РОҲИ НАВ ДУРИ АҲОЛИРО НАЗДИК МЕКУНАД

Дар ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона роҳи автомобилии Оқбилол – Ямбарақ аз нав сохта, ба истифода супурда шуд.

Ҳоло дар мамлакатамон таъмин сохтани манфиатҳои инсон вазифаи устувор буда, корҳо бобати ҳаллу фасл кардани мушкилоти аҳолӣ ва мулоқот бо онҳо ба зинаи нав бардошта шуд.
Дар давоми чандин сол аҳолии деҳаи Чимён, Миндон, Қӯрғонтеппа, Хонқиз барои ба маркази ноҳия – Водил рафтан 70-80 километрро убур карда, маҷбур мешуданд, аз шаҳри Фарғона гузаранд. Ғайр аз ин, барои нақлиёти ҷамоатӣ низ мушкилоти гуногун, оворагарӣ ва хароҷоти зиёдро ба вуҷуд меовард.
Имрӯз ин муаммо ҳалли худро ёфт. Аз тарафи роҳсозон дар байни деҳаҳои Оқбилол ва Ямбарақ роҳи 8 километра, ки Чимён ва Водилро бо ҳам мепайвандад, дар муддати кӯтоҳ сохта шуд. Дар корҳои сохтмон 21 млрд. сӯм маблағ сарф шуд. Роҳи мазкур масофаро ба 30 километр кӯтоҳ карда, ба ихтисор намудани хароҷоти роҳ мусоидат мекунад. Аз ҳама муҳимаш, қариб 1,5 соат вақт сарфа мешавад. Баробари ҳамин, роҳи навсохташуда дурии зиёда аз 250 ҳазор аҳолии ноҳияҳои Олтиариқ ва Риштонро низ наздик месозад.
Маросими ба истифодасупории роҳи мазкур ба шодиёнаи аҳолӣ табдил ёфт. Дар он аҳолии ноҳия, ҷавонон ва намояндагони ҷамоати васеъ ширкат варзиданд.
– Наздик кардани дур ва сабук гардондани вазнинии аҳолӣ кори савоб аст,– мегӯяд истиқоматкунандаи деҳаи Чимён Ҳусанбойота Қурбонов. – Сохта шудани ин роҳ барои аҳолие, ки ба хондан, табобат ва корҳои гуногун ба маркази ноҳия ё ки аз маркази ноҳия ба Чимён мераванд, кори калон шуд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев иштирок кард.

М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: