РӮЙИ СУФРА

ҳазоруяк хел таом

Бори ҳабдаҳум аст, ки Идораи хидмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ваколатхонаҳои расмии хориҷиро дар сари як дастархон ҷамъ меорад.
Аслан «дар сари як дастархон» гуфтан ба маънои аслӣ ба ин ҷашнвора дуруст намеояд ва чун намояндагони беш аз 30 ҳайати дипломатии дар мамлакатамон сабти ном гардида дар Боғи ботаникаи Тошканд суфра густурда, ҳамдигар ва меҳмонони дигарро пазироӣ карданд, ба ин маънӣ онро як дастархон ҳам гуфтан мумкин.
Ҷашнвораи анъанаҳои маданӣ ва таомҳои миллӣ кайҳост, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Фақат аз дидану чашидан ва суҳбатҳои гуворо бо намояндагони кишварҳои гуногун хаёлан ба ин диёрҳо мисле ки саёҳат мекунӣ.
– Барои мо ҳар сол иштирок кардан дар ин ҷашнвора мисли ид аст, чунки на фақат мо таомҳои миллии тоҷикиро мепазему ба суфра гузошта одамонро меҳмон мекунем, балки таому анъанаҳои мухталифи мардумони дигарро аз наздик мешиносем, – мегӯяд котиби сеюми сафоратхонаи Тоҷикистон Муслима Гадоева.
Табиист, ки заҳмату тараддуди дипломатҳои пазанда беподош намемонад. Аз лиҳози таъму рангу бӯ ва ҷиҳозонии суфраҳо, хониши сарояндаҳо онҳо баҳои ба худ хосро аз ҷониби ҳакамҳо касб менамоянд ва тақдир мегарданд.
Ногуфта намонад, ки дар он намояндагони вилоятҳои ҷумҳурӣ бо маълумоти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарии худ низ ширкат намуданд.
Гуфта мешавад, ки маблағи аз фурӯш бадастомада  барои хайрия ба хонаҳои бачагони пойтахт бахшида мешавад.

Т. МИРҲАЁЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: