Новелла
Вай дар дами дарвоза муддате таваққуф кардаву вазни худро ба дӯши асобағал партофта, дар ҳоле, ки пойи маҷрӯҳаш зириқ-зириқ ба дард омада буд, – шояд имрӯз аз ҳад зиёд пиёда гашт, ё..., – дандон ба дандон гузошта, нафас рост намуд. Ба чаҳор ҳадди ҳавлии озода ғамгин назар партофта, аз дил гузаронд, ки ин дарди малъун тамоми умр ба заволи ӯ дасту остин барзада, хоса дар ҳамин шабону рӯзон ҳаёташро заҳрогин месозад ва неши тараш барқасд ба умқи ҷонаш фурӯ меравад. Ҳарчанд ба ин дарди газанда як навъ одат кардааст, аммо чун аз ҳад ба хурӯш меомад, аз зиндагӣ дилгир мешуд. Ва ҳоло пас аз он ки сӯзиши ҷароҳати кӯҳнааш каме таскин ёфт, дар гӯшҳо нолиши он пойи маснӯӣ ба самти оғил роҳ гирифт. Мӯйсафед дид, ки охури гов алаф дорад ва ҷонвар шодон шикам пур мекунад. Хар ҳам ба охур хам шуда, насибаи худро мехӯрад. Дар қӯра ду қӯчқори парвоӣ бепарво истироҳат доштанд, шояд кайҳо шиками худро сер кардаанд онҳо. Пас, маълум мегардад, ки кампираки дар фаросат беҳамтояш фурсат пайдо намуда, аз ҳоли ҷонварони хонадон воқиф гаштааст, ба ҷойи шавҳар корҳоро сомон бахшидааст. Акнун табъи хирааш дубора болида, қаноатманд аз дил гузаронд, ки то намози пешин замоне пойҳояшро дам диҳад, меарзад ва ба ин ният қафо баргашт. Завҷаи меҳнатқаринаш дар айвон нишастааст. Кадом як либоси шустаро дарбеҳ мезад вай ва сараш хам беоҷил сӯзан мекашид.
– Ассалому алейкум, бобоҷон!
Мӯйсафеди хаёлрабуда як қад парид. Наберааш Муродҷон буд, ки аз паноҳи сояи хавозаи токи ангур ҷаста аз ҷой хесту пирамардро бо садои кӯдакона пешвоз гирифт.
– Ваалейкум бар салом, ширини бобо. Ту ҳаминҷо будӣ?
– Бо очаам омадам.
– Хуб кардӣ, хабаргираки бобо. Очаат ку?
– Дар тӯйхона.
– Ҳаъаа... Воқеан вай бо завҷаи муаллим Раҳмон Бадал дугона аст, – сари набераро бо меҳр сила намуд мӯйсафед ва:
– Акнун даҳонатро кушо, – гуфт бо табассум киса кофта ӯ ва ду дона ордакқанд берун оварда, якеро оҳиста ба даҳони набера гузошт ва дигарашро ба кафи ӯ мондан мехост, ки панҷаи хоколудашро дида, аз ин фикр гашт. Ва амр намуд, ки кисаашро бидорад. Бобо хам шуда, тӯҳфаи худро ба кисаи набера ҷой кард. Писарак шоду бод:
– Раҳмат, бобоҷон, – гуфта, даҳонаш ширин ба сӯйи бозии худ шитофт.
Пирамард лаҳзае аз паси набера нигариста, баъд шаддаи дуо дар лаб ба самти айвон рӯ овард.
– Омадед?
– Ҳа - а... – кӯтоҳак ҷавоб гардонд мӯйсафед ва лангон - лангон ду зинаи лаби айвонро баромада, бо нолиши пирона ба рӯйи кӯрпача, дар бари ҳамболини худ нишаст ва аз киса рӯймолчаашро берун кашида, арақи сару гарданашро пок намуд.
– Хатнасур нағз мегузарад? – ҳамон сараш хам пурсид кампир.
– Албатта! Хурду калон омада, оши палав мехӯранд. Давлаташ зиёда гардад, Раҳмон Бадал тӯйи аҷоиб дод. Ҳама хурсанд, ҳама розӣ... Қатори мардум ба дасти ҷигарбандонаш, ки усто ҳалолашон сохт, баният чанд сӯмак додамаш.
– Ман ҳам сари қадаме ба шодигоҳ рафта, соҳибтӯйҳоро «Муборак бод» гуфта омадам. Ёфти як муаллими бечора ҳамин-дия! Меҳнаташ ва ёфту тофташ ҳалол ки ҳаст, аз гулӯи мардум низ беминнатак гузашта, оши баданашон мешавад.
– Раҳмат бар падараш, хонаобод он ҳама нуқли ноёбро ба нӯки сӯзан ҷамъ оварда, бо рӯйи кушод ба пеши мардум гузошт. Муҳим, дуои халқро гирифт.
– Рост... Дар роҳи фарзанд адо шуданд зану шавҳар. Худованди карим қариб дар дами пириашон як ҷуфт шербача ҳадя фиристода, ҳаёти мудом талхашонро ба асал оганд...
Чолу кампир муддате сукут варзида, ба андешаҳои худ машғул монданд. Пирамард боз рӯймолчаро гирифта, бо нидои:
– Ё Аллоҳи меҳрубон, ту шафиқӣ, ту раҳимӣ! – гуфту донаҳои ба пешониаш заҳидаи арақро пок намуд.
Ин дам ҳамсараш ба чӣ нияте сар аз дӯхтан бардошту пешонӣ чин намуд ва авзояш тағйир хӯрда:
– Чанд бор гӯям ба шумо?! Ягон рӯймолчаи дигар гирифта гардед, намешавад? – гуфта шавҳари гапнодарои худро коҳиш дод.
– Намешавад, кампир! Чаро? – инро худат нағз медонӣ! – ишораи ҳамболинашро зуд пай бурда, қатъӣ, аммо ба ҳадде ором посух гардонд мӯйсафед.
– То кай ҳамон латтаи шалақро..., – боз норизо садо баланд кард кампирак ва ба пешдаҳони давлати сараш дучор омада, зуд лаб фурӯ баст.
– То дами вопасин! Ва... ҳамеша дар ёдат бошад, ҷони ман. Он ганҷро, ки шуд нашуд бо чашми кам мебинӣ, бешак бо худ ба гӯр низ хоҳам бурд.
– Айб аст, охир. Ҳама механданд, бобош! Мазоқ мегиранд, ки дар хонаи Бобои Раннӣ, – вайро хурду калон дар деҳа ҳамин хел ном мебаранд, чунки аз ҷанг маҷрӯҳ баргаштааст! – ягон порча латтаи тоза ёфт нашудааст. – Қадре ба муросо омада, фикри худро возеҳтар баён дошт пиразан.
– Эҳ кампир, кампир..., – сар ҷунбондаву оҳ кашид пирамард.
– Медонам ман, мардуми мо чӣ хел ғаммозанд! Ба фаровези даҳонашон нигоҳ накарда, гап мезананд.
– Ин рӯймолро аз рӯзе, ки бо ҳукми парвардигор ба ин хонадон пой гузоштӣ, яъне арӯси нозанине шуда кулбаи эҳзони маро чароғон сохтӣ, ба ту махсус нишон дода будам.
– Аз ёдам нарафтааст, ки манаки хушбоварро борҳо сӯзонда таърихчаашро қисса намудаву ба сайри ғамангезаш водор сохта будед. Ба қавлатон, гӯё аз кадом як урусдухтари албастисимо нишона будааст. Эҳ Худои зулҷалол...
– Бале, аз ҳамон ҳури тиллоранг, аз ҳамон фариштаи самовӣ ёдгор аст! Хайрият дар ёдат мондааст, – базавқ хандид мӯйсафед.
Пиразан аз хандаи шавҳар бештар таҷанг шуда, миёни абрӯвони ноҳамвораш гиреҳ андохт ва лаб газиду норизо ба самти дигар рӯй тофт. Мӯйсафед дар лаб табассуми соф шодон рашки ҳамсарро назора карда, низ хомӯш ба ҳамон тараф чашм монд, ки бонуи хонадон бо итобе равшан, аммо чун дар аҳди ҷавониаш хеле малеҳ... менигарист. Вай хуб медонист, ки кампираш вақте рашк менамуд, гӯё саропо гул мекард, аҷаб зебо, аҷаб барно мегашт, гӯё банохост ба чаманистоне мубаддал мешуд.
... Гулбуттаи дар ҳошияи байни пали юнучқаву як каф замини холии пеши айвон пир шудаву баргҳои худро пеши пояи ҳанӯз сабзаш андохта, ба назар тулак метофт. Дар ҳангоми заволи умр гӯё ба ғам печида буд гулбутта. Он тарафтар, зери сояи хавозаи токи ангур набераи нозпарварди хонадон машғули бозӣ аст. Вай ҳарчанд даст ба бозӣ дошт, аммо ҳушу ёдаш ба суҳбати пиронсолон банд буд. Баъд аз он ки бибию бобои худро хомӯш дид, баланд шуда, сабукак гарди шиму куртаашро афшонд. Тозон худро ба оғӯши бобо расонда, мӯйсафеди акнун дар банди андешаҳоро ба ҷону ҳолаш нагузошт, то таърихчаи рӯймоли фарсудаашро нақл бикунад.
***
– Баъд чӣ шуд, бобоҷон? – худро дурусттар дар бағали бобо ҷой дода, риши сап сафеди ӯро маҳин молид писарак.
– Гӯё дар гулӯяш устухон монда бошад, нафаси ҷанг филфавр басанда гашта, оламро як оромии мармуз фаро гирифт, – ба нақли худ идома дод бобо. – Ҳанӯз аз ҷароҳати ман хун метаровид. Аммо мисли пештара не... Ҷандала карда, якпаҳлӯ гаштам ва аз дарди ҷонкоҳ нолида, дубора беҳуш шудам.
– Ҳамин хел дар он маҳшаргоҳ дурудароз хоб рафтед? Ҳеч як бандаи Худо ба додатон нарасид?
– Баъд... ҳушу ёдамро ғундошта, ба таҳқиқ дарёфтам, ки дар госпитал хобам. Атрофам пури аскарони маҷрӯҳ... Кадом як узви баданамро ҳис намекардам, гӯё кам шуда буданд аъзои танам. Ба чӣ чашме дидам, ки... пойи ростамро аз зону боло қатъ кардаанд. Синаам ҳам докапеч. Маълум, ки онҷоро низ шуставу марҳам бастаанд духтурон. Бевосита аз дидагонам ашк ҷорӣ гашт ва мани он замонаҳо ҳанӯз ҷавон гириста-гириста парвардигорро шукр гуфтам, ки хайрият зинда мондаам ва ин тавр зери доруи оромбахш дубора хобам бурдааст. Он лаҳза хоб дидам – хоб не, балки як оғӯш афсона буд он! Ҳамин деҳаи он замонаҳо хеле ноободамон ба хобам даромадааст. Пас аз як сайри рангинкамони ватани бобоӣ ..., – чӣ гӯям ба ту? – ҳамон маҳшаргоҳро ҳам дидам, ки як рӯз пеш дар доманаш ба хуни худ оғушта хобида будам. Аммо хоб набуд вай, айни ҳақиқат буд. Аҷоибот он буд, ки ба гӯшам садои мулоими ҳамшираи шафқат омада, якзайл хаёли маро медуздид. Ин овози ширадор садои кулли атрофро, минҷумла таркиши минаву бомба, виз-визи тирҳои паррон, нолаи ҷонхароши сарбозони захмӣ ва садоҳои дигарро фурӯ бурда, мисоли як оҳанги зебо бехи гӯшҳоям нишаста буд ва ба мани аз як тири дайдуи душман маҷрӯҳ қувват мегашт. Нӯшдоруи ман буд он овози беҳамто!
– Ва... ҳамин хел шумо зинда мондед?
– Бале, ҷони бобо! Ман зинда мондам, аммо... он ҳамшираи шафқат не...
– Афсӯс.
– Вай вақте аз дур маро ба хоку хун олудаву нолон дид, аз миёни садҳо ҷисми берӯҳи сарбозон гаваккашон гузашта омад. Ва бо як шадда табассуми дар ҳамин асно тухми анқо, шояд умуман ба сурати ҳол бегона, ҷароҳати маро аз назар гузаронд ва дар ҳоле ки худро ба замин пахш карда буд, сумкаашро кофту кофт, аммо... хаёлаш парешон лаб газид. Гуфт, ки ҳангоми гавак кашидан даҳони кифи дорувораш кушода шудаву ҳама дороии он парешон шудаанд. Баъд: «Ҳеҷ гап нест!» – гуфт қатъӣ. – «Албатта, ягон илоҷашро меёбам». Ва... фурсатро ғанимат шумурда, бе ҳеч диранг рӯймоли сарашро кушода, зуд пойи маро болотар аз ҷароҳати хунрез баст. Бале, маҳкам баст, бо тамоми нерӯ ... Пас, лабонашро, – ҳа, ҳамон лабони аз тарс ларзонашро, – ба гӯшам наздик оварда, ширин-ширин дилбардорӣ намуд. Аз бари рӯям бо ангуштони нозукаш, ки ҳоло аз хуни ман ҳиноранг метофт, ғуборро барчида, лабони ташнаамро ба маҳлуле тар сохт. Ниҳоят ба лафзи модарона навозиш карда, таъкид сохт, ки ҳаргиз чашмонамро напӯшам, худро ҳушёр гирам, маргро аз даври сарам биронам, асло таслим нашавам. «Ташаккур» – гуфтам чашмонам ғарқи ашк, ки он асно тамоми аъзои баданам аз дард меларзид. Ва ӯ бо ҳамон овози дилангез дубора дилбардориам кард. Гуфт, ки «Ту ҳоло ба Ватан даркор ҳастӣ, сарбози қаторӣ!» Ва ин замон дар гӯшае рокити душман мунфаҷир гашта, аз садои он гӯшҳои ман қуфл бастанд. Ҳамшираи шафқат зуд худро ба болои ман партофт. Ҳаминро медонам, ки вай чӣ хел барқсон ин амалро иҷро намуд. Пойҳоям чунон ба дард омаданд, ки гӯё ҷон танамро баякбор тарк карда бошад. Вай... дигар сар боло накард, мӯйи тиллорангаш парешону рӯйи маро пӯшонда буд ва аз хуни ӯ тани табъгирифтаи ман оҳиста гарм мешуд. Ҷони маро ба ивази равонаш харида, ҳамон табассуми соф дар вирди лабон ба холиқи худ пайваст ӯ...
– Пас, қаҳрамон будааст он ҳамшира.
– Албатта. Аммо ... кош зинда мемонд вай. Шояд ба ҳаёти хуш расидаву минбаъд дар қатори ҳазорон нафар шаҳди зафарро мечашид.
***
Мӯйсафед пойи нимаи худро, ки аз рон қатъ ёфта буд, оҳиста молид ва аз кисааш боз ҳамон рӯймоли рангаш паридаро, ки ҷой-ҷой доғҳое дошт, бароварда, бо меҳр бӯй кашид ва он манбаи муҳаббатро дубора чаҳорқат карда, бо як эҳтироми хос ба кисабағали худ ҷой дод. Муддате аз болои камзӯл ҷойи рӯймоли ёдгорро ба сина ҷафс сохта, чашмони камбинаш нам оҳиста аз ҷой хест. Вазни худро ба дӯши асобағалҳо гузошта, як ба ҳамсараш назар партофту чиҳое гуфтан хост, аммо андешаашро дар дил қулфу калид сохта, лангон-лангон ба роҳ даромад.
Акнун масҷид хоҳад рафт. Намози пешин қариб аст.
Албатта, пеши намози худ аз Худованд хоҳиш мекунад, ки маъвои ҳамон ҳамшираи шафқатро нурафшон гардонад.
Боз шукрона хоҳад хонд, ки замонаҳо ором гаштаву инак инсоният аз ҷангҳои бемаънӣ дониста канора меҷӯяд.
Шариф ХАЛИЛ.