РОЗИ ЗИНДАГӢ

Дар ривоятҳо меояд, ки Худованд рӯзи офаридани дунё фариштагонро ба боргоҳи худ даъват карда, аз онҳо хоҳиш мекунад, то барои пинҳон кардани рози зиндагӣ таклифҳояшонро пешниҳод намоянд.

Дар ривоятҳо меояд, ки Худованд рӯзи офаридани дунё фариштагонро ба боргоҳи худ даъват карда, аз онҳо хоҳиш мекунад, то барои пинҳон кардани рози зиндагӣ таклифҳояшонро пешниҳод намоянд. Яке аз фариштагон гуфт:
– Онро дар зери замин пинҳон кардан лозим.
Фариштаи дигаре:
– Онро дар дунё бояд пинҳон кард.
Сеюмӣ гуфт, ки рози зиндагиро дар кӯҳҳо қарор бидиҳанд. 
Худованд фармуд:
– Агар ман ба гуфтаҳои шумо амал кунам, танҳо теъдоди камшумори бандагон онро меёбанду халос. Ман мехоҳам рози зиндагӣ барои ҳамаи бандаҳо дастрас бошад. 
Ҳамин лаҳза яке аз фариштагон гуфт:
– Эй, Худои меҳрубон, ман ёфтам, ки рози зиндагиро дар куҷо пинҳон кунӣ. Онро дар қалби бандагонат қарор бидеҳ...
Офаридгор ин фикрро писандид.

Таҳияи Б. ФАРИШТА.


ДАР ҲАР КОР ҲИКМАТЕ ҲАСТ
Аз киштие, ки бо туфон бархӯрд кард, танҳо як кас зинда монд. Мавҷи уқёнус ӯро ба ҷазираи беодам бурда партофт. Ӯ дар тан раъша аз Худо мадад мехост. 
Ҳар рӯз ба умеди дидани чизе дуру дароз ба уфуқ нигоҳ мекард. Охир аз он дилгир шуд. Барои хоб ва аз даррандаҳо ҳимоя намудан аз шохи дарахтон барои худ паноҳгоҳ  сохт. Аз байн чанд рӯз гузашт. Рӯзе ба ҷустуҷӯйи хӯрок рафт. Хӯроки зиёд ёфту хаста баргашт. Дид, ки хонааш сӯхта ба як тӯда хокистар табдил ёфтааст.  Дилаш пур аз хашму андӯҳ, дод зад.  Субҳ ӯро садои ба соҳил наздик омадани киштӣ бедор кард.  Киштӣ барои наҷот додани ӯ меомад. 
– Шумо аз куҷо донистед, ки ман дар инҷо ҳастам? – бо тааҷҷуб пурсид ӯ аз наҷотдиҳандагон.
– Охир, шаб оташ афрӯхти-ку? – гуфтанд онҳо.
Беҳуда нагуфтаанд, ки дар ҳар кор ҳикмате ҳаст.   

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: