РУШДИ МАМЛАКАТ БА КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ВОБАСТА

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки роҳбарияти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ доир ба мавзӯи «Корҳое, ки дар чоряки аввали соли 2021 бино ба Барномаи давлатии «Дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» анҷом дода шудаанд, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки роҳбарияти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ доир ба мавзӯи «Корҳое, ки дар чоряки аввали соли 2021 бино ба Барномаи давлатии «Дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» анҷом дода шудаанд, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки рушди мамлакатро кадрҳои баландихтисос таъмин менамоянд. Кору фаъолияти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, асосан, ба ҳамин самт — тайёр кардани кадрҳои баландихтисос нигаронида шудааст, ки дар ин росто қабули ҷавонони болаёқату донишманд ба донишкадаву донишгоҳҳо, омода кардани кадрҳои педагогӣ ва ташкили бозомӯзии онҳо нақши муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки ба мақсади таъмини асосҳои ҳуқуқии иҷрои вазифаҳое, ки дар барномаи давлатӣ пешбинӣ шудааст, дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус хеле корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи қарори Девони  Вазирон доир ба муайян намудани тартиби ҷорӣ намудани стипендияи грантии Президент  барои 200 нафар ҷавононе, ки дар имтиҳони қабул ба шуъбаи рӯзонаи бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ холи баландтаринро ба даст даровардаанд, кор карда шуд.
Бино ба лоиҳа, ба соҳиби гранти президентӣ дар тӯли семестри якуми соли хониш, баробар ба миқдори стипендияи президентӣ, стипендия таъин карда мешавад; шурӯъ аз соли хониши 2021—2022 барои дастгирии моддии духтарони донишҷӯе, ки бо баҳои «аъло» мехонанд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, «стипендияи махсус» ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Ба ҷуз ин, шурӯъ аз соли хониши 2021—2022 ба оилаҳое, ки аз ду ва беш аз он фарзандонашон дар мактабҳои олӣ дар асоси шартнома мехонанд, аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ кредитҳои имтиёзнок ҷорӣ карда шуд.
Дар гирдиҳамоӣ, ҳамчунин, доир ба қоидаҳои додани таътили академӣ ба донишҷӯёне, ки дар МТО мехонанд, маълумот дода шуд.
Саволҳои хабарнигорон ва ҷавоби мутахассисони вазорат ба паҳлӯҳои дигари таълими олӣ низ рӯшанӣ андохт. Аз ҷумла, чунин суолҳо дода шуданд: «Бисёр ҷавонони мо бо орзӯи дар МТО хориҷ таҳсил гирифтан ба сар мебаранд. Оё ҷавонони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ дар МТО мамлакати мо таҳсил кардан мехоҳанд? Пӯшида нест, ки рушди кишвар ба мутахассисони баландихтисос вобаста аст. Вазорат барои ба МТО дохил шудани ҷавонони лаёқатнок то куҷо саҳм мегирад? Бисёр МТО ба кадрҳои баландмалакаи педагогӣ ниёз доранд. Бино ба дархости аҳолӣ дар муассисаҳои таълими олии кишвар гурӯҳҳои миллӣ, аз ҷумла қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ боз мешаванд. Масъалаи таъмини ин гурӯҳҳо бо кадрҳо дар кадом поя аст?  Масалан, гурӯҳи тоҷикии Институти педагогии Чирчиқ ва гурӯҳҳои тоҷикии МТО вилоятҳои Бухорою Тирмиз ба кадрҳои баландмалакаи педагогӣ ниёз доранд...»
Мутахассисон ҷавоб доданд, ки корҳои бо кадрҳои баландмалакаи педагогӣ таъмин кардани МТО кишвар, аз ҷумла гурӯҳҳои миллӣ, зина ба зина ба амал табиқ шуда истодаанд. Дар МТО кишвари мо донишҷӯёни зиёди хориҷӣ таҳсил менамоянд. Вазорат тамоми имкониятҳояшро ба кор мебарад, ки низоми таълим ҷавобгӯйи талабҳои замон бошад, дар МТО танҳо ҷавонони боистеъдод ва донишманд хонанд. Дар ин кор таҷрибаи муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ба назари эътибор гирифта мешавад...

А. СУБҲОНОВ.
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: