РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА САЙЁҲӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Кумитаи масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, инвеститсияҳои хориҷӣ ва сайёҳии Сенати Олий Маҷлис бахшида ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018 ва самтҳои устувори оянда нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Кумитаи масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, инвеститсияҳои хориҷӣ ва сайёҳии Сенати Олий Маҷлис бахшида ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018 ва самтҳои устувори оянда нишасти матбуотӣ ба амал омад.
Дар нишаст таъкид гардид, ки кумита ба муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, инвеститсияҳои хориҷӣ ва соҳаи сайёҳӣ эътибори алоҳида дода, ба устуворсозии муносибатҳои байналхалқӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудааст. 
Аз ҷониби кумита барои баррасии Сенат вобаста ба ратификатсияи қарордодҳои байналхалқӣ 9-то қонун дохил карда шудааст. 
Бояд таъкид намуд, ки тӯли шаш моҳи гузашта кумитаи мазкур бо ташаббуси сарвари мамлакат бо иштироки  САҲА ва Барномаи рушди СММ доир ба мавзӯи «Нақши ҷавонон дар пешгирии экстремизм ва радикализми ба терроризм ҷалбкунанда ва мубориза ба муқобили онҳо» конфронс баргузор намуд. Дар ин чорабинии бонуфуз масъалаҳои пешгирии экстремизм ва радикализми таҷовузкори ба терроризм ҷалбкунанда ва мубориза алайҳи онҳо, таъмини осоиштагӣ ва ҳамраъйии байналмилалӣ ва байниконфессиявӣ муҳокима шуданд. 
Барои ривоҷ додани соҳаи сайёҳӣ, ба оламиён васеъ тарғиб намудани салоҳияти сайёҳии мамлкати мо, шароити созгор муҳайё кардан ба сайёҳон, ҳамчунин, ҷалби сайёҳон хулосаҳо тайёр карда шуданд.
Роҳбари кумита А. Курманов оиди корҳои  васеъмиқёси дар нимаи аввали соли ҷорӣ амалишуда муфассал сухан ронда, таъкид намуд, ки дар соҳа дигаргуниҳои чашмрас ба амал меоянд. Аз ҷумла, ташкил гардидани Маркази дипломатияи халқӣ далели ин гуфтаҳост. 

Хусрав ҲАМИДОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».   
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: