РӮДАКӢ НАХУСТИН ВАССОФИ БУХОРО

Боиси ифтихор аст, ки боғи пуртаровати куҳанбунёди адабиёти тоҷику форс бо бузургони сершумори сатҳи ҷаҳонӣ – дарахтони сершоху барги беш аз ҳазорсолаи худ ба аҳли олам ғизои маънавӣ мебахшад.

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ, 
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
(Рашидии САМАРҚАНДӢ).

Боиси ифтихор аст, ки боғи пуртаровати куҳанбунёди адабиёти тоҷику форс бо бузургони сершумори сатҳи ҷаҳонӣ – дарахтони сершоху барги беш аз ҳазорсолаи худ ба аҳли олам ғизои маънавӣ мебахшад. Номи асосгузори ин боғи ҷовидон сабз – Одам-уш-шуаро Абӯабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ бошад, на фақат баҳри ҳар як хонадони форсигӯйи олам, балки барои кулли мухлисони шеърияти воло азизу мукаррам гаштааст. Охир, тақрибан 1150 сол муқаддам мавқеи дӯст, рафиқро дар ҳаёти инсон кӣ монанди вай амиқу бикр ва пурҷозибаю самимӣ ифода кардааст: 
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, 
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон. 
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар, 
Аз фироқи дӯстони пурҳунар. 
Ба соддагию ифодаи халқонаи шоир нигаред, бовар кардан мушкил аст, ки он камаш ёздаҳ аср муқаддам гӯё бо шеваи имрӯзаи мо – бухориён гуфта шудааст. Эссеи адабиётшинос, тарҷумон, шоир Султонмурод Олим «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён...»-ро зери рукни «Бухоро – пойтахти фарҳанги ислом» аз «Овози тоҷик» (22 июли соли 2020, № 49) мехондаму мавҷи андешаҳо бобати шоир  Рӯдакӣ ва Бухорои шариф гӯё бандаро ба оғӯш мегирифт. Пӯшида нест, ки ҳам дар Бухоро, ҳам дар мамлакат даҳҳо, садҳо олимон ҳастанд. Масъалае нест, ки онҳо даст назада бошанд, вале байни онҳо,мутаассифона, мисли С. Олим муҳаққиқони ҳақгӯй каманд. Ба тасаввури банда илм ҳақиқатнигорист, на чизи дигар. Бар акси ҳол он илм нест. Олимтароше, ки ба гуфтан ё нигоштани ҳақиқат қодир нест, роҳи хостааш ботил аст, зеро дурӯғ бефурӯғ бошад. Чанд сол муқаддам С. Олим дар як мақолааш ғояи ба адабиёти Ватан дахл доштан ва ба он шомил намудани А. Рӯдакӣ барин шоиронеро, ки дар ин сарзамин зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ба миён оварда буд, ки ин хеле бамаврид ва аз рӯйи адолат аст. Ба ибораи дигар, эътирофи хидматҳои муносиби ин ё он шахс, дилсафедона баҳодиҳӣ ба маҳорат ва иқтидори вай аз дасти на ҳар кас меояд. Фақат инсони холис, ҳақгӯй ва соҳибфазилат метавонад чунин рафтор кунад. Чи хеле ки аз мазмуни мақола аён мегардад, Султонмуродакаро фарзанди ду халқ гуфтан эътирофи ҳақиқат аст, чунки падараш ӯзбек ва модараш тоҷик. Ин анъана дар Бухоро одати муқаррарист. Аз ин рӯ, дили ҳассосаш робитаю муносибатҳои дӯстонаи ин ду халқро беғубор дидан мехоҳад. Бахши «Зиёрати Бухороро аз куҷо бояд шурӯъ кард?» бо арзи эҳтироми олим ба модар ва забон оғоз ёфта, он ҷо ноқаноатмандии вай нисбати баъзе ҳамкасбонаш чунин ифода ёфтааст: «Дар ситоиши шеърҳое, ки на он қадар баланданд, баъзе адабиётшиносон бебаркаш ҳарф мезананд. Шеърҳои олӣ аз назарашон дур мемонад. Вале шеърҳои асиле ҳастанд, ки воқеан худододанд. «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён...»-и  Рӯдакӣ, бешубҳа, аз ин гуна офаридаҳост». Эҳсоси Ватан дар ҳама давру замон барои инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошту дорад. Иқтидори худододи Рӯдакӣ ба дили амири Сомонӣ меҳри Бухороро чунон ба хурӯш овард, ки вай ҳатто бе мӯза ба асп савор шуда, шитобон роҳи Бухороро пеш гирифт. Шеъри хуб диққати ҳамаро сӯйи худ мекашад, аз ҷумла тарҷумонро низ. Хушбахтона, дар адабиёти форс-тоҷик аз ҷумла дар эҷодиёти Рӯдакӣ, ин қабил шеърҳо фаровонанд. Қасидаи ӯ бо радифи «Ояд ҳаме» яке аз онҳост. Муаллифи мақола ба масъалаи тарҷумаи шеъри номбурда дахолат карда, 10 нафар будани шумораи тарҷумонҳои онро таъкид кардааст. Банда гумон дорам, ки миқдори тарҷумонҳои «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён...» ёздаҳ нафаранд. Тахминан 10-12 сол муқаддам Президенти ҳамонвақтаи Эрон Хотамӣ ба Бухоро ташриф оварда, шеъри номбурдаи Рӯдакиро хонда буд ва ин шеър бо тарҷумаи исломшинос ва шоир, раҳматӣ Садриддин Салими Бухороӣ дар дохили мақолаи расмӣ дар матбуоти маҳаллӣ ва марказӣ дарҷ ёфта буд. Хулоса, Рӯдакӣ аввалин шоирест, ки беҳтарин ва марғубтарин шеърҳоро дар бораи Бухоро навиштааст.
Ба ғайр аз ин таҷрибаи рӯзгор, панду андарзҳои ӯ баҳри камолоти маънавии ҷавонони имрӯз низ хеле пурқиматанд. Аз ин рӯ, эҷодиёти устодро омӯхта нисбати шоир ҳар қадар сипосгузорӣ кунем, меарзад. 

Комилҷон РАҲИМОВ, 
корманди калони илмии Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон, доктори  фалсафа оид ба илмҳои таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: