот таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ин рақам дар ҳоли ҳозир 32 дарсадро ташкил медиҳад.
Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар биноҳои бисёрқабата дар Тошканд ва дигар шаҳрҳо фарсуда шудани таҷҳизоти лифт мебошад, ба ин муносибат оид ба коҳиш додани арзиши аслӣ аз ҳисоби васеъ гардондани маҳаллсозӣ, иваз кардани лифтҳои куҳна ва хушсифат хидмат расондан ба лифтҳои нав супоришот дод. Аҳамияти тайёр кардани мутахассисон оид ба истифодаи лифтҳои замонавӣ таъкид гардид.
Ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо яке аз истеҳсолгарони маъруфи ҷаҳони соҳа - ширкати «Shanghai Mitsubishi» ба амал татбиқ гаштааст. Иқтидори солонаи истеҳсолот 2 ҳазор лифтро ташкил менамояд.
Ҷараёни истеҳсолот дар асоси стандартҳои замонавӣ ташкил гашта, маҳсулот бо чандин бартарӣ тафовут дорад. Таҷҳизоте, ки ба ҷамъият пешниҳод мегардад, барои истифода дар биноҳои гуногун - маъмурӣ, тиҷоратӣ ва истиқоматӣ, маҷмӯаҳои шодӣ ва меҳмонхонаҳо муқаррар гаштааст. Бо мақсади таъмини пурраи мувофиқат ба нишонаҳои сифат ва бехатарӣ дар ҳудуд бурҷи озмоишии баландиаш 60 метр гузошта шудааст.
Сарвари давлат кори мутахассисони ҷавони корхонаи истеҳсоли қолибҳоро тамошо кард.
Бо фармоиш дар корхона бо усули шакли штамп барои коркарди филиз ва бо усули резиш шакли фишордода барои маҳсулоти пластикӣ истеҳсол мегардад.
Боз як бартарии лоиҳа - баланд будани самаранокӣ. Яъне вақте ки дар таҷҳизот барои шакли фишурдаи чунин намуд дар дақиқае панҷ ҷузъ истеҳсол мегардад, ки таҷҳизоти дар ҷамъият истифодагарданда имконият медиҳад, ки дар як дақиқа 20 ҷузъ истеҳсол гардад.
— Чунин корхонаҳо як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро ҳал мекунанд. Аҳолӣ, бахусус ҷавононро бо кор таъмин мекунад. Имрӯз дастоварди муҳимтарини мо аз он иборат аст, ки дар саноат насли нави кадрҳои миллӣ ба воя мерасанд, ки қодиранд технологияҳои баландро дар амал татбиқ кунанд, — таъкид намуд Президент.
Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки маҳз мутахассисони пешрафта сифати маҳсулотро таъмин мекунанд ва супориш дод, ки маркази таълимӣ барои омода кардани ҷавонон ба кор дар корхонаҳои саноатӣ ташкил карда шавад.
Иқтидори ҳарсолаи корхона дар бобати истеҳсоли насосҳои обӣ 550 ҳазор воҳид маҳсулотро ташкил менамояд. Дар ин ҷо 200 ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Лоиҳа аз ҷониби пешқадами ин соҳаи истеҳсолот - гурӯҳи ширкатҳои «Leo» ва ширкати «Atlas Corco» ба амал татбиқ мегардад.
Маҳсулот барои истифода дар рӯзгор ва хоҷагии қишлоқ, маҷмӯҳои  гармхонаҳо, барои обшорсозии қатрагӣ ва ҳамчунин барои истифода чун қисми ҷудонопазири системаҳои маишии обгармкунӣ истифода намудан муқаррар гаштааст. Барои таъмини сифати баланди истеҳсолот лабораторияи замонавӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Роҳбари давлат бо фаъолияти корхона доир ба истеҳсоли кондисионерҳои саноатӣ ва системаи шамолдиҳӣ шинос гардид. Дар ин ҷо соле 80 ҳазор воҳид маҳсулот истеҳсол мегардад. Бо баробари роҳандозии лоиҳа 300 ҷойи нави кор ба вуҷуд оварда шудааст.
Маҳсулотро дар объектҳои иҷтимоӣ ва соҳаи хоҷагии қишлоқ (анборҳои яхдон) истифода намудан мумкин аст.
Соли оянда дар Технопарк 9 корхонаи истеҳсоли чунин маҳсулоти серхаридор, ба монанди витринаҳои яхдон, радиаторҳои гармидиҳӣ, асбобҳои ошхона, фурнитура ва ҷузъиёт, қубурҳои мисӣ ва маводҳои изолятсионӣ ба кор медароянд.
Дар ин ҷо Президент Шавкат Мирзиёев бо кормандони тиб ва омӯзгороне, ки дар Тошканд кор мекунанд, суҳбат кард.
— Чӣ гуна метавон дар Тошканд ба ёрии тиббӣ ва таълими мактаби хушсифат муваффақ гардид? Ин савол маро ба ташвиш меорад. Ҳадафи ин мулоқот муайян кардани он аст, ки вазъ дар сатҳи ибтидоӣ чӣ гуна аст, онро чӣ тавр дуруст ба роҳ монд, — гуфт сарвари давлат.
Соли 2020 барои тамоми соҳаҳо озмоиши бузург гардид. Ҳам духтурон ва ҳам муаллимонро лозим омад дар шароити нав кор кунанд.
— Мо дар муқобили озмоишҳои душвор гирди ҳам омадем. Онҳо моро водор карданд, ки роҳи наҷот ёбем. Аз ин рӯ, мо натиҷаҳо ба даст овардем, — гуфт Президент.
Ҳамзамон, пандемия инчунин соҳаҳоеро нишон дод, ки дар онҳо камбудиҳо, самтҳои ислоҳот ва рушд мавҷуданд. Маҳз ҷамъомадҳои видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои маориф ва тандурустӣ, ки 30 октябр ва 6 ноябр баргузор шуданд, ба ин мақсадҳо равона карда шуданд. Пас аз муҳокима ва омӯзиши пешниҳодҳои дар ин ҷамъомадҳо изҳоргардида, фармонҳо ва қарорҳои Президент оид ба рушди маориф ва илм, ҷорӣ намудани механизмҳои принсипан нав дар фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалия ва васеъ ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим қабул карда шуданд.
Дар вохӯрӣ оид ба аҳамияти ислоҳот дар соҳаи маориф ва тиб, чораҳои татбиқи онҳо дар сатҳи асосӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки шаҳрвандон аз системаи тандурустӣ норозӣ ҳастанд: Бо 20 нафаре, ки аз беморхона мебароянд, сӯҳбат кунед, онҳо ҳама чизро ба шумо нақл мекунанд. Бисёриҳо аз сифати хизматрасонии тиббӣ норозӣ ҳастанд.
Сарвари давлат оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам оид ба барвақт муайян намудан ва табобати бемориҳо, беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ мубодилаи афкор кард.
Қайд карда шуд, ки кори системаи тандурустӣ ва маориф ҳамчун ҷузъҳои ягонаи омили муҳими солимии аҳолӣ, рушди баркамоли насли нав мебошад.
— Тиб ва маориф пули адолати байни давлат ва халқ аст, — гуфт Шавкат Мирзиёев. — Агар ҳамаи мо бо садоқати баланд, ҳалол кор кунем, ин низомро ислоҳ кунем, он гоҳ адолат таъмин карда мешавад. Мардум аз кори мо қаноатманд хоҳанд буд. Дар ин бобат Тошканд бояд намуна бошад. 
Сарвари давлат бо рафти сохтмони Маркази тиббии бисёрҷабҳаи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд шинос шуд.
Дар ин муассисаи калон шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, ҷонноккунӣ, микрохирургияи чашм, терапияи умумӣ, нефрология, пулмонология, гепатология, аллергология, кардиология, ҷарроҳии рагҳо, реаниматсияи қалбӣ, стоматология, гастроэнтерология, эндокринология ва дигар соҳаҳои махсус фаъолият хоҳад кард. Хизматҳо ба таври ҳамаҷониба дар асоси стандартҳои байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.
— Мо таҷрибаи идоракунии чунин клиникаҳоро надорем, ки тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, роҳбариро бояд ба менеҷерони ботаҷрибаи хориҷӣ дода, онҳоро аллакай дар марҳилаи кунунӣ ҷалб карда, пешниҳодҳои онҳоро оид ба сохтмон ва таҷҳизот гирифтан зарур аст, — гуфт сарвари давлат.
Ин марказ дорои 600 кат мебошад. Зиёда аз 200 намуди хидматрасонии амбулаторӣ ва статсионарӣ пешниҳод карда мешавад. Интизор меравад, ки мутахассисони марказ беш аз 3000 амалиёти олии технологӣ, аз ҷумла пайвандсозии аорта-коронар, ҷарроҳии пластикии эстетикӣ, артропластика, трансплантатсияи узвҳо ва бофтаҳоро анҷом хоҳанд дод.
Президент аҳамияти ташкили ҳамкории ин марказро бо клиникаҳо дар минтақаҳо қайд кард.
— Нороҳатии асосие, ки беморон аз сар мегузаронанд, роҳ аст. Бояд ташхис ва табобати фосилавии беморон дар ноҳияҳои дурдаст ташкил кард, то ба аз дур омадани мардум зарурат намонад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ташкили фаъолияти марказ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Қарор аст, ки бо клиникаҳои пешрафтаи кишварҳое чун Олмон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ҳамкорӣ ба роҳ монда, мутахассисони хориҷӣ ба кор ҷалб карда шаванд.
Дар марказ 250 духтур ва 500 ҳамшираи шафқат кор хоҳанд кард. Ба мақсади тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ба ҳамгироии таълим, амалия ва илм диққати калон дода мешавад.
Клиникаи замонавие, ки дар ҳудуди муассиса, ки бо номи «ТашМИ-и кӯҳна» маъруф аст, сохта мешавад, бояд моҳи декабри соли оянда ба истифода дода шавад.
Президент Шавкат Мирзиёев аз Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ дидан кард.
Дар ин ҷо корпуси нави дорои 75 кат барои шӯъбаҳои ҷарроҳии қалб, трансплантология ва нейрохирургияи рагҳо сохта мешавад. Дар натиҷа, шароити муосири кор фароҳам оварда шуда, суръати ҷарроҳӣ зиёд мешавад.
Ин шӯъбаҳо метавонанд ба таври иловагӣ дар як сол ба 3 ҳазор нафар беморон ёрии таъҷилии тиббӣ расонанд. 
Шуъбаҳои мазкур соле метавонад кӯмаки тиббии таъҷилии баландтехнологиро барилова ба 3 ҳазор бемор расонанд.
Ҳоли ҳозир дар шуъбаи кардиохирургия шабонарӯзе 400 ҷарроҳӣ ба амал оварда мешавад. Пас аз ба истифода супурдани бинои нав дар шуъба имконоти соле беш аз 700 амалиёт доир ба протезсозии аортаи шуъбаи навбаромад ва сарпушҳои дил, шунтсозии аортаву коронарии раги бисёр ба амал овардан ба амал оварда мешавад.
Дар шуъбаи трансплантология соле то сад ҷарроҳӣ ба амал оварда мешавад. Дар бинои нав имконот барои соле беш аз 300 ҷарроҳии шинондани ҷигар ва гурда имконият ба вуҷуд меояд.
Дар шуъбаи амалиёти нейро-раг соле аз эҳтимоли ногироӣ беш аз 200 нафар бемори раги мағзи сар раҳонда мешавад. То ҳоли ҳозир дар ин шуъба ҳамагӣ 50 ҷарроҳӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ғайр аз ин, дар шуъбаи амалиёти интервенсионӣ соле беш аз ҳазор муолиҷаи инвазиви хурди ташхис ва табобатӣ зимни зуҳури коронари бошиддат, халалдор гардидани бошиддати гардиши хуни мағзи сар ба амал хоҳад омад.
Бино инчунин дорои як шуъбаи реаниматсионӣ, катҳои табобати интенсивӣ, утоқҳои амалиёт, шӯъбаи ташхис бо таҷҳизоти технологӣ мебошад. Бинои нав соли 2021 ба истифода дода мешавад.
Табибоне, ки ба кор шурӯъ мекунанд, тахассуси худро дар марказҳои пешқадами тиббӣ ва илмии Австрия, Туркия ва Ҷопон такмил доданд.
Президент рафти сохтмони шуъбаҳоро аз назар гузаронд. Сарвари давлат пеш аз ҳама маркази илмӣ будани ин муассисаро қайд карда, зарурати васеъ гардондани фарогирии хадамоти баландихтисосро таъкид намуд. Дастур дода шуд, ки ҳамкорӣ бо ёрии аввалияи тиббӣ ба роҳ монда шуда, олимон аз хориҷа даъват гарданд, бо духтурон дар маҳалҳо мубодилаи афкор ташкил карда шаванд.
— Дар ноҳияҳо филиалҳои кӯмаки тиббии таъҷилӣ вуҷуд доранд. Соли оянда пас аз ба анҷом расидани сохтмони бино бо филиалҳо аз тариқи телемедитсина алоқа барқарор намудан зарур аст. Ва он гоҳ шуъбаҳои маҳаллии кӯмаки тиббии таъҷилӣ муассисаҳое мегарданд, ки ба аҳолӣ кӯмаки оперативӣ ва баландмалака расонда метавонанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роли кино дар рушди маънавияти халқ, тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватанпарварӣ беҳад аст. Кинои Ӯзбекистон роҳ ва анъанаи худро соҳиб аст, асарҳои хотирнишин, ки аз ҷониби арбобони маъруфи кино ба навор гирифта шудаанд, вуҷуд доранд.
Дар солҳои истиқлолият филмҳое офарида шуданд, ки ин анъанаро давом дода, дар санъати кино гардиши куллиро таъмин намуданд. Аммо корхонаҳои киноиндустрияи асри гузашта дар солҳои наздики пешин давраи рукудро аз сар гузаронданд. Асосан асарҳои тиҷоратии сатҳӣ дар мавзӯъҳои начандон амиқ ба вуҷуд омаданд, рушди соҳа умуман аз суръати ҷаҳонӣ ақиб монд.
Дар рушди санъати кино пойгоҳи нокифояи моддиву техникӣ барои офаридани филмҳои сифатнок, ҳаҷми ками буҷети онҳо, ки барои филмҳо ҷудо карда мешаванд, ҳимояи нопурраи ҳуқуқи муаллифон, вуҷуд надоштани муносибати ҷиддӣ ба масъалаи таълими кино мамониат гардиданд.
Дар солҳои охир дар бартарафсозии ин мушкилот, рушди кинематографи миллӣ бинобар рӯҳи замон қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуд. Ба туфайли эътиборе, ки дар вақтҳои охир нигаронда мешавад ва ҳамчунин дастгирӣ мундариҷаи филмҳо тағйир ёфтанд. Аз он ҷумла чунин филмҳои таърихӣ мисли «Имом Тирмизӣ», «Исломхӯҷа», «Элпарвар», «Шамоли Қӯқанд», «101», «Ибрат» ба навор гирифта шуданд.
Дар Муроҷиати худ ба Олий Маҷлис соли ҷорӣ роҳбари давлат ногузирии ба вуҷуд овардани филмҳои дараҷаи баланди бадеӣ, рушди киноиндустрияи замонавиро, аз он ҷумла бо роҳи сохтмони кинотеатрҳо таъкид намуда буд.
Бо мақсади инкишофи соҳа қонун «Дар бораи кинематография» ва Консепсияи рушди кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030 қабул гаштаанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо стратегияи кинематографияи Ӯзбекистон, вазифаҳо оид ба рушди киноиндустрия ва дар соҳа татбиқ намудани механизмҳои бозорӣ муайян карда шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ дар пойтахт ба роҳбари давлат дар бораи корҳое, ки дар киностудияи «Ӯзбекфилм» анҷом дода шудаанд ва ҳамчунин дар бораи нақшаҳои оянда маълумот дода шуд.
Бо ташаббуси сарвари давлат соҳа маблағгузории калон гирифт. Тамоми павилонҳои «Ӯзбекфилм» таъмир карда шуданд ва шароити эҷоди филмҳои нав беҳтар карда шуд. Киностудия ва студияи филмҳои ҳуҷҷатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.
Дар ин ҷо Президент бо собиқадорон, коргардонон ва мутахассисони кинематографияи ватанӣ сӯҳбат кард.
— Кино барои мардум ва ҷомеаи мо соҳаи хеле мураккаб, муҳим мебошад, — таъкид кард Шавкат Мирзиёев. — Қаблан киностудияи «Ӯзбекфилм» дар ҳолати ногувор буд. Бисёр манзил ва биноҳо ба иҷора дода шуданд. Ва ҳоло ҳама чиз ба соҳибон — ходимони кино баргашт.
Таъкид шуд, ки дар шароите, ки ҷаҳонишавӣ ва интернет ҳаёти моро тағйир медиҳад, санъати кино бояд рақобатпазир бошад, то ки шоистаи эътибори тамошобин гардад. Таъкид шуд, ки дар мамлакат ба кормандони кино эътибор дода мешавад, пойгоҳи моддиву техникии соҳа мустаҳкам гардида, эҷоди асарҳои аз лиҳози ҳунарӣ баланд рағбатнок гардонда мешаванд.
— Ҳарчанд теъдоди филмҳои дар солҳои охир ба навор гирифташуда ночизанд, аммо онҳо маънои бештар доранд, — қайд кард Шавкат Мирзиёев.
Қайд гардид, ки бинандаи ватанӣ набояд зери таъсири сериалҳои телевизиони хориҷӣ афтад, балки баръакс таърих, санъат, адабиёт, арзишҳои худро донад ва дар ин рӯҳия тарбия ёбанд.
— Кино асоси тарбия мебошад. Мо бояд мактаби кинематографӣ кушоем. Ҳоло филмҳои баландсифат намерасанд, аммо хоҳиши ба навор гирифтани асарҳои хуб вуҷуд дорад. Ҳатман бояд филме дар бораи таърихи Ӯзбекистон бошад. Вақти ин расидааст, — таъкид кард роҳбари давлат.
Тавсия дода шуд, ки рӯйхати 100 филми беҳтарини ватанӣ тартиб дода, дар телевизионҳои давлатӣ ва хусусӣ намоиш дода шавад.
Барои абадӣ гардонидани хотираи арбобони фидокори кинои миллӣ, Президент пешниҳод кард, ки ба мактабҳои миёнаи ҳар минтақа номи актёрон ва ҳунарпешаҳои машҳур, ба мисли Раззоқ Ҳамроев, Шукур Бурҳонов, Набӣ Раҳимов, Ҳамза Умаров, Лутфихоним Саримсоқова дода шаванд.
Дар бораи омӯзиш ва татбиқи дастовардҳои соҳаи саноати кинои ҷаҳонӣ, дар бораи рушди тахассуси филмсозон, алалхусус, тайёр кардани ҷавонон дар Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягӣ фикрҳо баён карда шуданд. Ғояи ташкил кардани киностудияи бачагона ба миён гузошта шуд.
Дар мулоқот муовини раиси Ассотсиатсияи ходимони кинои Ӯзбекистон Матёқуб Матҷонов, директори Театри миллии драмавии Ӯзбекистон Ёдгор Саъдиев, директори КВД «Киностудияи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва хроника» Баҳодур Одилов, коргардон Рустам Саъдиев, актёр Фарҳод Маҳмудов ба Президент барои эътиборе, ки барои инкишофи санъати кино медиҳад, миннатдорӣ изҳор намуданд. Таъкид шуд, ки ғамхории зоҳиргарданда шахсони эҷодиро илҳом мебахшад, ки барои  пажӯҳиш дар роҳи ба арсаи байналхалқӣ баровардани санъати кинои миллӣ омодаанд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо иштироки раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва шахсони масъул оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Чилонзори Тошканд ҷамъомад баргузор намуд.
— Имрӯз мо бояд «нуқтаҳои рушд»-ро дар ноҳияи Чилонзор зоҳир намуда, вазифаҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёти он, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муайян кунем, — гуфт сарвари давлат.
Дар ноҳия 51 маҳалла мавҷуд аст. Нӯҳ фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол бекор ҳастанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи Тошканд ду маротиба камтар аст.
Дар ин робита захираҳо дар маҳаллаҳо омӯхта шуда, барномаи дусолаи рушди маҷмӯии Чилонзор таҳия карда шуд. Он ҳафт самти асосиро дар бар мегирад.
Барнома татбиқи 298 лоиҳаи сармоягузориро дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиё, сохтмон, дорусозӣ, заргарӣ ба маблағи 10 триллиону 238 миллиард сӯм пешбинӣ мекунад.
Ғайр аз ин, вазифаҳои таъхирнопазир оид ба рушди соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмири роҳҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ, татбиқи ислоҳот дар соҳаи тиб ва маориф ва коҳиши ҷинояткорӣ муайян карда шуданд.
— Агар кор дар ҳар як маҳалла ташкил карда шавад, мардум адолатро эҳсос хоҳанд кард, — қайд кард Президент.
Сарвари давлат фикру мулоҳизаҳои намояндагони ҷавононро гӯш карда, пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ намуда, ба масъулин дастурҳои дахлдор дод.
— Дар Тошканд системаи нави кор бо ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Форуми ҷавонони шаҳр баргузор мешавад. Ҷавонони пойтахт бояд пешсаф бошанд, — таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Зарурияти дар ноҳияҳои Тошканд бунёд намудани «фабрикаи лоиҳаҳо» ва кӯмак ба ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои тиҷоратии онҳо қайд гардид.
— Мо Ӯзбекистони ояндаро бо меҳнати худ бунёд мекунем. Кӣ ин корро карда метавонад? Одамони фидокоре, ки Ватанро дӯст медоранд! Мо як роҳ дорем: ба халқ софдилона хидмат кардан, чунин кореро анҷом дод, ки мардум аз кори мо қаноатманд бошанд, — хулоса кард Президент.

Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ,
Абдулазиз МУСАЕВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ, мухбирони ӮзА.

Сурати Хидмати матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: