РОҲҲОИ ТАХТУ ҲАМВОР ДУРАМОНРО НАЗДИК МЕКУНАНД

Роҳҳо аз азал одамонро ба манзили мурод бурдаанд.

Дар ибтидо инсон роҳи манзили умедро, ки он қадар дур набуд, пиёда пушти сар мегузошт. Дертар, баъди дастомӯз кардани маркабу асп ва сохтани ароба, ба дуриҳо низ имкони  сафар карданро пайдо кард. Имрӯз, ба туфайли хиради созандаи ӯ, ки анвои гуногуни техникаи сайёрро офаридааст, инсон ба манзили мурод бо роҳҳои махталиф: роҳи  автомобилгард, роҳи оҳан, роҳи ҳавоӣ ва обӣ  метавонад равад. Бале, воситаҳои нақлиётии муосир тайи роҳи манзили умедро осон кардаанд.
Ҳама мехоҳад, хоссатан, роҳҳои автомобилгард тахту ҳамвор бошанд. Агар тахту ҳамвор бошанд — роҳати ҷони техникаву мусофирон, борҳои аҳа-мияти давлатидошта зуд ба манзил мерасанд, як автомобили мусофиркашон метавонад, ба ҷойи бист бисту панҷ сол хидмат кунад. 
Баъди ба истиқлолият расидани мамлакат, бо вуҷуди мушкилиҳои иқтисодӣ, ба таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард рӯйи эътибор гардонда шуд, роҳҳои нави оҳан сохта шуданд, хатсайри киштиҳои ҳавоӣ ба маротиб афзуд.
Дар нишасти матбуотие, ки ба қарибӣ бо ташаббуси Инспексияи давлатии назорати корҳои сохтмони роҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллии пойтахт доир ба мавзӯи «Чорабиниҳо доир ба сохтан ва таъмири роҳҳои автомобилгарде, ки ба барномаи давлатӣ ворид шудаанд, ҳамчунин, таъмини сифати корҳои сохтмону монтаже, ки дар объектҳо иҷро гардидаанд»  баргузор гардид, ошкор шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 183 658 км  роҳҳои автомобилгард мавҷуданд. Аз ин миқдор соли равон сифати таъмиру таҷдиди 400 км роҳ таҳти назорати инспексияи мазкур қарор гирифтааст.
Бояд ёдрас намуд, ки Инспексияи давлатии назорати корҳои сохтмони роҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба мақсади ҷорӣ намудани  назорат ба сифати сохтмон  ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, соли 2017 таъсис ёфта буд. 
Дар чорабинӣ ҷонишини роҳбари инспексияи мазкур Зарифулло Хӯҷанов изҳор дошт, ки аз ҷониби шуъбаи стандарт ва сертифаткунонии инспексия  сифати кори 13-то сехи асфалтубетонӣ, 1 сехи оҳанубетонӣ, 1-то карер ва 4 сехи сангрезакунӣ, ки маводи сохтмони роҳ истеҳсол менамоянд, тибқи ҳуҷ-ҷатҳои меъёрӣ таҳти назорат қарор гирифта, бино ба қонуншиканиҳои ошкоргардида  13-то гувоҳнома ба тасвиб расиданд. Ҳамчунин, гуфт ӯ, аз рӯйи баъзе қонуншиканиҳо ба суд муроҷиат карда шуд. Аз баромаду ҳисоботи ҷонишини роҳбари инспексия ошкор гардид, ки минбаъд сифати сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ таҳти назорати ҳамешагии давлат қарор мегиранд...
Пӯшида нест, ки солҳои охир роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, баъди таъмиру таҷдид, тахту ҳамвор гардиданд, дар доираи Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» роҳҳои нав сохта мешаванд. Бешубҳа, барои сохтан ва таъмиру таҷдиди роҳҳо маблағи зиёд масраф мегардад. Аммо тааҷҷубовараш ин, ки ба сабабҳои гуногун, аз ҷумла рафтуои мошинҳои гаронбор, боришоти зиёд ва паст будани сифати корҳои сохтмону таъмир,  роҳҳои асфалтхобонидашуда зуд хароб мегарданд. Бояд эътироф  кард, ки кӯчаву  паскӯчаҳои аз назарҳо дури шаҳру ноҳияҳо таъмиргарони худро интизоранд. Дар аҳди Шӯравӣ муҳлати таъмиру таҷдиди роҳҳо се сол буд. Яъне, баъди сипарӣ гардидани се сол, ба роҳҳои автомобилгард аз нав асфалт хобонда мешуд...
Дар давлатҳои рушдкардаи ҷаҳон роҳҳои автомобилгард пулакию хусусӣ гардонида шудаанд. Ин тарзи корбарӣ имкон медиҳад, ки роҳҳо чор фасли сол тахту ҳамвор бошанд. Мутахассисони соҳа, вақте ба суолҳои журналистон посух медоданд, изҳор доштанд, ки дар мо ҳам сари пулакӣ ва хусусигардонии роҳҳо андешида мешаванд. Пас, он рӯз дур нест, ки сифати таъмиру таҷдид ва роҳсозиҳои мо низ ба андозаҳои байналхалқӣ ҷавоб хоҳанд дод.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: