РОҲИ ӮЗБЕКИСТОН – РОҲИ МАЪРИФАТ

Қарори Президент “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои такмили фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд” зиёиён ва алалхусус, ҷамоаи чандҳазорнафараи моро рӯҳбаланд сохт.

Қарори Президент “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои такмили фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд” зиёиён ва алалхусус, ҷамоаи чандҳазорнафараи моро рӯҳбаланд сохт.
Бояд таъкид намуд, ки донишгоҳамон бо таърихи ғанӣ ва алломаҳои номдораш ифтихор дорад. Дар байни собиқ хатмкардагон арбобони давлат, академик, сафир, генерал, шоиру нависандагон ва соҳибони касбҳои дигар ҳастанд, ки барои шӯҳратёб шудани донишгоҳ саҳми арзанда гузоштанд. Исму насаби Шароф Рашидов, Ҳамид Олимҷон, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯсо Мӯъминов, Воҳид Абдулло, Ботурхон Валихӯҷаев, Акбар Отахӯҷаев ва дигарон дар саҳифаҳои таърихи илму фарҳанг бо ҳарфҳои зарҳал навишта шудаанд.
Боиси ифтихор аст, ки фарзанди фарзонаи Ӯзбекистон, арбоби давлат, адиб ва маърифатпарвар Шароф Рашидов солҳои 1937-1941 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифтааст. Ӯ як умр ифтихор дошт, ки хатмкардаи мактаби олии мо мебошад.
Ёд дорам, он солҳо дар аспирантура таҳсил мегирифтам. 50-солагии донишгоҳ таҷлил гашт ва дар он Шароф Рашидов ба Самарқанд ташриф фармуд ва аввал осорхонаи устодаш Садриддин Айниро зиёрат кард. Баъд дар тадбири донишгоҳ ширкат варзид. Бо кӯмаку дастгирии ӯ таълимгоҳи мо ҳаматарафа ривоҷ ёфт.
Ҳоло бо таклиф ва ташаббуси сарвари давлатамон ба донишгоҳи мо номи Шароф Рашидов гузошта шуд, ки қарори адолатнок аст. Охир ӯ дар солҳои вазнин роҳбари ҷумҳурӣ буд. 
Дар қарор барои ривоҷу равнақ додани фаъолияти донишгоҳ як қатор чораву тадбирҳо андешида шудааст. Дар таркиби донишгоҳ донишкадаҳои агробиотехнология ва амнияти хӯрокворӣ, физикаи муҳандисӣ, автоматика, электроникаи рақамӣ, мошинсозӣ, материалшиносӣ ва технологияи материалҳои нав ташкил хоҳад шуд. Таъсиси шӯъбаҳои ургутӣ, каттақӯрғонӣ, гулободӣ низ воқеаи таърихист.
Дар назди мактаби олии мо эҳё гардидани Донишкадаи агробиотехнология ва амнияти маводи озуқа на танҳо барои мамлакатамон, балки барои тамоми ҷаҳон воқеаи муҳим аст. Зеро истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, коркарди он муаммо  буд ва хоҳад монд.
Дар донишкадаи мазкур барои таҳсилу тадқиқот ва фаъолияти инноватсионӣ технологияи хориҷӣ, устодону олимони номдори ҷаҳон ҷалб карда мешаванд.
Барои мо физикаи муҳандисӣ низ барои тараққиёти кишвар ҳамчун обу ҳаво зарур аст. Дар донишкада мутахассисони автоматика, мехатроника, робототехника ва электроникаи рақамӣ тайёр карда, на танҳо дар Самарқанд, инчунин ба бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳӣ мекунем.
Яке аз мактабҳое, ки дар пешрафти илму фан саҳми арзанда гузошта, байни ҷомеаи байналхалқӣ эътироф гардидааст, мактаби математикии донишгоҳи мо мебошад. Моҳи сентябри соли 2017 дар донишгоҳ анҷумани байналхалқӣ доир ба геометрияи дараҷанок гузаронида шуд, ки дар он академик Ш.Аюбов, профессорон А.Норманов, А.Ортиқбоев (Ӯзбекистон), Эл.Зейн (Фаронса), Л.Аккорди (Италия), А.Брюно, В.Василев (Русия), Ф.Тазен, Э.Майер (Олмон), К.Ханин (Канада) бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд. Ифтихор дорам, ки камина низ ҳамчун математик дар тадбири бонуфуз ширкат варзидам. Минбаъд дар донишгоҳи мо риёзӣ ва физика ривоҷ хоҳад ёфт. Албатта дар ин самт Донишкадаи физикаи муҳандисӣ парчамбардор хоҳад шуд.
Бо мамнуният таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар ноҳияи Ургут шӯъбаи мо таъсис гардид, ки барои баланд бардоштани иқтисодиёт саҳми арзанда мегузорад. Зеро Ургут ҳудуди озоди иқтисодиёт эълон гардид.
Дар асоси дастури рушди комплекси донишгоҳ то соли 2026 университет ба рӯйхати 1000 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон дохил шуданро ба ӯҳда гирифтем. Офиси трансформатсия ташкил кардем, ки барои ривоҷ додани интернет, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои тарғиботу ташвиқот хизмат хоҳад кард.
Имрӯзҳо мо нақша ва барномаҳои худро барои соли 2022 муайян карда, албатта ба рушди соҳаҳои муҳимтарин ва афзалиятнок, яъне боз ҳам мустаҳкам намудани дастовардҳои худ кӯшиш ба харҷ медиҳем. 
Бовариам комил аст, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ ва зиёд шудани нуфузи донишгоҳ ҳамаи мо, устодон ва ҷамоаи донишгоҳ ҷавобгар ҳастем. Зеро роҳи Ӯзбекистон – роҳи маърифат аст.

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, 
проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, 
доктори фанҳои физика-математика.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: