РОҲҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲАМКОРИҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА АМА БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 июн ҳайати Аморати Муттаҳидаи Арабро бо роҳбарии вазири корҳои Ҳукумат Муҳаммад бин Абдуллоҳ ал-Гаргавӣ пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 июн ҳайати Аморати Муттаҳидаи Арабро бо роҳбарии вазири корҳои Ҳукумат Муҳаммад бин Абдуллоҳ ал-Гаргавӣ пазируфт.
Масъалаҳои боз ҳам амиқтар намудани муносибатҳои гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон ва Аморат ва рушди ҳамкориҳои амалӣ муҳокима шуданд.
Сарвари давлати мо ба сатҳи кунунии ҳамкории мутақобилан судманд ва пурсамари ду кишвар, ки тавассути татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ ба даст оварда шудаанд, баҳои баланд дод.
Дар навбати худ, Муҳаммад ал-Гаргавӣ аз номи Президенти АМА Шайх Халифа ал-Наҳаён, валиаҳди Абу-Дабӣ, муовини Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ Шайх Муҳаммад ал-Наҳаён ва Сарвазири кишвар, амири Дубай Шайх Муҳаммад ал-Мактум ба раҳбари кишвари мо салом ва таманноҳои беҳтарин расонд.
Дар ҷараёни мулоқот пешрафт дар татбиқи лоиҳаҳои рушди энергияи муқобил ва навсозии иншооти энергетикӣ, ташкили кластерҳои замонавии агросаноатӣ, роҳандозии ширкати сармоягузорӣ барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва инчунин татбиқи як қатор барномаҳои муҳими иҷтимоӣ қайд гардиданд.
Аҳамияти идомаи кори муштарак дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос, ташкили фаъолияти дафтари суръатбахши ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, ки имрӯз дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ ёфт, таъкид гардид.
Вазир Муҳаммад ал-Гаргавӣ барои кӯмаки ҳамаҷониба ба фаъолияти сармоягузорони Аморат дар ҷумҳурӣ, барои дастгирӣ ва иштироки Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии «Экспо 2021» дар Дубай миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Ҷониби Аморат инчунин пешниҳоди нави лоиҳавиро дар доираи татбиқи ташаббуси Президенти Ӯзбекистон оид ба ташкили минтақаи инноватсияҳо ва технологияҳои экологӣ дар минтақаи баҳри Арал тақдим намуд.
Дар натиҷаи мулоқот оид ба қабули «харитаи роҳ» -и муштарак созиш ба даст оварда шуд, ки ба васеъ паҳн намудани таҷрибаи пешқадами Аморат дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ташаккули барномаи дарозмуддати дигаргуниҳо ва гузаштан ба роҳи инноватсионии рушд нигаронда шудааст.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: