Тибқи қонуни Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд аз соли нав барои мусофир ва боркашонӣ бо воситаи нақлиёти автомобилӣ дар шаҳр, атрофи шаҳр, байнишаҳрҳо ва роҳҳои байналхалқӣ ба корхонаҳои ин соҳа рухсатнома (литсензия)-и махсус дода шавад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сирдарё автобус саройи»-и ноҳияи Сирдарё дар вилояти Сирдарё аввалин шуда соҳиби чунин рухсатнома гардид. Онро шуъбаи ноҳиявии Агентии хидматҳои давлатии вилояти Сирдарё супорид.
Акнун ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сирдарё автобус саройи» бо чор адад автобуси «Исузу» метавонанд фаъолияти қонунии худро дар ҳудуди вилоят оғоз кунад.
– Ба роҳ монда шудани хатсайри автобус айни муддао шуд, – мегӯяд сокини ноҳия Ҳ.Ҳакимов. – Зеро мусофирон акнун медонанд, ки автобус кай меояду онҳо кай ба роҳ бароянд. Ғайр аз ин, пайдост, ки на ҳама имконияти бо таксӣ гаштан доранд.
Т. БОҚИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё.