РОҲИ СӮХ – РИШТОН БОЗ ШУД!

Ахиран, орзуву ормонҳои мардуми ноҳияи Сӯх амалӣ шуд.

Ахиран, орзуву ормонҳои мардуми ноҳияи Сӯх амалӣ шуд. 1 апрел роҳи Сӯх – Риштон, ки минтақаи Бургандии вилояти Ботканди Қирғизистонро убур мекунад, дар шароити мутантан ва идона боз гардид. Кушодани ин роҳ мусоидат менамояд, ки минбаъд аз тариқи посгоҳҳои марзии ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ва “Қатмас”-и ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент мусофирон метавонанд худро аз ноҳияи Сӯх ба Риштон ва аз Риштон ба ноҳияи Сӯх расонанд.
Дар айни ҳол ғайр аз мусофирон мошинҳои сабук ва мусофиркаши гунҷоишашон то 20 нафар бо ин роҳ ҳаракат хоҳанд кард.
1 апрел аз ду самти постгоҳҳои бозшуда одамони зиёд баҳам омаданд. Он ҷо як муҳити хубу гуворо ва саршор аз шодиву сурур ҳукмфармоӣ мекард. Ба ин маросим ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ва волии вилояти Ботканд Омурбек Сувоналиев, ҳамчунин меҳмонони зиёд ташриф оварданд. Садои карнаю сурнай ва дафу доира ба ҳаво дакка зад ва аз баргузории як маросими хушу пурнишот дарак дод.
Хайрулло Бозоров ва Омурбек Сувоналиев аз боби он ҳарф заданд, ки миёни Ӯзбекистону Қирғизистон дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳо тавсеа меёбанд ва робитаҳо беш аз пеш домани худро фарохтар месозанд.
– Имрӯз барои мардуми минтақаҳои марзии он рӯзи саид аст. Наздики даҳ сол боз ин роҳ баста буд ва кушодашавии он акнун ба як иди бошукӯҳ табдил ёфт. Минтақаҳои наздисарҳадӣ дар бобати тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор нақши муҳим хоҳанд бозид, – гуфт Хайрулло Бозоров.
– Нек шудани муносибатҳои ду кишвар дили мардуми зиёдро гарм мекунад. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ва ҳамтои қирғизи он кас Садир Ҷапаров ин масъаларо дар Тошканд кушоду равшан муҳокима карданд ва ба чунин натиҷа расиданд. Ҳарду вазифаҳои роҳбарони идораҳои марбутаи ду мамлакатро муайян карданд. Акнун бояд вазъият беҳтар шавад ва муносибатҳои ду кишвар аз ин дида хубтар гарданд, – мегӯяд ба мо корманди рӯзномаи “Садои Сӯх” Раҳимбердӣ Тошматов.
Интизор меравад, ки посгоҳи дигари марзии миёни ду кишвар низ, ки дар минтақаи Сӯхи шимолӣ воқеъ гаштааст, боз мегардад ва рувуои мардум ба самти шаҳри Қӯқанд ва минтақаҳои дигарро низ осон мекунад.

Файзулло 
ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: