Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Aysel Energy»-и пойтахт шинос шуд.
Дар давраи сардиҳои ғайримуқаррарии зимистони имсола дар кори шабакаҳои барқ мушкилот ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, баъзе трансформаторҳои кӯҳна ба сарборӣ тоб наоварда, аз кор баромаданд, ки ин боиси қатъи неруи барқ гардид.
Сарвари давлатамон ба масъулини соҳа ҷиҳати навсозии шабакаҳои барқӣ ва васеъ намудани истеҳсоли таҷҳизоти зарурӣ супоришҳо дод. Боздид аз ин корхона имрӯз идомаи мантиқии иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда ва пешгирии мушкилот дар шабакаҳои барқӣ мебошад.
«Aysel Energy» қодир аст, ки дар як сол 10 000 таҷҳизоти бузурги барқӣ истеҳсол кунад. Дар корхонае, ки аз рӯи технологияи туркӣ фаъолият мекунад, сатҳи маҳаллисозӣ ба 70 дарсад расидааст. Дар натиҷа арзиши аслии маҳсулот ва хароҷот барои насби трансформаторҳо коҳиш меёбад. Ин имкон медиҳад, ки трансформаторҳои куҳнашуда на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми республика нав карда шаванд.
Шахсони масъул гузориш доданд, ки имсол дар кишвар ниёз ба шабакаҳои барқ 3,2 ҳазор трансформатор ва 12 ҳазор километр кабелро ташкил медиҳад. Сарвари давлат дастур дод, ки воридотро таҳлил намуда, ҳаҷми истеҳсолот афзоиш дода, ҳиссаи истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳангоми фармоиш зиёд карда шавад.
Умуман, рушди ин соҳаи энергетика ба баланд шудани устувории шабакаҳои барқӣ хизмат мекунад.