Рубоиёти халқӣ

Себе ба даруни чорбоғ аст имсол,

Себе ба даруни чорбоғ аст имсол,
Сандуқи дилам пур аз фироқ аст имсол.
Гуфтам биравам себа канам сараки сол,
Ин соҳиби себ дар зери хок аст имсол.
***
Э, очаи ҷон, чиба калонам кардӣ,
Кӯза додиву ба об равонам кардӣ.
Аввал ба ширу қаймоқ калонам кардӣ,
Кӯзача шикаст, ситам ба ҷонам кардӣ.
***
Боми ҳама бому боми мо дар соя,
Ёри ҳама дуру ёри мо ҳамсоя.
Ҳаргиз-ҳаргиз ёри ҳамсоя нагир,
А пушти дараш очаш раҳ мепоя.
***
Қади ту ниҳолаю рухат чун лола,
Як лаҳза ҷудогият ба ман сад сола.
Қасам мехӯрам, агар ту бовар накунӣ,
Ин чеҳраи зарди ман гувоҳи ҳола.
***
Ман садқа шавам бунафшаи кӯҳира,
Ман садқа шавам ҷӯраи раҳдурира.
Ҳамиҷа будем ҷангу ҷадал мекардем,
Ҳоли мекашем ҷафои раҳдурира.
 
Аз китоби «Фолклори тоҷик». 
 
 
 
Суханрезаҳо
 
Вақте шахсеро истифода намуда дар охир фиреб мекунӣ, зери лаб нагӯ ӯ чӣ қадар сода аст, ба худ бигӯ чӣ қадар ман одами пастам.
***
Ҳеч вақт шахсияти инсонро аз рӯйи либосаш қазоват макун. Шояд беҳтарин қалб, зери куҳнатарин либос бошад...
***
Вақте хурд будам, ҳамаро як хел дӯст медоштам, аммо вақте бузург шудам, қалбам холӣ монд, чунки одамонро шинохтам.
***
Ба ҳаққи заифае сухани носазо гуфтан хоҳӣ, аз хоҳари худат оғоз намо...
 
Таҳияи Б. ФАРИШТА. 
 
 
 
ОФОҚБИКА 
Номи духтари Дилшодхотун ва Ҳасан Алии Ҷалоир – Офоқбика дар бисёр тазкираҳо вомехӯрад. Дар тазкираи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» омадааст: «Офоқа Ҷалоир дар хуштабъӣ шӯҳрати офоқ аст ва дар ҳарами Амир Дарвеш Алии Китобдор буда». 
Дар тазкираи Могаҳ Раҳмонӣ «Парданишинони сухангӯ» низ фикри мазкур тасдиқ шудааст, лекин ӯро на набераи Амир Алии Ҷалоир, балки духтари ӯ гуфтаанд: «Офоқа Ҷалоир духтари Амир Алӣ Ҷалоир буда, дар аҳди салотини Ҳусайн Бойқаро, дар Ҳирот ҳаёт дошт». Дар асл Офоқа духтари Мир Ҳасан Алии Ҷалоир аст ва дар Ҳирот ҳаёт ба сар бурда, пояи эҷоди худро дар давраи Ҳусайн Бойқаро тарвиҷ додааст. 
Дар ҳамин давра баъди ба тахти шоҳӣ нишастани Ҳусайн Бойқаро (соли 1469), Алишери Навоӣ сазовори мақоми ходими давлат шуда, олитарин мансаби давлатиро ишғол намуд.  Ӯ чун вазири бонуфузи Ҳусейн, ки сарвару сарпаноҳи аҳли илму адаб буд, дабистони илму адабро тарвиҷ додааст. Шӯҳрат ва арҷу эҳтироми ӯро ба инобат гирифта, бародараш Дарвешалиро ҳокими Балх таъин кардаанд.
Дар давраи ҳукмронии Дарвешалӣ дар Балх шоира Офоқ ба ӯ издивоҷ кардааст. Дар ин бора дар тазкираи Могаҳ Раҳмонӣ қайд шудааст, ки ин шоира ба Дарвешалӣ – бародари Амир Алишери Навоӣ издивоҷ намуда, ки он вақт шавҳараш ҳокими Балх таъин гардида буд. Мувофиқи сабти хотироти Бобур Мирзо низ Дарвеш Алибек дар ҳақиқат бародари Алишербек будааст, ки муддати мадид ҳокими Балх таъин гардида, корҳои хубе анҷом додааст. Дар ҳақиқат китобдор будани Дарвешалиро В.Бартолд низ тасдиқ карда мегӯяд, ки бародари Алишери Навоӣ шояд мисли худаш китобдӯст буд, ки ӯро Мир Алишер ҳамчун китобдор дар Ҳирот таъин намуд.
Ҳамчунин Могаҳ Раҳмонӣ дар баробари тавсифи шоира Офоқа Ҷалоир зикр намудааст, ки Алишери Навоӣ муосири шоира ва бародари шавҳараш будааст. Дар тазкира таъкид мешавад, ки шоира бо номи Офоқ ё Офоқбегими Ҳиравӣ ва тахаллуси Бегим машҳур аст ва бештар ӯро Офоқбегим ё Офоқбика мегӯянд.
Намуна аз ашъори Офоқ:
Обе, ки фалак ба лаб чаконад моро,
Саргаштаи баҳру бар давонад моро.
Эй кош ба манзиле расонад моро,
К-аз ҳастии худ боз раҳонад моро.
Бо исботи ҳамаи далелҳо маълум мешавад, ки Дилшодхонум дар асл Табрезӣ ва завҷаи Ҳусейн Алии Ҷалоир аст. Духтари ӯ Офоқа, Офоқбегим, ё Офоқбегими Ҳиравӣ завҷаи Дарвешалӣ буда, бародари Дарвешалӣ шоири машҳур Алишери Навоӣ аст. Ҷумлаи марду зани ин оила дар суханпардозӣ ва маҳфилороӣ маҳорати баланд дошта, анвои шеър мавриди таваҷҷӯҳи аҳли онон қарор гирифтааст.
 
Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: