РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ТАЛАБИ ДАВР

Рушди ҷомеа ва кишварро бидуни дониш ва маърифат тасаввур кардан душвор аст.

Рушди ҷомеа ва кишварро бидуни дониш ва маърифат тасаввур кардан душвор аст. Юсуф Хос Ҳоҷиб дар китоби «Қутадғу билиғ» «Одами беилм дарахти бесамар аст, гурусна дарахти бесамарро чӣ кунад?» гуфта, хеле дуруст ва рӯзмарра будани мавқеи илму маърифатро нишон додааст.
Дар кишварамон ба илм ва маориф таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад, ба ин васила ба рӯзнома гузошта шудани  масъалаи рушди иқтисодиёти рақамӣ зарурати рӯз аст. Зеро, сарвати бузургтарин — ақлу дониш ва илм, беҳтарин мерос — тарбияи хуб, нодории аз ҳама гарон — ҷоҳилист.
Иқтисодиёти рақамӣ чист? Он ҳамчун низоми ягонаи татбиқи амалии алоқаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат он маънои ба воситаи офаридани технологияҳо, платформаҳо ва моделҳои нави иқтисодиёти рақамӣ ва ба ҳаёти ҳаррӯза татбиқ кардани онҳо ба низоми нав кӯчондани иқтисодиёти мавҷударо  дорад.
Солҳои охир Президент бо мақсади татбиқи тадбирҳои азими давлат оид ба рушди сектори иқтисодиёти рақамӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба имзо расонд.
Ба туфайли аз нақшаи рушди ояндаи кишвар муҳим ҷой гирифтани ба таври васеъ ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ ва дастгирии он доираи васеи тадбирҳо оид ба рушди сектори иқтисодиёти рақамӣ муайян карда шуданд ва баҳри иҷрои вазифаҳои мазкур дар мамлакат низоми нави табодули электронии ҳуҷҷат ҷорӣ гардида, пардохтҳои электронӣ ривоҷ меёбанд. Пойгоҳи  меъёриву ҳуқуқии соҳаи тиҷорати электронӣ такмил ёфта,  инфрасохтори электронӣ ва тиҷорат ташаккул меёбанд ва гузариш ба трансформатсияи рақамӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт зина ба зина ба амал бароварда мешавад.
Дар баробари корҳои оид ба татбиқи трансформатсияи рақамӣ тӯли солҳои охир ба амал овардашуда ба  мақсади рушди минбаъдаи шаклҳои муоширати бидуни робитаи субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомоти давлатӣ версияи нави Портали ягонаи интерактивии хидматрасонии давлатӣ, қабули виртуалии Сарвазир оид ба баррасии муроҷиатҳои  соҳибкорон «business.gov.uz»  ба кор дароварда шуд.
Фонди «Эътимоди рақамӣ», ки барои татбиқи чорабиниҳо дар соҳаи коркард ва ҷорӣ кардани лоиҳаҳои умедбахш ва аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, инчунин технологияҳои блокчейн оид ба рушди иқтисодиёти рақамӣ нигаронда шудааст, ташкил карда шуд.
Ба мақсади сарфаи назарраси вақт ва захираҳои меҳнатӣ барои баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии манфиатдор барои ба даст овардани созиш бо истифодаи имзои электронии рақамӣ, аз ҷумла муҳокимаи ҳамзамони ҷомеа ва коршиносон ва фавран фиристодани лоиҳа Низоми ягонаи электронии «project. gov.uz» ҷорӣ карда шуд.
Бо мақсади рақамӣ гардондани равандҳои технологӣ ва тиҷоратии иқтисодиёти рақамӣ, истеҳсолот, логистика ва савдои маҳсулоти тайёр дар кишвар «IT-паркҳо»-и дорои  инфрасохтори замонавӣ ташкил дода шудаанд. Фаъолияти озоди ширкатҳо дар соҳаи крипто-активҳо ва технологияҳои блокчейн ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади тайёр кардани кадрҳо дар мамлакати мо, ки технологияҳои замонавии барномасозиро аз худ кардаанд, лоиҳаи «Як миллион барномасоз» таҳия карда шуд ва барои ташкили машғулотҳо дар доираи лоиҳа портали uzbekcoders.uz ба кор сар кард.
Соли гузаштаи 2020 дар мамлакати мо «Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ» эълон карда шуд ва кор дар ин самт ба сатҳи нав баромад. Бо фармони Президент бинобар стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ — 2030»-и мамлакат ва «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи он тасдиқ гардид.
Дар рушди иқтисодиёти рақамӣ, пеш аз ҳама, такмил додани инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва инфрасохтори электронӣ аҳамияти махсус дорад.
Албатта, дар аҳолӣ сатҳи истифода аз Интернет ҳар қадар баланд бошад, низоми иқтисодиёти рақамӣ, аз ҷумла ҳукумати электронӣ ҳамон қадар самарабахштар хоҳад буд. Шумораи корбарони Интернет дар кишвар нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ дар соли 2018 46 фоизро ташкил дода бошад, дар соли 2021 ин нишондиҳанда аз 60 фоиз зиёдро ташкил медиҳад.
Дар робита бо воқеият дида мешавад, ки дар кишварҳои иқтисодиёти рақамӣ рушдёфта ҳам ҳаҷми ММД, ҳам ҳиссаи ММД ба сари аҳолӣ баланд аст. Аз ин нуқтаи назар,  дар мамлакати мо эътибор додан ба ин масъала мақсади ягонаро пешбинӣ менамояд, ки ин ҳам бошад, беҳбуди шароити зиндагии аҳолӣ, афзоиши даромади воқеӣ, инчунин рушди соҳибкорӣ ва иқтисодиёти кишварамон мебошад.
Технологияҳои рақамӣ на танҳо сифати маҳсулот ва хидматҳоро беҳтар мекунанд, балки хароҷоти зиёдатиро кам мекунанд. Ҳамзамон, он як воситаи муассир дар рафъи балои фасод ба ҳисоб меравад.
Ин рақамисозӣ на танҳо аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он сарфа ва самаранокии соҳаҳои иқтисодиётро таъмин мекунад, балки ҳамчун воситаи муассири мубориза бо коррупсия ва иқтисоди сиёҳ низ мебошад. Хулоса, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо он аҳамияти алоҳида дорад, ки яке аз василаҳои асосии бунёди давлати демократӣ бо иқтисоди қавии иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисоди бозорӣ ва беҳтар намудани муҳити тиҷорат дар кишвар, қулайиҳои васеъ фароҳам овардан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва содда гардондани пешбарии он, ба татбиқ ғояҳои нави инноватсионӣ хидмат мекунад.

Бегзод МИРЗОЕВ,
нозири пешбари дастгоҳи ваколатдори оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкории назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: