14-уми сентябри соли равон хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамкасбону шогирдон 100-солагии ҳуқуқшинос, инсони накӯному накӯкор, фарзанди фарзонаи Самарқанд, шодравон Неъматҷон Абдуллоевро ҷашн гирифтанд.
Ин навиштаи мо қатрае аз дарёи зиндагиномаи пурбаракоту ибратбахши ин марди некӯамал аст.
Рафтию талоши рӯҳу ҷонат боқист,
Ёди ту чу нури хонадонат боқист.
То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем,
Маҳбуб падар, ному нишонат боқист.
Неъматҷон Абдуллоев дар оила фарзанди чаҳорум буд. Бо вуҷуди хурдсолӣ дафтару китобҳои додару хоҳаронро бо ҳавас варақ мезад ва гӯё онҳоро мехонд. Падари бузургвораш Абдуллоамак Ҳомидов шахсе буд маърифатпарвару илмдӯст. Шояд аз ҳамин сабаб Неъматҷонро барвақт ба мактаб монд, ки зудтар саводнок шавад. Боре дар хонадони онҳо дӯстони қиблагоҳаш Исматуллоҳ Раҳматуллоев, Садриддин Айнӣ ва дигар донишмандон ҷамъ омаданд. Фарзандони Абдуллоамак дар назди онҳо шеърҳо қироат карданд. Неъматҷони хурдсол донотарошӣ карда, аз китоби дарсии маърифатпарвар Саидризо Ализода ҳикоячаеро бебокона хонду ба таърифу ситоиши меҳмонон сазовор гашт.
– Воҳидҷону Насимҷон зӯр гӯем, ту балоча будӣ, – гуфт Исматуллоҳ Раҳматуллоев ва аз табақча ширинӣ гирифту ҳамчун туҳфа ба ӯ дод. – Ана ба ту мукофот! Фақат бо баҳои аъло хон, шери бобо.
Неъматҷон шармиду бо изни падар туҳфаро гирифт. Воқеан, ӯ мактаби ҳафтсоларо бо нишондоди беҳтарин хатм намуда, шомили омӯзишгоҳи педагогӣ гардид. Сипас ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд омада, ба факултаи ҷуғрофия дохил шуд.
Ҳангоми таҳсил дар курси чаҳорум Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз ёфту тирамоҳи соли 1941 барои дифои Ватан ба арсагоҳ рафта, дар Фронти ғарбӣ ба муқобили фашистон ҷангид. Дар стансияи Сухиничи вилояти Смоленск дар набардҳои шадид сахт захмдор шуда, дар госпитал шифо ёфту бо тавсияи табибон ба зодгоҳ баргашт. Солҳои 1943–44 дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Самарқанд хизмати худро идома дод. Баъди таҷлили Рӯзи ғалаба бо тавсияи ташкилоти ҷавонон ба идораи прокуратураи ноҳияи Сиёб ба кор гузашт. Баробари кор дар шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон таҳсил гирифт. Солҳои 1945–1950 дар прокуратураи ноҳияи Пайариқ кор кард.
Боварии бузург
Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор,
Домони талаб зи даст магзор!
Ҳар чиз, ки дил бар он барояд,
Гар ҷаҳд кунӣ, ба дастат ояд.
Соли 1952 Неъматҷон Абдуллоев дар прокуратураи Маскав саргарми кор буд, ки ӯро ба Тошканд даъват карданд ва гуфтанд, ки дар водии Фарғона корҳо табъи дил нест ва шуморо прокурори вилоят таъин намудем. Вай аз ин вазифа дар тааҷҷуб буд. Котиби Кумитаи Марказӣ оид ба корҳои идеологии ҷумҳурӣ А. Ниёзов даст ба китфаш гузошта гуфт:
– Рафиқ Абдуллоев, ҳуҷҷатҳои чанд нафар номзадро шахсан худам санҷидам ва шуморо муносиб ёфтам. Таҷрибаи кофӣ доред. Сонӣ, на ҳама аз дасти прокурори генералӣ ҳамчун аълохон соати тилло гирифта метавонад.
Неъматҷон Абдуллоев беш аз бист сол дар як ҷо ва дар як вазифа кор карда, обрӯю нуфузаш хеле афзуд. Алалхусус соли 1953 суҳбат бо собиқ сарвари Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Усмон Юсуфов хотирнишин буд.
– Додари азиз, – гуфта буд Усмонбобо, – дар ноҳияи Бувайда хоҷагии ба номи Йӯлдош Охунбобоев ҳаст. Баъзе шахсони мансабдору таъмагари ҳуқуқу тартибот раис ва фаъолони онро дар тороҷи моликияти хусусӣ муттаҳам сохта, мехоҳанд паси панҷара нишонанд. Аз шумо илтимос, дақиқ тафтиш баред, то ҳақ ба ҳақдор расад.
Прокурор мӯшикофона санҷид. Маълум шуд, ки кормандони идораҳои ҳуқуқу тартибот ба беадолатӣ роҳ додаанд.
Дар фаъолияти Неъматҷон Абдуллоев чунин мисолҳо ниҳоят бисёранд. Аз ҳама муҳимаш ин марди соҳибирода бо ҳамсари меҳрубон фарзандонро таълиму тарбияи хуб дод, ба шогирдони бешумор асрори касбро омӯзонд.
Арзи сипос
То дида ба дидори падар дӯхтаам ман,
Аз ташнагии меҳри падар сӯхтаам ман.
Якроҳагию якравию мардию некӣ
Маънӣ ҳама аз гуфти ту омӯхтаам ман.
Юсуф АБДУЛЛОЕВ, писари калонӣ, аввалин сафири Ӯзбекистон дар Русия, профессор, собиқ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд:
– Ман дар куҷое хонда будам, ки дар назди номҳои муқаддаси падару модар мадҳияҳо ҳеҷ чиз нест ва тамоми ситоишҳо дар назди муҳаббат ва миннатдории писар ноарзанда аст. Зеро қалби онҳо ҳаками аз ҳама олӣ, дӯсти аз ҳама наздик, манбаи нерӯдиҳандаи офтоби муҳаббат! Бинобар ҳамин, мо ҳамеша дар назди онҳо қарздорем.
Воқеан, дар зиндагӣ ба чӣ комёбие расида бошем, асари хизмати волидайн аст. Хоҳарам Муҳиба доктори фанҳои тиб, Ҳикмат мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Матлуба – мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Сиёб, Элмира ва Насиба – ҳуқуқшинос, Ирода – ходими савдо, Савлат – корманди корҳои дохилӣ, Меҳрубон – табиб буданд ва ҳоло ҳамаи онҳо нафақахуранд. Беш аз сад нафар набераю абера ва чабераҳо ворисони муносиби сулолаи Абдуллоевҳо мебошанд.
Амон УМАРОВ, собиқ амини гузари Хавосии шаҳри Самарқанд:
– Раҳматӣ Неъмат Абдуллоев ифтихори маҳалла, маслиҳатгари омма, пири хиради мо буданд. Агар хотирам фиреб надиҳад, 20–22 сол қабл аз ин ҳокими шаҳр бо вакилони Тошканд омада гуфт, ки бозори Сиёб васеъ мешавад ва ба ҳамин муносибат замини гузар ба ҳисоби бозор мегузарад. Аз ин хабари ногаҳонӣ ҳама ҳайрон шуда, аз Неъматҷонбобо маслиҳат пурсидем.
– Қариб 150 оила ба куҷо кӯч мебандад? – бо тааҷҷуб сӯйи мо нигарист мӯйсафед. – Ҳатман ба сарвари давлат шикоят менависем.
Сипас шахсан ба номи Президент мактуб ирсол намуд. Хушбахтона, масъала ба хушӣ анҷомид. На танҳо гузари Хавосӣ, инчунин нисфи Даҳбедӣ ҳам аз вайроншавӣ эмин монд.
Умуман, хизматҳои Неъматҷонбобо барои гузар ва мардум ниҳоят бузург аст.
Равшан УСМОНОВ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ӯзбекистон, собиқ прокурори вилояти Навоӣ:
– Рост гуфтаанд, ки «ҳаққи устод аз падар беш аст». Амри тақдир буд ё хости Худо, ки пас аз донишгоҳ бо раҳматӣ Неъматҷон Абдуллоевич бисёр солҳо ҳамроҳ кор кардем. Устод инсони хоксору дилёб, вале ҷиддиву сахтгир буданд. Некӣ кардану дил ба даст оварданро аз он кас омӯхтаам. Агар кас ибораи «прокурор»-ро ба забон орад, пеши назар як шахси ҷазодиҳанда ҷилвагар мешавад. Аммо Неъматбобо акси он буд. «Дар куҷо қонун вайрон шавад, дар он ҷо зӯроварӣ оғоз меёбад». Қонунҳо иллатҳоро барҳам дода, ба некӣ роҳ кушоданашон лозим, мегуфтанд. Ва ман тамоми умр дар асоси насиҳату маслиҳати устодам фаъолият бурда, иззату обрӯ ёфтам. Аз коргузори оддӣ то дараҷаи ҷонишини прокурори ҷумҳурият расидам. Ҳоло дар нафақаам. Ҳар гоҳ даст ба дуо бардорам, ёди устод мекунам. Илоҳо рӯҳашон шод, охираташон обод бод!
***
11-уми ноябри соли 2012 Неъматҷон Абдуллоев дар синни 94 дунёи фониро падруд гуфт. Барои ба роҳи охирин гусел намудани падари бузургвор, бобои дуогӯй, ҳуқуқшиноси фахрӣ бисёр мардум ҷамъ омаданд.
Дар маъракае, ки ба муносибати садсолагии ин марди ҳақҷӯй барпо гардид, хизматҳои шоёни Неъматҷонбобо Абдуллоев ёдоварӣ шуд. Оре, бузургон дуруст фармудаанд:
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.