Бо ташаббуси муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар Душанбе муаррифии китобномаи шарҳиҳолии адабиётшиноси варзида, доктори улуми филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев баргузор гардид.
Ин чорабинии фарҳангӣ 29-уми январи соли равон зиёдтар аз шаст олими пешқадами кишвар, шогирдон, ҳамкорон, пайвандон ва намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷиро гирдиҳам овард.
Маҳфилро директори «Китобхонаи миллӣ», доктори улуми педагогӣ, профессор Ҷумъахон Файзализода оғоз намуда, аз рӯзгору фаъолияти эҷодии Аҳмад Абдуллоев сухан гуфт. Вай Аҳмад Абдуллоевро аз олимони пухтакор ва ниҳоят сермаҳсули тоҷик номид. Аз ҷумла таъкид кард, ки профессор А. Абдуллоев зодаи деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон буда (15.03.1936), бо эҷоди асарҳои илмӣ ба рушди адабиётшиносии тоҷик саҳм гузоштааст.
Профессор Аҳмад Абдуллоев ба таҳқиқи илмии осори шоирони қарнҳои X-XII аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ғазолӣ, Абулфараҷи Румӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ ва ғайра машғул шуда онҳоро ба наслҳои имрӯзу баъд шиносонидааст.
Чунончи, рисолаи номзадии ӯ ба ҳаёту эҷодиёти Адиб Собири Тирмизӣ мансуб буд. Олим минбаъд чандин маротиба осори ин шоири шаҳирро омӯхтаву аз ҳаёти ӯ очерки илмии бадеӣ навишт. Ин очерк дар Ӯзбекистон ба забони ӯзбекӣ низ чоп шудааст. Аз ҷумла бо саъйи ӯ матни интиқодии осори Адиб Собир омода сохта, бо номи «Девони Адиб Собири Тирмизӣ» дар Теҳрон ба нашр расид.
Файзализода таъкид кард, ки осорномаи шарҳиҳолии профессор Аҳмад Абдуллоев бо саъю эҳтимоми муҳаққиқон Ҷӯрабой Раҷабов ва Гадобек Маҳмудов ва зери назари бевоситаи худи ӯ ба чоп расидааст. Муҳаррири китобнома доктори улуми филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода мебошад.
Китобномаи шарҳиҳолӣ бо шумули пешгуфтору ду мақола доир ба ҳаёт ва осори олим аз се бахши алоҳида иборат аст. Як бахши китоб иборат аз ҷамъи суратҳо аст, ки аз давраҳои гуногуни ҳаёти олим аксбардорӣ шудаанд. Номбурда изҳор дошт, ки чунин китобномаҳо ба рушди кори илмии муҳаққиқони ҷавон мусоидат мекунанд ва дар пайдо намудани адабиёти зарурӣ роҳнамои хубе мебошанд.
Дар чорабинӣ олимон, аз қабили Мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, академикҳо Муҳаммадюсуф Имомзода, Кароматулло Олимов, Носирҷон Салимӣ, профессор Равшанҷон Раҳмонӣ, мураттиби китоб Ҷӯрабой Раҷабов ва дигарон низ аз адабиётшинос Аҳмад Абдуллоев ва хидматҳои ӯ дар рушди адабиётшиносии тоҷик сухан гуфтанд.
Аз ҷумла суханронии Мушовири Президенти Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода хеле хотирмон буд. Вай гуфт, ки Аҳмад Абдуллоев ҳанӯз дар солҳои 90-уми қарни гузашта китоби дарсии «Адабиёти тоҷик»-ро барои синфи 9 таълиф карда буд, ки аз рӯйи он чандин насли муҳассилони макотиби миёнаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сабақ гирифтаанд. Он аз нодиртарин китобҳои дарсии адабиёт мебошад, ки имрӯз низ бо гузашти 30 сол дубора таваҷҷуҳи аҳли илму маорифро ба худ кашидааст. Аҳмад Абдуллоев китобро бо назардошти рӯҳияи хонанда ва ба забони шевою дилнишине таълиф кардааст.
Суханронии аксари шогирдон ва дӯстони Абдуллоев хеле самимӣ, саршор аз меҳру муҳаббат буданд ва ҳар кадом паҳлӯҳои гуногуни зиндагинома, ҷиҳатҳои муҳими осори ӯро фаро гирифтанд.
Дар интиҳо доктори улуми филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода (писари Аҳмад Абдуллоев) аз аҳли нишаст ва ташкилкунандагони он изҳори сипос кард. Иброз дошт, ки нусхаи аввали китобномаи мазкурро падари бузургвораш дар рӯзҳои вопасини ҳаёт дидаанд, аммо умр вафо накард, ки шоҳиди маросими рӯнамоияш бошанд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».