РОҲҲО РАВОНУ МАРДУМ ХУРСАНД МЕШАВАНД

Ҳокимияти вилоят дар арафаи иди мубораки Қурбонро ба бошандагони як қатор маҳаллаҳои шаҳри Андиҷон ва ноҳияи Олтинкӯл хушҳоливу хурсандӣ ато намуд.

Ҳокимияти вилоят дар арафаи иди мубораки Қурбонро ба бошандагони як қатор маҳаллаҳои шаҳри Андиҷон ва ноҳияи Олтинкӯл хушҳоливу хурсандӣ ато намуд. Аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллӣ маҳаллаҳои Форобӣ, Ҳамдӯстӣ, 21-солагии мустақилӣ ва Сарвонтеппаи  шаҳр ва маҳаллаҳои Кумакай, Оишахонум, Чӯнтак, Далварзин ва Янги чеки ноҳияи Олтинкӯл ҳамвору мумфарш ва кори инфрасохтори коммуналии он беш аз пеш беҳбуд меёбад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят роҳҳо ва инфрасохтори коммуналии аксари ин маҳаллаҳо сӣ сол боз рӯи тармимро надидаанд. Бештари корҳоро мардуми ин маҳалҳо аз ҳисоби маблағи худ ба сомон мерасониданд.
Ҳокими вилоят Шӯҳрат Абдураҳмонов бар асоси муроҷиатҳои сокинони ин маҳаллаҳо ба мутасаддиёни идораҳои дахлдор супориш додааст, ки таъмини барқ, гази табиӣ, оби ошомиданӣ ва обёрии нӯҳ маҳалларо беҳбуд бахшанд.
– Ин муроҷиатҳои мардум ба воситаи шабакаи телеграм ба мо ироа шудаанд. Мо ҷиҳати иҷрои он камари ҳиммат бастаем. Ҳоло аз санҷиши рафти иҷрои ин корҳо бармеояд, ки мардум аз вокуниши мусбати ҳокимияти вилоят нисбати муроҷиатҳои онҳо хушҳоланд. Дар ин давраи мушкилу тоқатфарсои пандемияи коронавирус мо орзуву ормонҳои чандинсолаи мардумро бароварда месозем ва ба дили онҳо шодиву нишот мебахшем, – мегӯяд Шӯҳрат Абдураҳмонов.
Ба таъкиди ӯ ҳамаи корҳои барномарезишударо дар фурсати кам ба иҷро расонидан ғайриимкон аст ва он вақту муддат тақозо менамояд. Барои бо барқ пурра таъмин кардани аҳолии маҳаллаи Форобии шаҳри Андиҷон боз шаш симчӯби симинтӣ зарур аст. Ҳамчунин дар ин муддат аз 47 кӯчаву паскӯчаҳо роҳҳои даҳтои он пурра мумфарш карда шуд.
– Ба вуқӯъ пайвастани чунин дигаргуниҳо дар арафаи иди Қурбон тӯҳфаи хубест барои сокинони маҳаллаи мо. Одамон муддатҳои дароз аз камбудии оби ошомиданӣ азият мекашиданд ва ин масъала низ оҳиста ҳаллу фасл мешавад, – бо қаноатмандӣ изҳор медорад раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Форобии шаҳри Андиҷон Ҳошимҷон Турғунов.
Ба гуфтаи Тоҳирҷон Солиев – раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Далварзини ноҳияи Олтинкӯл аъзои 1 ҳазору 240 хонаводаи маҳаллаи онҳоро ҳафтуним ҳазор нафар аҳолӣ ташкил медиҳад. Дар ин маҳалла мумфарш намудани 12 километр роҳҳои дохилӣ барномарезӣ шудааст.
– То кунун беш аз 8 километри ин роҳҳоро мумфарш намудем. Дар рӯзҳои наздик қисмати боқимондаи он низ мумфарш карда хоҳад шуд. Одамони маҳаллаамон дар арафаи иди мубораки Қурбон аз ин иқдоми ҳокимияти вилоят хеле хурсанд шуданд, – иброз дошт Тоҳирҷон Солиев.
Мумфарш намудани роҳҳои ба нақша гирифташуда ба дӯши кормандони садорати минтақавии роҳҳои автомобилии вилоят вогузорӣ шудааст. Тавре ки сардори ин идора Ҳомидҷон Яқубҷонов мегӯяд, барои мумфарш намудани як километр роҳ 400 миллион сӯм тақозо мешавад.
– Худ ҳисоб кунед, ки барои мумфарш намудани даҳҳо километр роҳ чӣ қадар маблағ бояд харҷ шавад. Гузашта аз ин, дар фасли гармои тобистон хобондан ва ҳамвор кардани муми ҳарораташ 150 дараҷа кори саҳлу сода нест. Бо вуҷуди ин, мо талош ба харҷ медиҳем, ки супоришҳои ба зимма гирифтаамонро дар вақти муқарраршуда иҷро кунем ва мардум аз натиҷаи корамон хурсанд шаванд, – мегӯяд Ҳомидҷон Яқубҷонов.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят иҷрои корҳои таъмиру тармими роҳҳо, таъмини мардум бо барқу гази табиӣ, кашидани қубурҳои оби нӯшокӣ ва обёрӣ дар минтақаҳои гуногуни он беш аз пеш вусъат пайдо кардааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: