РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРЕМ

Соле, ки сипарӣ гардид, аз комёбӣ ва рӯзҳои фараҳ саршор буд.

Дар ин сол воқеаҳои зиёди таърихӣ дар ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Дар доираи барномаҳои давлатии «Маҳаллаи обод», «Деҳаи обод» масканҳои зиёди аҳолинишин, аз ҷумла, маркази ноҳияи Мирзочӯл шаҳри Гагарин дар вилоятамон хеле ҳусни тоза касб кард. Ин мавзеъ ба куллӣ тағйир ёфт. Тавре ки дар Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис зикр ёфтааст, дар соли 2019 ин корҳо боз ҳам вусъат пайдо мекунанд. Барои дастгирӣ намудани қишри калони аҳолӣ маблағ  равона карда мешавад. Оилаҳои камбизоат боз бо хонаву ҷой таъмин мегарданд. Сохтмони давлату ҷамъиятӣ, ислоҳоти суду ҳуқуқ, кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ, сиёсати кушод бо хориҷӣ, ҳамҷиҳатии байналмиллӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, инкишофи сайёҳӣ, таъмини амният, ислоҳи мактабу маориф масъалаҳои муҳим мебошанд, ки дар Муроҷиатномаи Президент акси худро ёфтаанд.
Ба сифати раиси Маркази миллӣ-маданӣ гуфта метавонам, ки дар ҷумҳурӣ барои рафъи мушкилӣ ва муаммоҳои одамон чораҳо андешида мешаванд. Дар ҷумҳурӣ миллатҳои гуногун зери як офтоб ва осмони кушод умр ба сар мебаранд. Дар роҳи дастовардҳо саҳми худро мегузоранд. Ҳукумат ҳам барои рушду инкишофи арзишҳои фарҳангии онҳо имкониятҳо ва шароитҳо фароҳам меорад. Чунончи, мувофиқи Фармони Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораву тадбирҳои куллан баланд бардоштани нақши институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ҷараёни навкунии демократии мамлакат» аз 4 майи соли 2018 нишони «Фуқаролик жамиятини ривожлантиришга қӯшган ҳиссаси учун» таъсис ёфта буд. Ба қарибӣ дар қатори дигарон бандаро ҳам бо ин нишон сарфароз намуданд. Ба ғайр аз ин аз ҷониби Фонди ҷамоатии дастгирӣ намудани ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандии назди Олий Маҷлис барои лоиҳаи «Рағбатнок сохтани лоиҳаҳое, ки ба мустаҳкам намудани муҳити кушодадилии байналмиллӣ, сулҳ, меҳру оқибати тарафайн ва дӯстӣ нигаронида шудааст» соҳиби грант гардидем. Албатта, аз ин ғамхориҳо рӯҳ гирифта, фаъолияти минбаъдаи худро боз ҳам фарохтар менамоем.

Абдукарим ШАРИФОВ,
раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: