РӮЙХАТИ ОШКОРОИ ШАХСОНЕ, КИ ВОБАСТА БА ТАМАЪГАРӢ ҶИНОЯТ СОДИР КАРДААНД, ТАШКИЛ МЕГАРДАД

Тамаъгарӣ иллати хавфнокест, ки ба пешрафти ҳама гуна давлату ҷамъият монеъ мешавад, ба истиқрори ҳаёти иҷтимоӣ таҳдид менамояд.

Тамаъгарӣ иллати хавфнокест, ки ба пешрафти ҳама гуна давлату ҷамъият монеъ мешавад, ба истиқрори ҳаёти иҷтимоӣ таҳдид менамояд. Агар пеши ин офат гирифта нашавад, дар мамлакат фароҳам овардани шароити воқеии соҳибкорӣ ва сармоядорӣ ғайриимкон мегардад, ягон соҳаи ҷамъият пеш намеравад. Ин ҳақиқатест, ки исботро тақозо намекунад.
Дар чаҳор соли охир дар Ӯзбекистон бар зидди тамаъгарӣ муборизаи қатъӣ оғоз ёфт. Барои пешгирӣ кардани тамаъгарӣ дар тамоми соҳаҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ решакан кардани он эътибори зиёд дода мешавад. Аз рӯзи аввали ба вазифаи худ оғоз кардани нахустин ҳуҷҷате, ки Президент Шавкат Мирзиёев ба он имзо гузошт, Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза бар муқобили тамаъгарӣ» буд. Дар мамлакати мо барои таъмин кардани иҷрои қонуни мазкур дар давраи сипаришуда бо такя ба меъёрҳои пешқадами байналхалқии мубориза бар муқобили тамаъгарӣ чораву тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуданд, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз тариқи дар онҳо таъмин кардани ошкорбаёнӣ, рӯшодӣ ва шаффофият пурсамартар гардиданд, барои таъмин сохтани назорати таъсирбахши ҷамоатӣ ва идораи пурсамар шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Вале бо вуҷуди чораву тадбирҳои андешидашуда бобати истифодаи маблағҳои буҷавӣ, харидҳои давлатӣ, сохтмони капиталӣ, ба даст овардани иҷозатнома ва рухсатномаҳо, ҷудо кардани вомҳои бонкӣ, ба кор қабулкунии кадрҳо ҳолатҳои тамаъгарӣ мушоҳида мегарданд.
Фармони роҳбари давлат «Дар бораи муносибати беамон ба муқобили тамаъгарӣ, дар идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қатъиян кам кардани омилҳои тамаъгарӣ ва ба он васеъ ҷалб намудани ҷомеа» дар ин бобат аҳамияти баланд дорад.
Дар фармон боназардошти он ки дар давраи кунунии пешрафти мамлакат тамаъгарӣ яке аз хатарҳои ҷиддии рушди давлат ва ҷамъият дар Ӯзбекистон ба шумор меравад, муносибати беамон ба муқобили ҳама гуна ҳолатҳои тамаъгарӣ ва муборизаи қатъӣ бо он ба сифати вазифаи устувори роҳбарони тамоми дараҷаҳои мақомоти давлатӣ муайян карда шуд.
Минбаъд бо мақсади аз тамаъгарӣ озод намудани идораи давлатӣ аз ҷониби Агентӣ «Реестри кушоди электронии шахсоне, ки бинобар ҷинояти вобаста ба тамаъгарӣ айбдор дониста шудаанд», ҷорӣ мегардад. Ба шахсоне, ки ба ин рӯйхат афтидаанд, кор дар муассисаҳои давлатӣ ва сазовор шудан ба мукофотҳои давлатӣ, роҳбарӣ ба ташкилотҳое, ки саҳми давлат дар онҳо аз 50 фоиз зиёд аст, ҳамчунин сарварӣ ба муассисаҳои давлатии таълим манъ карда мешавад. Аз 1 январи соли 2022-юм бошад, декларатсияи иҷбории даромадҳо, амволи хидматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва ҷонишинони ташкилотҳо, корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо, ки саҳми давлатиашон аз 50 фоиз зиёд мебошад, ҳамчунин ҳамсарон ва фарзандони ба воя нарасидаи онҳо ҷорӣ карда мешавад. 
Тавре ки дар фармон муқаррар карда шудааст, минбаъд сар тофтани хидматчии давлатӣ аз тақдимкунии декларатсия, қасдан маълумоти нодуруст ворид кардан боиси аз кор гирифтан ва мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудани ӯ мегардад. Ҳамчунин аз 1 январи соли оянда барои хидматчиёни давлатӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кушодани ҳисобрақам ва ба он соҳибӣ шудан, нигоҳ доштани маблағҳои нақди пулӣ ва соҳибӣ ба амволи дигар манъ карда мешавад.
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур баъди муайян карда шудани ҳолатҳои вобаста ба зидди манфиатҳои агентӣ, агар тақдимномаи нигоҳ доштани шартнома, фармон ва амали ҳуҷҷатҳои дигар боздошта, ё худ ба суд дар бораи ҳақиқӣ набудани онҳо даъво пешниҳод шуда бошад, ба зиммаи депутатҳои халқӣ вазифаи назорати мунтазам нисбат ба манбаъҳои иловагии буҷаҳои маҳаллӣ гузошта мешавад.
Навгонии дигаре, ки дар фармони роҳбари давлат ифода ёфтааст, ин тасдиқ шудани барномаи давлатӣ оид ба мубориза бар зидди тамаъгарӣ дар солҳои 2021-2022 ба шумор меравад. Мувофиқи он барои сари вақт ва босифат ба амал татбиқ намудани чораву тадбирҳое, ки дар Барномаи давлатии агентӣ пешбинӣ шудаанд, бобати ба роҳ мондани назорати мунтазам дар анҷоми ҳар як чоряк ба шӯрои миллии мубориза ба муқобили тамаъгарӣ маълумот пешбарӣ мекунад. Шӯро бошад, ба амал татбиқ гардидани чораҳои дар назардошташударо баррасӣ менамояд.
ӮзЛиДеП ва фраксияи парлумонии он вазифаҳоеро, ки дар фармон пешбинӣ шудаанд, пурра дастгирӣ мекунад ва барои расидан ба мақсадҳои барномавӣ, ҳифз намудани манфиатҳои интихобкунандагон ба сифати ҳуҷҷати муҳим эътибор медиҳад. Мо ҷонибдори пирӯзӣ бар тамаъгарӣ ва ворид шудан ба ҷумлаи давлатҳое мебошем, ки дар онҳо тамаъгарӣ аз байн бардошта шудааст.
Вазифаҳои устуворе, ки дар фармон муайян карда шудаанд, ба мақсадҳои барномавии ҳизби мо вобаста ва ҳамоҳанг мебошанд. Мо ошкор кардани маблағи хидматчиёни давлатӣ ва маълумот дар бораи амволи онҳо, ҷорӣ кардани низоми нави декларатсия, пурзӯр намудани ваколат ва вазифаҳои кумитаҳои мубориза ба муқобили тамаъгарӣ ва масъалаҳои суду ҳуқуқро вазифаи муҳим меҳисобем. Дар ин бобат мо нафақат барои бартараф сохтани оқибатҳои тамаъгарӣ, балки боз бар муқобили омилҳое, ки сабаби тамаъгарӣ мешаванд, чора меандешем. Ҳамчун хулоса метавон гуфт, ки тамаъгарӣ ба пешрафти сиёсиву иқтисодии ҳама гуна давлат ва ҷамъият зарари ҷиддӣ мерасонад. Вай асосҳои конститутсионии давлат, пойдории қонунро заиф месозад, оқибат боиси поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мешавад. Иҷрои фармони мазкур, бидуни шубҳа, баробари куллан решакан кардани тамаъгарӣ, баҳри дар рейтингҳои бонуфузи байналхалқӣ беҳтар намудани мавқеи Ӯзбекистон хидмат хоҳад кард.

Актам ҲАИТОВ,
ҷонишини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: