(Ҳикоя)
Дар қабристони шафати хонаамон рӯбоҳи модаи хокистарранге зиндагӣ дошт. Аз он ҷо баъзан даро-барояшро мушоҳида мекардам. Вай ниҳоят айёр буд, чашми сагҳои зиракро чапғалат карда, мурғҳоро мерабуд. Катаки модарам аз мурғ ҳеч пур намешуд, аз ин рӯ, рӯбоҳро доим дуои бад мекард.
Дар яке аз рӯзҳои тафсони тобистон ғайричашмдошт қабристон оташ гирифт. Барои хомӯш кардани он пиру ҷавони деҳа ба по хестанд. Ҳамон рӯзҳо рӯбоҳ таваллуд карда буд, дар қабристон бо рӯбоҳбачаҳояш гашту гузорашро дида будам. Вақте бо сатил ба оташ об мепошидам, дидам, ки рӯбоҳи хокистарранг бо тарсу ҳарос аз наздам давида гузашт. Аммо бачаҳояш набуданд...
Ҳаракатҳоямон зоеъ рафтанд, оташи баланд қабристонро тамоман фаро гирифт, баъди хасу хошоки чандсоларо «фурӯ бурдан» худ аз худ хомӯш гардид.
Наздики бегоҳ ба хона баргаштам.
– Аҳволи рӯбоҳи бечора низ бад шуд,– бо хаёли парешон гуфт модарам. – Ба назарам, бачаҳояш дар оташ нобуд шудаанд.
– Чаро ин тавр мегӯед?– бо ҳайрат пурсидам аз ӯ.
Модарам воқеаи рӯйдодаро нақл кард.
Рӯбоҳи аз қабристон фироркарда рост ба ҳавлиамон омада, дар рӯйи суфа дароз кашидааст. Сипас, ба модарам, гӯё кӯмак мепурсида бошад, маъюс чашм дӯхта, овоз баровардааст. Саги хонаамон низ, ҳамин ки сояи ӯро медид, қарорашро гум мекард, ба ӯ кордор нашудааст. Рӯбоҳи хокистарранг бад-ин минвол чанд дақиқа хоб карда, пештар аз омадани ман, роҳи саҳроро пеш гирифтааст.
– Ҳангоми ба сарашон ташвиш афтодан, ҷонварон низ аз инсон мадад меҷустаанд,– гуфт модарам.
Бегоҳирӯзӣ аз тарафи қабристони сӯхта зӯзаи ҳузнангези рӯбоҳ ба гӯш расид. Ин садо то дер хомӯш нагардид. Модарам гуфт, ки ҷонвар ба бачаҳои дар оташ нобудшудааш азо мегирад.
Рӯбоҳи хокистарранг дигар нанамуд. Шояд, ба дарди ҷудоӣ тоб наоварда, ба куҷое ғайб зада буд.
Ғафур
ШЕРМУҲАММАД
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
С. БЕКНАЗАРОВА.